Пайдоиш ва инкишофи педагогика

Тарбия ҷараёни хеле қадимӣ буда, он бо баробари пайдоиши одамони аввалин арзи вуҷуд кардааст. Аввалҳо кудакон бе ҳеҷ як педагогика тарбия карда мешуданд, ҳатто одамон барои вуҷуд доштани он тасаввуроте ҳам надоштанд. Биноан илми тарбия хеле дер, баъди ғун шудани таҷрибаҳои инсоният пайдо мешавад. Он дар ҷомеа яке аз соҳаҳои илми ҷавон ба шумор меравад. Зеро ҷамъбастҳои аввалин, маълумотҳои эмпирикӣ, хулосаҳо аз таҷрибаи зиндагӣ назария шуда наметавонанд, балки онҳо баҳри назария сарчашма мебошанд.

Ҷамъияти инсонӣ ҳамеша дар инкишоф аст, чунки наслҳои минбаъда пай дар пай ба таҷрибаҳои истеҳсолӣ ва иҷтимоии дар собиқ андухтаи наслҳои калонсол пайравӣ мекунанд, меомӯзанд, такмил медиҳанд ва худ таҷрибаҳои бикри зиндагӣ ба даст меоранд. Зарурати зиндагӣ аз наслҳои наврас тақозо мекунад, ки ҳамқадами замонашон бошанд, ба дараҷаи инкишофи марҳалаи замони худ боло бардошта шаванд, таҷрибаҳои мавҷударо аз худ кунанд ва бахусус барои пешрафти ҷамъият саҳми фаъол гузоранд. Чунин интиқоли таҷриба тавассути соҳаи муҳими педагогика – тарбия сурат мегирад.

Тарбия чист?

Таҷрибаҳои иҷтимоии зарурати зиндагӣ ва меҳнати ҷомеа, ки тавассути наслҳои калонсол барои фаъолона азхудкунии наслҳои наврас ёд дода мешавад, тарбия ном дорад.

Аз ин рӯ, тарбия дар ҷомеа хусусияти муқаррарӣ дорад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Тарбия баробари пайдоиши ҷамъият пайдо шуда, дар тамоми марҳалаҳои инкишофи иҷтимоӣ арзи вуҷуд мекунад. Волидон ба фарзандон, калонсолон ба хурдсолон, кордонҳо ба навкорон таҷрибаҳои истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва маънавии худро меомӯзанд ва наслҳои нав ба ин мактаби зиндагӣ фаъолона ва шуурона муносибат карда, дониши худро ғанӣ мегардонанд. Билохира одамон дар меҳнат, рафтор, маданият, равобити муҳити атроф бо фаъолиятӣ худ ташаккул меёбанд, дар ҷамъият мавқеи худро пайдо мекунанд.

Ҳамин тавр, фаъолияти тарбиявӣ ҳамчун дигар ҳодисаҳои ҷамъиятӣ мутобиқ ба шароиту хусусиятҳои таърихии ҳар давру замон мунтазам такомул ёфта омадааст. Ҳоло баъзе марҳалаҳои инкишофи таърихии тарбияи ҷамъиятро ба таври мухтасар шарҳ медиҳем.

Дар ҷамъияти ибтидоӣ ба насли наврас тарбия дар асоси ёд додани тарзи пайдокунии ризқу рузӣ баҳри зиндагӣ, омухтани асбобу олоти истеҳсолӣ сурат гирифтааст. Писарбачаҳо аз синни бармаҳал ба моҳидорӣ ва шикори ка­лонсолон ҳамроҳӣ мекарданд, духтарон ба пухту паз, тайёр кардани сару либос, тайёр кардани халтаю зарфҳо ёрӣ мерасонданд. Дар ин давр тарбия аз меҳнати басо душвори рӯзгузаронӣ иборат буд. Маҳсулоти истеҳсол карда моликияти умумиҷамъиятӣ дониста мешуд. Зеро дар он замонҳо моли­кияти хусусӣ ва синфҳо вуҷуд надоштанд, тарбия низ ба ҳама якхела дода мешуд.

Дар ҷамъияти ибтидоӣ мардум ба корҳои деҳқонӣ ва чорводорӣ шуғл меварзиданд, байни қабилаҳои бештар таъминбуда ва камбизоат кашмакашу ҷангҳо ба амал меомад. Дар ин марҳала илова ба тарбияи деҳқонию чорводорӣ тар­бияи ҷанговарӣ низ вазифаи муҳими ҷамъиятӣ мегардад. Дар давраҳои аввали ҷамъияти ибтидоӣ маълумоти ақлонӣ аз омӯзиши истеҳсолӣ ҷудо мешавад, ба бачаҳои оилаҳои доро коҳинон, пешвоёни ниёзманд таълиму тарбия медоданд.

Бачаҳои мардуми камбизоат дар оила баҳри пайдо кардани малакаҳои меҳнатӣ маҳдуд карда мешуданд.

Тарбия дар сохти ҷамъияти ғуломдорӣ ба тағйироти ҷиддӣ рӯ овард. Назар ба маълумоти мавҷуда ва бозёфтҳои илми бостоншиносӣ дар Юнони қадим тарбия ба дасти синфи ҳукмрон мегузарад. Маводи таърихӣ ва бостоншиносӣ собит мекунанд, ки дар ҷамъияти ғуломдорӣ меҳнати ақлӣ (фикрӣ) ба ашрофон, меҳнати ҷисмонӣ ба ғуломон мансуб мегардад. Барои фарзандони синфи ҳоким баҳри пойдор намудани давлатдорӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва тарбиявии давлатӣ таълиму тарбияи замонавӣ гирифтан имтиёзҳои зиёд дода мешуд. Онҳо машқҳои ҳарбӣ, гимнастикӣ, хондану навиштан, мусиқию сурудхонӣ меомухтанд. Духтарон дар оила ба тарбияи ҷисмонӣ, рӯзғордорӣ, пухтупаз, дузандагӣ, ёрирасонии тиббӣ шуғл меварзиданд. Фарзандони ғулом бидуни тарбияи меҳнатӣ дигар намудҳои тарбияро намеомӯхтанд.

Сохти ҷамъияти феодалӣ ду табақаи ҳукмрон дошт: рӯҳониён (феодалони калисо) ва дворянҳо (феодалони аъёну ашроф). Ҳар кадоме аз ин табақаҳо системаи тарбия ва маълумоти ба худ хос доштанд. Мазмун ва методикаи тарби­яи колисо вазифаи бо донишҳои динӣ мусаллаҳ намудани одамон буд. Аъёну ашрофон ва руҳониён меҳнати ҷисмонӣ ва пешаи кишоварзиро намеписандиданд, меҳнаткашонро таҳқир мекарданд. Агарчи дар ду табаҳаи номбурда мазмуни тарбия ва маълумот фарқ кунад ҳам, байни ҳамдигар алоқаи узвӣ доштанд: ба манфиати нигоҳ доштан ва мустаҳкам кардани синфи худ нигаронида шуда буданд. Бачаҳои деҳқон дар мактаб маълумоти системанок гирифта наметавонистанд, онҳо ба меҳнати ҷисмонӣ машғул буданд.

Дар шароити феодалӣ мактабҳои назди масҷиду мадрасаҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла дар Тоҷикистон ҳам, на ҳамаи бачаҳо имконияти таҳсили илмгирӣ доштанд. Бештари фарзандони сармоядор имконияти хондан доштанд. Сониян, дар ин мактабҳо саводбарорӣ хеле душвор буд. Илова бар ин, толибилмон аз тарафи мактабдор таҳқир мешуданд. Дар мактаб зери шиори

«Беадабро ҳар куҷо ёбӣ, бикӯб,
Хирс мулло мешавад аз зарби чуб»

амал мекарданд. Барои духтарон ғайр аз мактабҳои бибиха­лифа дигар даргоҳои таълимӣ ва тарбиявӣ вуҷуд надоштанд. Мактабҳои бибихалифа ҳам, на дар ҳама ҷо балки дар ҷойҳои марказӣ дар ҳавлии занҳои босавод вуҷуд доштанд. Бо вуҷуди ин духтарону писарбачаҳо ҳунару касбҳои аҷдодонро, аз қабили гулдузӣ, кулолгарӣ, дуредгарӣ, бофандагӣ, гилему қолинбофӣ, санъати меъморӣ, нақшу нигор, кандакорӣ, заргарӣ ва ғайраҳоро дар ҳузури волидайни ҳунарманди худ ва ё ҳунарпешае ёд мегирифтанд.

Аммо он системаи тарбияӣ аз ҷамъияти феодалӣ мерос гузошта сохти буржуазии ба арсаи таърих омадаро қаноат кунонда наметавонист. Буржуазия дар шароити болоравии техникӣ барои роҳбарӣ намудан ба истеҳсолот ба одамони қобилиятдошта эҳтиёҷ дошт. Омили дигаре, ки дар шароити сохти капиталистӣ ба инкишофёбии мактабҳо таъсири муайян бахшид, ин муборизаи синфи коргар баҳри маорифи халқ буд.

Дар ҷамъияти капиталистӣ системаи маорифи халқ рӯ ба беҳбудӣ овард. Ду системаи маълумотгирӣ ҷорӣ шуд. Барои фарзандони заҳматкаш мактабҳои маълумоти умумӣ ва касбӣ: мактабҳои ибтидоӣ, мактабҳои ибтидоии олӣ, муассисаҳои таълимии касбӣ ва барои қисми аҳолии имтиёзманд мактабҳои миёнаи донишҳои гуногундиҳанда: гимназияи классикӣ, литсей, коллеҷҳо кушода шуданд.

Гарчи буржуазия мактаб ба манфиати тамоми ҷамъият хидмат мекунад – гӯён эълон кунад ҳам, дар асл ин тавр нест. Яъне он ҳамаро фаро гирифта натавонист. Ба ин теъдоди зиёди бесаводу чаласаводони мамолики сармоядории тараққикардаи имрӯза гувоҳӣ медиҳад.

Инақ дар ҷамъияти синфӣ тарбия хусусияти синфӣ до­рад. Муассисаҳои таълимӣ ва тарбиявии мамлакат манфиати синфи ҳукмрони худро ҳимоя мекунанд. Чӣ тавре ки дидем, тарбия бо баробари табдилёбии сохти ҷамъият тағйир меёбад. Мақсад, мазмун, шакл ва методҳои тарбия дар ҳар давру замон ба худ хусусияти хоси синфӣ дорад. Вале дар тарбия Чиҳатҳое ҳам ҳастанд, ки дар чандин давру замони таърихӣ бе тағйир монда хусусияти умумии худро гум намекунанд. Чунончи, дарс, дар давоми асрҳо шакли асосии ташкили таълим дар мактабҳо буд ва ҳаст. Инчунин мазмуни таълими иддаи фанҳо асрҳои аср дар мактабҳои умумибашарӣ бидуни тағйирот омӯзонида мешаванд.

Аммо бояд тазаккур дод, ки системам дарси дар синф ва бархе аз фанҳои таълимии умумиҷаҳонӣ дар мактабҳои мамолики исломӣ, аз он ҷумла дар мактабҳои Тоҷикистон, фақат баъди инқилоби октябр ҷорӣ карда шуд. То ин дам мактабҳои пешазинқилобӣ бо усули асримиёнагии шакли таълими инфиродӣ амал мекарданд ва баъзе фанҳои ҳаётан муҳим омӯзонида намешуданд.

Сохти ҷамъияти сотсиалистӣ солҳои аввал (то солҳои 20-уми асри XX) дар таърихи башарият бори аввал шаҳрвандони сермиллати худро комилан ба оғуши мактаб кашид, тарбияро ба пояи умумихалқӣ овард. Мардум, сарфи назар аз аслу насаб, аҳволи иҷтимоӣ ва молу мулк, нажод ва мансубияти миллӣ, ҷинс, муносибат ба дин ҳуқуқи баробарии донишандузӣ пайдо карданд.

Он вақтҳо педагогикаи шуравӣ дар заминаи назарияҳои пешқадами замонҳои гузашта ва омухтану фаҳмидани таҷрибаи муборизаҳои асрҳои тулонии оммаи заҳматкаш баҳри ҳуқуқ аз ҷумла ҳуқуқи маълумотгирӣ, муваффақ шуд.

Аммо сипас педагогикаи шуравӣ аз педагогикаи классикии тарбияи воқеию табиатӣ тадриҷан дур шудан гирифт, ба насли наврас солиёни сол дар руҳияи идеалҳои коммунистӣ печида, якқолиба таълиму тарбиядиҳиро пеш гирифт ва бо нишондодҳои идеологӣ аз як марказ ба ҳукмронӣ пардохт. Ин нисбат ба қобилияти модарзодӣ – табиӣ, яъне тарбияи асрҳо санҷидашуда комилан мухолиф буд, зеро ки ҳамаро дар як сатҳу меъёр тарбия кардан имконнопазир аст.

Ҳамин тавр, дар замони шуроҳо ҳаёти чандин наслҳои мактабӣ ва муаллимони мо дар муборизаи байни педагогикаи идеалистӣ ва сотсиалистӣ гузашт, ки ин яке аз сабабҳои асо­сии дар сатҳи умумиҷаҳонӣ пасмонии педагогикаи ватании мо шуд. Ин боиси ба принсипи табиатӣ (сирати табии кудакон) – Я. А. Коменский риоя накардан мебошад, он «идеалистӣ» пиндошта шуда буд.

Дигар ин ки нисбати тарбия дар педагогика бо даҳолати ҳизби коммунист маҳз иҷрои супоришҳо аз як марказ сурат мегирифт ва ба хусусиятҳои педагогии миллии ҷумҳуриятҳо чандон эътибор зоҳир карда намешуд. Ҳоло он ки дар рушду нумуи педагогика хусусиятҳои мамолики Шарқ ҳам метавонист бо анъанаҳо, расму русум ва афкори педагогии миллии худ саҳми босазо гузорад. Аз ҷумла олимон, файласуфон, адибон, мутафаккирони классики форсу тоҷик дар асарҳои илмӣ, назмию насрии худ дар баробари зидди ҷабру зулм ва беадолатии синфҳои ҳукмрон баромадан, масъалаҳои марбути илм, таълиму тарбияи хоси замонашон хеле фикрҳои муфид гуфтаанд. Ба ин гуфтаи сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абуабуллоҳи Рӯдакӣ (858-941) мисол шуда метавонад:

Дониш андар дил чароғи равшан аст,
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

Инчунин афкори педагогии Шаҳиди Балхӣ (879 – 937), Абушакури Балхӣ (915 – вафоташ номаълум), Дақиқӣ (соли таваллудаш номаълум – вафоташ тақрибан 977 – 79), Фирдавсӣ (934 – 1021), Ибни Сино (980 – 1037) ва дигарон дар нисбати тарбияи насли наврас аҳамияти худро ҳоло ҳам гум накардаанд. Чунончи, дар боби тарбия ва одоб Абӯшакури Балхӣ овардаанд:

Ба ҳангоми барноию кудакӣ
Ба дониш тавонӣ ёфтан зӯракӣ.
Дарахт ки хурдак бувад, боғбон
Бигардонад ӯро, чу хоҳад чунон,
Чу гардад калон, натвонадаш,
Ки аз каҷҷию хам бигардонадаш.

Афкори халқи тоҷик чун адабиёти классикии он хеле бой аст. Бештари асарҳои намояндагони барҷастаи адабиёти классикии форс – точик, ки роҷеъ ба масъалаҳои одаму одамгарӣ, адолату некукорӣ, илму маърифат, фазлу адаб, мардию ҷавонмардӣ, донишу амал – ҳамаи намудҳои тарбия ва фазилатҳои неку бади инсонӣ даҳолат намудаанд, шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардаанд. Чунончи, «Тадбири манзил», «Шифо», «Урҷуза фит – тиб», фаслҳои аввали «Ал – қонун» – и Ибни Сино «Рушноинома» ва «Саодатнома» – и Носири Хусрави Қабодиёнӣ (1004 – 1088), «Бӯстон» ва «Гулистон» – и Саъдии Шерозӣ (1203 – 1292), «Баҳористон» – и Абдураҳмони Ҷомӣ (1414 – 1492) ва ғайраҳо ҳамин гуна хусусият доранд.

Ҳамчунин дигар шоҳасарҳои хоси парвариши панду ахлоқи ниёгон, аз қабили «Қобуснома» – и Унсурулмаолии Кайковус (1020 – 1099), «Ахлоқи Носирӣ» – и Насируддини Тусӣ, 1235, «Ахлоқи Ҷалолӣ» – и Ҷалолиддини Давонӣ, 1475, «Ахлоқи Муҳсинӣ» – и Ҳусайн Возизи Кошифӣ (1500 – 1501) ва ғайра дар тарбияи наслҳо аҳамияти бузург доранд. Баъзе аз ин асарҳо дар давоми қарнҳо дар мактабу мадрасаҳо ҳамчун дастури тадрисӣ ва дар хонаводаҳо, ба хусус барои волидайн ҳамчун воситаи тарбияи кудакон истифода шуда омадаанд. Бояд гуфт, ки классикони адабиёти форс – тоҷик хамеша ҷамъияти адолатпаноҳу беистисморро орзу мекарданд ва билохира итминон доштанд, ки оқибат дар ҷомеа ақлу хиради инсон ва адолат тантана мекунад.

Аз ҷумла Абӯалӣ ибни Сино (980 – 1037) оид ба тамоми намудҳои тарбия фикрҳои муфид баён кардааст, ки имрӯз ба дарди касби педагогӣ низ даво аст. Аз онҳо фақат чанд лаҳзаи марбутро зикр кардан кифоя аст, ки бо гуфтаҳои боло ҳамоҳангӣ доранд.

  1. Ибни Сино тарафдори таълими тафриқа буд. Дар рисолаи «Тадбири манзил» навиштааст: «Устод … бояд бидонад, кӣ наметавонад ба ҳар шогирд ҳар санъатеро таъмин кунад, балки ҳар кадом аз шогирдон завқу шоистагии омухтан ва фаро гирифтани саноати махсусро доранд. Бояд ба ҳар кас муносиби завқу истеъдодаш саноат омӯхт, вагарна таълиму тарбия натиҷаи номатлуб медиҳад»[1].
  2. Мутафаккири бузург ғайр аз таълими инфиродӣ таълими гурӯҳиро, ки дар замони мо маълум ба таълими коллективист низ ташвиқ мекард. Ибни Сино калимаи «синфро» истифода накардааст, вале ифодаи «таълими гурӯҳии» вай маънои «дарси синфӣ»-ро дорад, ки баъди 700 сол дар Аврупои Ғарбӣ арзи вуҷуд намуда.

Хоҷа Насриддини Тусӣ (1218 – 1293) дар «Ахлоқи Носирӣ» фикри Ибни Синоро тақвият дода, «табиати кӯдак ва сиришти ӯро» ба назар гирифта менависад: «Беҳтар ва шоистатар он аст, ки ба табиати кӯдак, тариқи фаросату зиракии ӯ эътибор диҳанд ва донанд, ки истеъдод чӣ навъ илму ҳунарро барои ёд гирифтан дар ниҳоди ӯ сиришта бошад, ӯро ба он навъи ҳунар машғул гардонанд. Зеро ҳама кас ба ёд гирифтани ҳама чизҳо истеъдод надорад»[2].

Нисбат ба табиат, сиришт ва ба чӣ шавқу ҳавас доштани кӯдакон такя намуда таълим доданро дар афкори педагогии дигар классикони адабиёти форсу тоҷик низ бараъло дидан мумкин аст.

Алалхусус, илми тарбияи насли наврас дар Машриқзамин қариб се ҳазор сол пеш, ҳамчунин дар китоби «Авасто» арзи вуҷуд мекунад – «гуфтори нек, пиндори нек, рафтори нек». «Агар тамоми китобҳои Шарқу Ғарбро варақ – варақ биҷӯед, волотаре, арзандатаре, гуворотаре аз ин се ибора пайдо на- мекунед»[3].

Дар инкишофи тарбия саҳми афкори педагогии сотсиалистони хаёлӣ ҳам калон аст. Томос Мор (1478 – 1535) дар ки­тоби худ «Утопия» (1516), инчунин дар асарҳои Томазо Ком- панелла (1568 – 1639), Анри де Сен – Симон (1760 – 1825), Шарл Фурье (1772 – 1838), Роберт Оуэн (1771 – 1858) ва дигарон зарурати бештар мукаммал гардонидани системаи иҷтимоӣ, аз доираи фаҳмиши таърихӣ берун баромада принсипҳои хирад, адолат, озодӣ, баробарӣ, бародариро эълон намуданд. Онон барои дар шаҳру деҳот зарурати таъсис намудани муассисаҳои ҷамъиятӣ, нест кардани фарқияти байни меҳнати ақлию ҷисмонӣ як қатор пешниҳодҳо кардаанд, ки ин аҳидаҳои фалсафӣ барои васеътар тасаввур кардани инкишофи мутаносиби шахсиятро кушод. Дар ин идеал эшон ба сифати унсури асосӣ меҳнатро пиндоштанд, ки мувофиқи қавоиди тартиб додаашон вобастагии таълим бо меҳнати истеҳсолӣ дохил мегардид. Ғояҳои ин сотсиалистон инкишофи ҳамаҷонибаро барои ҳама табақаҳои ҷамъият зарур медонистанд, инчунин онҳо баъзе принсипҳои тарбияро пешгӯӣ карданд, ки минбаъд дар педагогика инъикоси худро ёфтанд.

Сотсиалистони номбурда амалӣ гардидани лоиҳаҳои худ, аз ҷумла тағйир додани сохти ҷамъиятиро, бидуни инқилоби сиёсӣ бо роҳи осоишта ва тарбия намудани одамон писандида буданд.

Аммо классикони марксизм – ленинизм алайҳи ин ақида баҳри ба дигар шакли муносибати ҷамъиятӣ гузаштанро дар зарурияти муборизаи сиёсии инқилобӣ сарнагун кардан ва баъди ба даст гирифтани ҳокимият тарбия ва маърифатнок кардани оммаро ба миён гузоштанд. Ҳамин тавр ҳам шуд. Баъди задухурдҳои шадид ва қурбониҳои зиёд инқилоби сотсиалистӣ пирӯз гашт.

Дар сохти ҷамъияти сотсиалистӣ, агарчи дар соҳаи мактабу маориф ба комёбиҳои назаррас ноил шуда бошем ҳам оқибат дар масъалаҳои миллӣ, ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ, истеҳсолию иқтисодӣ ба тазодҳои зиёде дучор омадем. Ҳоло барои аз ин буҳрони шадиди сиёсию иқтисодӣ баромадан муборизаи умумӣ меравад.

Бахусус дар инкишофи мактаб ва педагогикаи давраи сотсиалистӣ ҳиссаи фаъоли педагогии Н. К. Крупская (1869 — 1939), комиссари аввалини маорифи халқӣ А. В. Луначарский (1875 – 1933), М. И. Калинин (1875 – 1946) калон аст. Барои рушди педагогика ҷустуҷӯҳои педагог С. Т. Шатский (1878 – 1934) ва муаллифони дастурҳои аввалини илми педагогикаи сотсиалистӣ П. Б. Блонский (1884 – 1941), Л. П. Пинкевич (1884 — 1939), агарчи дар дастурҳои таълимии онҳо хатоҳои илмӣ – назарӣ ҷой доштанд, дар инкишофи педагогика саҳми муайян гузоштанд.

Дар инкишофи педагогикаи сотсиалистӣ ва ҳалли вазифаҳои амалии тарбия педагоги бузург А. С. Макаренко (1888 – 1939) нақши муайян дорад. Фаъолияти педагогии ӯ солҳои 30 – юм, 40 – уми садаи XX сурат гирифта бошад) ҳам, ақидаҳои муфиди педагогиаш сол аз сол эътибор пайдо карда истодааст.

В. А. Сухомлинский (1918 – 1970) педагоги намоёни давру замон низ дар пешрафти илми педагогика саҳми фаъол гузошт.

Ҳоло дар шароити пешрафти илмӣ – техникӣ мактаб нисбати таълиму тарбия ва тайёрии касбии насли наврас дар адои вазифаҳои муҳими ба миён гузоштаи ислоҳоти мактаби маълумоти умумӣ ва касбӣ фаъолият намуда вазифаҳои асо­сии зайлро иҷро мекунад: баланд бардоштани сифати таъли­му тарбия дар мактаб, ба дараҷаи баланди илмӣ таълим додани ҳар як фан, устуворона аз худ намудани асосҳои фан, беҳтар намудани сифати тарбияи меҳнатӣ, ахлоқӣ, инкишофи эстетикӣ ва ҷисмонии хонандагон:

-беҳтар ба роҳ мондани таълиму тарбияи меҳнат ва касбинтихобкунии хонандагон, тақвият додани таълими политехникӣ ва амалия;

-баланд бардоштани обрӯю нуфузи иҷтимоии муаллимон ва устоҳои таълими истеҳсолӣ, тайёрии назарӣ ва ама­лии онҳо.

Ин вазифаҳои умдаи таълими ва тарбиявӣ дар шароити имрӯзаи ҷумҳурии мо аз ҳарвақта дида ниҳоят зарурат пайдо карданд. Зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон мисли дигар ҷумҳуриҳои собиқи Иттиҳоди Шуравӣ ҳуқуқи худистиқлолиятӣ пайдо кард, давлати соҳибихтиёри мустақил гашт. Ҷумҳурии мустақили Тоҷикистон кунун ба кадрҳои миллии баландихтисоси техникӣ ва истеҳсолии паҳлуҳои гуногуни зиндагӣ эҳтиёҷи зиёд дорад. Аввалҳо ҷумҳурӣ ба марказ ашёи хом дода, ба ивазаш маҳсулот ва маводи тайёри ниёзи мардум мегирифт. Зеро дар бисёр соҳаҳо мо корхонаҳои коркарди маҳсулоти тайёр надоштем. Ҳоло бошад, ашёи хомро бидуни хароҷотҳои иловагӣ ва зиёдатӣ бояд дар ҷумҳурӣ кор кард ва ба маҳсулотҳои тайёр табдил дод. Барои ин корхонаҳо, заводу фабрикаҳои гуногун таъсис намудан лозим аст. Ҳалли ин масъалаҳои басо муҳим бештар ба зиммаи мактаб меафтад. Чунки таҳкурсии чунин соҳибкасбонро мактаб – мактаби миллӣ мегузорад.

Пештар таълиму тарбия дар мактабҳо бештар қолибӣ сурат гирифта, аз бисёр ҷиҳат аз решаҳои миллӣ: илму фарҳанг, санъату маданияти ҳазорсолаҳои ниёгон дур бу­данд. Ҳол он ки ҳар халқу миллат метавонад маҳз дар таҳкурсии хоси миллии худ иморати навбунёди замонавӣ гузорад, гул – гул бишкуфад.

Кунун мактаби тоҷик новобаста аз башоратдиҳии марказ, бидуни маҳдудияту мамоният майли маҷрои мустақили миллӣ кард. Мактаби миллӣ бояд «Консепсияи миллии маълумоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2002), «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро (2006) ва лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”-ро (2010) сармашқи кори худ намуда, тибқи талабот ва анъаноти миллӣ шуғли тарбияи насли наврас бинмояд. Пушида нест, ки рушди ҷомеа нисбати қувваҳои истеҳсолӣ шуурона муносибаткунии истеҳсолкунандагону истеъмолкунандагонро талаб мекунад. Дар истеҳсоли соҳаҳои гуногуни ниёзи мардум аз соҳибкасб донишу таҷрибаи соҳавӣ, ҳамкорию дӯстии халқҳо, эътиқоди баланди миллӣ, меҳнати софдилонаи сермаҳсул ва аз истеъмолкунандагон қадршиносӣ ва сарфакориву боинсофиро тақозо мекунад. Маҳз дар ҳамин рӯҳияи солим тарбия бояд қарор ёбад.

Ин мавзӯъ ба мавзӯи зерин тааллуқ дорад:

Фан ва вазифаҳои педагогика


Пайдоиши илми педагогика, реферат, кори курси.


Саволҳои санҷишӣ

  1. Давраҳои асосии инкишофи педагогикаро ҷудо кунед?

[1] Абдуалӣ Ибни Сино. Осори мунтахаб, ҷилди дуюм.- «Ирфон», 1983, сах 25.

[2] Афзалов X. Рахимов Б. Таърихи педагогикаи халқи тоҷик -Душанбе: «Маориф» 1994, сах 79.

[3] Лутфуллоев М. Эҳёи педагогикаи Аҷам. Душанбе, 1997, саҳ. 45.

ҚаблӣОмӯзиши забони англисӣ — Шиносоӣ бо миёнарав
БаъдӣОмӯзиши забони англисӣ — Тарзҳои ҷавобдиҳӣ ҳангоми шиносоӣ