Пайдоиши Замин

17. Андозаҳои Замин

Пайдоиши Замин АЗ ҶИҲАТИ ИЛМӢ. Ҳанӯз аз давраҳои қадим то инҷониб пайдоиш ва инкишофи Замин ҳамчун қисми таркибии системаи Офтоб диққати олимонро ба худ ҷалб мекард. Аввалин шуда дар ҳалли ин масъала олимони Юнони қадим кӯшиш кардаанд. Аз олимони форсу тоҷик Абӯрайҳони Берунӣ, Абӯалӣ Сино ва дигар олимони ҳамзамони онҳо тағйирёбандагии тамоми мавҷудоти табиатро имконпазир медо нистанд.

Онҳо ҳама гуна ҷунбишу ҳаракатҳои дар қишри Замин рухдиҳандаро натиҷаи оҳиста-оҳиста ҳаракат кардани қишри Замин маънидод мекарданд. Дар асоси он сабабҳои пайдоиши кӯҳҳо, чашмаҳо, зилзила, водиву дарёҳо ва ғайраро ба таври илмӣ тасвир ва маънидод мекарданд. Ҳоло пайдоиши Системаи Офтоб ва Замин пурра омӯхта нашудааст. Сабаб дар он аст, ки мо дар Коинот системаҳои ба мо монандро мушоҳида ва тадқиқ накардаем, ки онҳоро муқоиса намоем. Дар бораи пайдоиш ва инкишофи Системаи Офтоб, аз ҷумла Замин як қатор фарзияҳои илмӣ ба вуҷуд омаданд, ки асосгузори он табиатшинос ва файласуфи Олмон Иммануил Кант мебошад. Асоси фарзияи ӯро абрҳои чангу ғубордоштаи Коинот ташкил мекунад.

Абрҳои чангу ғубордори хунук, мегӯяд ӯ, дар зери таъсири қувваи кашиш, теладиҳӣ ва таркиби кимиёвии қаробат (наздикӣ) дошта дар Коинот ҳаракат мекунанд. Дар натиҷа, дар атрофи маркази зичи абрҳои чангу ғубордор абру ғуборҳои нисбатан сабук ҷамъ омаданд. Ҳамин тавр, аз маркази абрҳои чангу ғуборнок Офтоб ва аз атрофи он сайёраҳо, аз ҷумла Замин пайдо шуданд.

Олими фаронсавӣ П. Лаплас дар тадқиқоташ фарзияи аз туманҳои гази даврзананда пайдо шудани Офтоб ва сайёраҳоро нисбатан пурра ва батафсил шарҳ додааст. Ҳоло дар илми ситорашиносӣ ин фарзияро фарзияи Кант ва Лаплас меноманд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Соли 1944 олими собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ О. Ю. Шмидт оид ба пайдоиши Офтоб ва сайёраҳо фарзияи нав пешниҳод кард. Мувофиқи ақидаи ӯ, сайёраҳо аз абри азими газу чанг ва хунуки дар атрофи Офтоб пеш аз он мавҷудбуда, пайдо шудаанд. Ҳангоми ҳаракат заррачаҳои абр бо ҳамдигар бархӯрда часпиданд, яъне зарраҳои калон зарраҳои хурдро ба худ кашидаанд. Аз онҳо моддаҳои лахта-лахта ҳосил шудааст. Ин лахтаҳо аз ҳисоби часпидани зарраҳои нав ба нав ҳаҷман меафзуданд. Аз ҳамин лахтаҳо Замин ва дигар сайёраҳо пайдо шуданд. Дар ибтидо Замин хунук буд; фақат қисми дохилии он аз хисоби коҳиши (вайроншаии) моддаҳои радиоактивӣ ҳарорати баланд пайдо кард. Ин сабаби гудохта шудани моддаҳои дохили Замин гардид. Дар натиҷа ба гурӯҳҳо (мувофиқи вазн) ҷудошавии унсурҳо (элементҳо) ба миён омад. Унсурҳои вазнин ба мағзи Замин рафтанд, нисбатан сабуки онҳо ба боло баромада, қишри онро ташкил карданд.

ҚаблӣМох – хамсафари Замин (Мохтоб маълумот)
БаъдӣГеосфера (Кабатхои Замин)