Парчами Тоҷикистон (шеъри Низом Қосим)

Эй парчами умед, то парфишон туйӣ,
Дар осмони бахт рангинамон туйӣ.
Сурхии ту, яқин сурхии рӯ бувад,
Рӯ сурхии абад з-ин обрӯ бувад.

Ранги сафеди ту бахти сафеди мост,
Роҳи сафеди мо, рамзи умеди мост.
Мо бо ту меравем то қуллаи мурод,
Моро чу раҳнамо ҳафт ахтари ту бод!

парчами тоҷикистон, парчам, рангхои парчами точикистон

Эй парчами умед, эй сабз чун чаман,
Аз ранги сабзи туст сарсабзи Ватан.
Аз файзи сояат сарсабзтар шавем,
Чун боғҳои мулк пур аз самар шавем.

Эй парчами умед, эй ном, эй нишон,
Дар осмони бахт кардат кӣ парфишон?!
Бигзор номи ӯ монад дар ин ҷаҳон,
Мисли ту раҳнамо, мисли ту ҷовидон!

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Низом Қосим


Парчами Точикистон (шеъри Низом Косим), шеър дар васфи Парчами Точикистон, флаг таджикистана, стих, на таджикском языке, парчами давлатии Чумхурии Точикистон.

ҚаблӣМавзӯъ ва мундариҷаи «Ёддоштҳо»-и Садриддин Айнӣ
БаъдӣМавзӯъ ва мундариҷаи осори Амир Хусрави Деҳлавӣ

1 шарҳ

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед