ПРЕДМЕТИ ФАННИ ИНФОРМАТИКА. ҲАМБАСТАГӢ ВА ТАЪСИРИ ИНФОРМАТИКА БА ИЛМҲОИ ДИГАР

Мафҳуми информатика ба илмҳое марбут аст, ки онҳо ба таҳқиқи хосиятҳои иттилоот сару кор дошта, равандҳои иттилоотиро ба воситаи техникаи электронӣ амалӣ мегардонанд. Дар мамлакатҳои англисзабон ба ҷойи мафҳуми «информатика» аз мафҳуми «computer science» – илми компютерӣ истифода мебаранд.

Фанни информатика пеш аз ҳама ба омӯзиши сохти компютер, тарзи кори он, системаҳои амалиётӣ, забонҳои барномарезӣ, тарҳрезию шаклсозӣ, технологияҳои иттилоотиву иртиботӣ ва шабакаҳои компютерӣ машғул аст.

Бояд қайд кард, ки дар муддати начандон зиёди таърихӣ информатика аз як фанни техникӣ дар бораи усулҳо ва воситаҳои коркарди иттилоот бо ёрии мошинҳои электронии ҳисоббарор, ба илми бунёдӣ дар бораи иттилоот ва равандҳои иттилоотии на танҳо системаҳои техникӣ, балки табиат ва ҷомеа табдил ёфтааст.

Информатика илмест, ки доир ба хосиятҳои иттилоот ва қонуниятҳои равандҳои иттилоотӣ баҳс менамояд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Информатика яке аз соҳаҳои тафаккури илмӣ буда, ба воситаи низоми таҳлилии ҳодисаҳои муҳити атроф равандҳои иттилоотии бо суръати баланд вусъатёбандаро меомӯзад ва усулу воситаҳои худкори ғункунӣ, қабулкунӣ, нигаҳдорӣ, табдил, ирсол, сабт ва истифодаи иттилоотро тавассути техникаи компютерӣ мавриди омӯзиш ва коркард қарор медиҳад.

Ҳадафҳои информатика. Соҳаи таълимии фанни информатика дар ду ҷанба мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Ҷанбаи аввал ба омӯзиши системаи иттилоотии тасвири олам, қонуниятҳои иттилоотии умумии сохт ва тарзи кори системаҳои худидора – биологӣ, ҷамъиятӣ ва худкори техникӣ бахшида шудааст. Ин системаҳо дорои хосияти иҷрои мақсадноки амалҳо буда, фаъолияти онҳо тавассути узвҳои қабулкунанда, табдилдиҳанда ва татбиқкунандаи иттилоотиашон идора карда мешавад. Ҷанбаи мазкур, ки қариб фарогири ҳама соҳаҳои умумитаълимӣ мебошад, доираи ҳамбастагии фанҳои «Информатика» ва «Кибернетика»-ро ташкил медиҳад.

 ЭЗОҲ: Кибернетика – илм дар бораи хосиятҳои умумии равандҳои идоракунӣ дар системаҳои зинда ва ғайризинда мебошад.

Ҷанбаи дуюми соҳаи таълимии фанни информатика ба омӯзиши усулҳо ва васоити техникии дарёфт, ғункунӣ, захира, табдил, ирсол ва истифодаи иттилоот бо ёрии компютер ва дигар воситаҳои электронии муосир бахшида шудааст.

Вазифаҳо ва пайванду вобастагиҳои информатика бо илмҳои дигар. Ҳангоми дар омӯзиши ҳама фанҳои таълимӣ ҷорӣ намудани компютер малакаҳои технологии донишҷӯён характери умумитаълимӣ мегирад. Ташаккули муносибати нав ба фаҳмиши мақсадҳои омӯзишии фанни информатика пеш аз ҳама ба вазифаҳои умумитаълимии он ва имкониятҳои потенсиалии вай дар ҳалли масъалаҳои муҳимтарини таълим ва рушди зеҳнии толибилмон алоқаманд аст.

Фанни информатика дар системаи фанҳои таълимӣ нақши пешбарандаро бозида, баҳри дарёфти тасаввуроти ягонаи олами воқеӣ ва эҳсоси умумияти иттилоотии равандҳои идораи табиати зинда, ҷомеа ва техника шароити мусоид фароҳам меорад. Ду самти асосии татбиқи информатика ҳамчун илм:

  1. ташаккул додани асосҳои ҷаҳонбинии илмӣ:
  • дар шинохти иттилоот ҳамчун ба яке аз се мафҳуми бунёдии тасвири илмии олам – модда, энергия, иттилоот;
  • дар шинохти ягонагии сохти системаҳои худидора;
  • дар шинохти мавқеи технологияҳои иттилоотӣ дар инкишофи ҷомеа ва фаъолияти инсон.
  1. боло бурдани сатҳи тафаккур:
  • илми равоншиносӣ аҳамияти информатикаро дар рушди тафаккури назарӣ ва эҷодӣ таҳлил намуда, ташаккули навъи нави тафаккур – тафаккури амалиётиро ба қайд гирифтааст;
  • як қатор таҳқиқотҳои равоншиносӣ собит сохтаанд, ки ҳангоми истифодаи компютер услуби самараноки модулию рефлексии фикрронӣ ташаккул меёбад.

Фанни информатика ҳамчун илми мустақил на танҳо соҳаи тадқиқот, балки усулҳои хоси тадқиқотии худро доро мебошад. Истифодаи ин усулҳо имкон медиҳанд, ки хосиятҳо ва қонунҳои умумии ҳодисаҳои муҳити атроф ва ҷомеаро ошкор созем, таҳқиқ ва татбиқ намоем. Чор ҷиҳати парвариши тафаккури иттилоотӣ ба қайд гирифта шудааст:

  • ҷаҳонбинӣ – ташаккули тасвири системавию иттилоотии олам, умумияти равандҳои идоракунӣ дар табиати зинда, ҷомеа ва техника;
  • технологӣ – ташаккули тасаввурот дар бораи компютер ҳамчун ба воситаи ҳамакори иттилоотӣ, рушди маҳорати истифодаи компютер ва фарҳанги иттилоотӣ;
  • алгоритмӣ – инкишофи тафаккур доир ба алгоритм;
  • таҳқиқотӣ – парвариши эҷодкорӣ ва таҳлилӣ.

Ба объектҳои асосии информатика – иттилоот, захираҳои иттилоотӣ, равандҳои иттилоотии системаҳои табиатан гуногун, воситаҳои иттилоотонӣ ва технологияи иттилоотию иртиботӣ дохил мешаванд.


Калидвожаҳо: ПРЕДМЕТИ ФАННИ ИНФОРМАТИКА. ХАМБАСТАГИ ВА ТАЪСИРИ ИНФОРМАТИКА БА ИЛМХОИ ДИГАР, Хадафхои информатика, Вазифахо ва пайванду вобастагихои информатика бо илмхои дигар,

информатика чист?
ҚаблӣИТТИЛООТ ВА РАВАНДҲОИ ИТТИЛООТӢ
БаъдӣИТТИЛООТ: НАМУД ВА ХОСИЯТҲОИ ОН