Порча. Дарозии порча

Дар расми 6 (а) нуқтаҳои А ва В тасвир ёфтаанд. Агар хаткашакро ба нуқтаҳои А ва В наздик оварда, қалами тезкардашударо қад-қади он аз нуқтаи А то нуқтаи В ҳаракат диҳем, порчаи АВ-ро ҳосил мекунем (расми 6 (б)).

Нуқтаҳои А ва В охирҳои порчаи АВ (ё порчаи ВА) номида мешаванд.

Масалан, тори ниҳоят борики таранг кашидашуда, ки аз мехчаҳои А ва В мегузарад, ба порчаи АВ монанд аст.

Ду нуқтаи дилхоҳро бо воситаи танҳо як порча пайваст кардан мумкин асту бас.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Нуқтаи дилхоҳи Р-и порчаи АВ онро ба ду порчаи АР ва РВ ҷудо мекунад (расми 7.)

Порчаҳоро бо ёрии паргор (сиркул) муқоиса намудан мумкин аст. Масалан, дар расми 8 бо паргор нишон дода шудааст, ки дарозии порчаи АВ ба дарозии порчаи СД баробар аст. Дар ин маврид навишта метавонем: АВ=СД (расми 8 (а)). Аз ин ҷо хулоса мебарорем, ки порчаҳои дарозиҳои баробар дошта баробар мебошанд.

Порчаи АВ ба порчаи ЕК, ки як қисми порчаи ЕМ-ро ташкил додаст, баробар аст. Дар ин маврид порчаи АВ аз порчаи ЕМ кӯтоҳтар ё порчаи ЕМ аз порчаи АВ дарозтар мебошад (расми 8 (б)).

ҚаблӣМуқоисаи бузургиҳои ададӣ
БаъдӣХати шикаста. Секунҷа. Чоркунҷа. Бисёркунҷа