Раванди педагогӣ ҳамчун система

Калимаи «раванд» маънои равишро дошта, муродифи «ҷараён» – ҷунбиш, ҳаракат мебошад. «Раванди педагогӣ» – ҷараёни яклухти пешбарандагии маҷмӯи корҳои таълимӣ, тарбиявии дохилу хориҷи мактабро гуянд, ки тибқи нақшаи ягонаи инкишофдиҳандаи бо ҳам алоқадори иттиҳоди омӯзгорон ва та­лабагон бардавом сурат мегирад. Ин ҷараён баҳри адои мақсад ва вазифаҳои ба миён гузошташудаи дархости ҷомеа равона карда мешавад. Ба таври дигар гуем, раванди умумии педагогӣ – ин ҷараёнест, ки шахсиятро бо таҷрибаҳои иҷтимоии сифатан нав мусаллаҳ мекунад. Дар адабиёти педагогии солҳои пешин мафҳуми «раванди таълиму тарбия» истифода бурда мешуд. Тадқиҳотҳои олимони намоёни ин соҳа нишон доданд, ки ин мафҳум маҳдуд ва нопурра, ҳамаи мураккаботи равандро ифода намекунанд, хусусан, пеш аз ҳама, хусусияти асосии он – яклухтӣ ва умумиятро. Таъмини ягонагии омӯзиш, тарбия ва ин­кишоф дар асоси яклухтӣ ва умумият моҳияти маънои асосии раванди педагогиро дода метавонад. Дар дигар истилоҳоти «раванди таълиму тарбия» ва «раванди педагогӣ» ва дигар мафҳумҳои ба онҳо алоқадор ба ҳамин шабоҳат доранд.

Ҳоло раванди умумии педагогиро ҳамчун система дида мебароем. Аввалин чизе, ки ба назар мерасад дар он мавҷудияти зиёди зерсистемаҳо, ҷори шудани онҳо пайи ҳамдигар ва якчоягии байни ҳамдигар бо дигар намудҳои бо ҳам робитадор возеҳ мегардад. Раванди педагогӣ ин асоси якҷокунии тамоми системаҳо маҳсуб меёбад. Ба вай рехтаи ра­ванди ташаккул, инкишоф, тарбия ва омӯзиш бо тамоми шароит, ҷараёнҳои шакл ва методҳои онҳо якҷояанд.

Назарияи педагогӣ иқдом гузошта, раванди педагогиро ҳамчун системаи динамики (серамал) донист. Дар зимни он дақиқ  ҷудо  кардани   қисматҳои таркибӣ, пешниҳодҳои таҳлилкунии бисёр алоқадорӣ ва муносибатҳои байни қисматҳо, ки дар амал асоси идоракунии раванди педагогӣ мебошанд, имкониятҳо фароҳам овард.

Раванди педагогӣ ҳамчун системаи нобаробар ҷараёнёбӣ дорад. Ба сифати чоришавии системаи раванди педагогӣ ко­милан системаи маориф, мактаб, синф, машғулиятҳои таълимӣ ва дигарҳо дохил мешаванд. Ҳар кадом аз ин системаҳо дар шароити муайяни зоҳирӣ амал мекунанд: ҷуғрофияи табиӣ, ҷамъиятшиносӣ, истеҳсолкунӣ, маданӣ ва дигарҳо. Барои ҳар кадом система шароити ба худ хос ҳам ҳаст. Масалан, ба шароити дохилимактабӣ моддию техникӣ, санитарию гигиенӣ, ахлоқию психологӣ, эстетикӣ ва дигар шароитҳо мансубанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Сохт – ин ҷобаҷошавии унсури система аст. Сохти системаҳо мувофиқи меъёр аз унсуҳо (қисматҳо) ва алоқамандии байни онҳо иборатанд. Қайд карда шуда буд, ки фаҳмидани робитадорӣ аз ҳама муҳим аст, зеро маҳз донистани чӣ бо чӣ ва чӣ тавр алоқаманданди дар раванди педагогӣ, беҳтар ташкилкунии масъала, идоракунӣ ва сифати раванди мазкур мумкин аст. Робитадории системаи педагогӣ ба робитадории байни қисматҳо ва дигар системаҳои динамикӣ монанд нест. Ба мақсад мувофиқ фаъолияткунии педагог дар ягонагии органикӣ (узвӣ) бо қисматҳои муҳими воситаҳои мехнатӣ баромад мекунад.

Объект ин субъект ҳам ҳаст. Натиҷаи раванд дар вобастагии якчояамалкунии педагог, истифодабарии технология ҳамроҳи талаба вобаста аст.

Барои таҳлил кардани раванди педагогӣ ҳамчун система, бояд меъёри таҳлилро барқарор кард. Ба сифати чунин меъёр метавонад ҳар нишондоди сангзеркунии раванд, шароити ҷоришавии он ё бузургии натиҷаи ноилшуда баромад кунад. Муҳимаш он, ки вай ба мақсади омӯхтани система ҷавоб дода тавонад. Таҳлил кардани системаи раванди педагогӣ бо тамоми назария имконияти меъёр хеле мушкил ва ба ин ҳеҷ ягон зару- рат ҳам нест. Муҳаққиқон фақат ҳамин хел омӯзишро интихоб мекунанд, ки алоқамандии ин муҳим ва дарки он низе, ки то ҳол номаълум бошад.

Донишҷӯ ба кадом мақсад кӯшиш мекунад? Аввало бо раванди педагогӣ шинос мешавад? Албатта, пеш аз ҳама, вай со­хти умумии система, алоқаи асосии байни он қисматҳоро, агар он мувофиқи мақсади нишондод тақсим карда шуда бошанд, меомӯзад. Барои ҷудо кардани системаҳо ва сохти онҳо меъёрҳои ҳамшафатӣ дар илм номаълум истифода бурда ме­шавад. Вале нисбати системаи ҷоришавии раванд ба сифате, ки мактаб баромад мекунад, фаромуш набояд кард.

Қисматҳои системаҳое, ки дар онҳо раванди педагогӣ ҷараён дорад – педагогҳо, тарбиягирандагон, шароити тарбия низ ба эътибор гирифта мешавад. Худи раванди педагогӣ бо мақсад, вазифаҳо, мазмун, методҳо, шаклҳои ҳамкории омӯзгорон ва тарбиягирандагон, ноилгардии натиҷаҳо тавсиф меёбад.

Раванди дуюми мақсаднок дар худ ҳамаи андешадҳои гуногун ва вазифаҳои фаъолияти педагогиро мегирад: аз мақсади асосӣ  рушди мутаносибатҳои  ҳамаҷонибаи шахсият то вазифаҳои мушаххаси ташаккули сифатҳои алоҳида ё унсурҳои онҳо. Пурмазмунии қисм фикрро инъикос мекунад, ҳамчун максади умумӣ, инчунин ба ҳар кадом вазифаи аниқ гузошта мешавад, вале фаъолиятнокӣ – якҷояамалкунии педагогҳо ва тарбиягирандагон, ҳамкории онҳо, ташкил ва идоракунӣ ба ра­ванд, бидуни инҳо ва натиҷаҳои охирини дилхоҳ ноил гаштан ғайриимкон аст. Ин қисм дар адабиёт ташкилӣ ё ташкили идоракунӣ номида мешавад. Ниҳоят, қисми натиҷабахшии ра­ванд таъсирбахшии ҷараён, дигаргунии ноилшавӣ мувофиқи мақсади гузошташударо инъикос мекунад.

Чандин системаи педагогӣ барои таҳлили алоқаи байни қисматҳо ҷудо карда шудааст. Хусусан дар байни онҳо ахборотдиҳӣ, фаъолияти ташкилкунӣ, алоқакунӣ, ки дар раванди ҳамкории педагогӣ зоҳир мешавад, аҳамияти калон дорад.

Муҳимтаринаш идоракунӣ ва худидоракунӣ (мунтазамӣ ва худмунтазамӣ) мебошад. Дар аксар мавридҳо ба инбоат гириф­тани робитаи самарабахш сабабияти тафтиш аҳамияти муҳим дорад. Масалан, таҳлили сабаб нокифоягии таъсирбахшии ра­ванди педагогиро иҷозат медиҳад, ки дигаргуниҳои оянда ба лоиҳа гирифта шавад, то ки аз такроран содиршавии хатоҳо худдорӣ намоянд. Ба ҳисобгирии алоқаҳои генетики низ нафъ до­рад, яъне зоҳир намудани тамоюли таърихи, анъанаҳо дар омӯзиш ва тарбия, ки афзалияти пешравиро таъмин мекунанд, барои банақшагирӣ ва бавуҷудоварии равандҳои педагогии нав имконият медиҳанд.

Дар даҳсолаҳои охир оиди инкишофи назарияи педагогӣ ба ҷудо кардани алоқа, вазифаҳои байни объекти системавии педагогӣ кӯшиши зиёд ба харҷ дода шуд, барои онҳо истифода бурдани таҳлил ва воситаҳои тасвир ривоҷ ёфт. Барои бештари камбудиҳои ҷойдошта тавассути истифода бурдани воситаҳои тасвир дар тадқиқотҳои нави педагогии муосир, хусусан имко­нияти математика, техникаи омор – ҳисобмошинҳо, нақши муҳим бозида истодаанд.

Раванди педагогӣ ин ҷараёнест меҳнатӣ, ки он ҳамчун ди­гар раванди мехнатӣ баҳри комёбии мақсадҳои умумӣ иҷро кар­да мешаванд. Хусусияти раванди педагогӣ дар он аст, ки меҳнатӣ омӯзгорон ва тарбиягирандагон якҷоя бо фаъолияти ҳамдигарӣ ҷорӣ мегардад.

Ҳамчун дигар равандҳои меҳнатӣ дар педагогика ҳам объ­екти восита, маводҳои меҳнатӣ ҷудо карда мешаванд. Объекти фаъолияти педагогӣ ин рушддиҳии шахсият, коллективи талабагон аст. Объекти меҳнатӣ педагогӣ ба ғайр аз душвор буданаш, системанокӣ, худтанзимкунӣ, худинкишофдиҳӣ, тағйирёбандагӣ, такрорнашавандагӣ дорад.

Мавзӯи меҳнати педагогӣ – ташаккул додани одаме, ки аз педагог ба сатҳи инкишофи бармаҳалли худ расида, ва­ле ҳоло барои одами калон зарурати дониш, маҳорат, малака, таҷриба ҳосил накардааш, фарқ мекунад. Хусусияти объ­екти фаъолияти педагогӣ аз он иборат аст, ки он на рост мутаносиб вобаста аз таъсиррасонии педагогӣ ба вай инкишоф меёбад, балки мутобиқи қонуни хусусиятҳои руҳии ба худ хос фахмидагирӣ, дарк кардан, тафаккур, ирода ва хулқ таъмин мегардад.

Воситаҳои (олоти) меҳнат – ин он ашёест, ки одам бо онҳо (асбобҳои меҳнат) шуғли дилхоҳ мекунад. Дар раванди педагогӣ олоти меҳнат хусусиятҳои ба худ хос дорад. Ба он на фақат дониши педагог, таҷрибаи вай, таъсиррасонии шахсӣ ба тарбияёбанда, инчунин намудҳои фаъолияте, ки мактабхонро ҷалб ме­кунад, роҳи ҳамкорӣ бо онҳо, ба методикаи таъсиррасонии педагогӣ тааллуқ дорад. Ин ҳама васоили руҳии меҳнат аст.

Нисбати маҳсули меҳнати педагогӣ дар қцисматҳои пештара гуфта шуд. Он чизи «истеҳсолкунӣ» бо маънои томаш ин тарбия, ба ҳаёт тайёр кардани одами ҷамъияти аст. Дар раванди аниқи «қисмҳои» ҷараёни педагогаӣ ташаккул додани ҷузъҳои алоҳидаи сифати шахсият мувофиқӣ мақсадгузории умумӣ ҳал карда меша­вад.

Раванди педагогӣ, ҳамчун дигар ҷараёнҳои меҳнатӣ бо дараҷаи ташкилнамоӣ, идоракунӣ, маҳсулнокӣ, технологӣ, сарфакорӣ, барои ҷудокунии роҳкушоӣ асосонидани меъёрҳои арзёбии сифатӣ ва миқдории пешрафт нигаронида шудааст. Ху­сусияти беҳтарини раванди педагогӣ ин вақт мебошад. Он баромади меъёри универсалӣ дорад, имконият медиҳад, ки боэътимод дар бораи чӣ қадар тез ва босифат ҷараён ёфтани раванди мазкур амалӣ намояд.

Мақсад ва вазифаҳои тарбия


Раванди педагоги хамчун система, мехнати педагоги, Воситахои (олоти) мехнат, реферат аз педагогика бо забони точики.

ҚаблӣРаванди умумии педагогӣ
БаъдӣЯклухтии раванди педагогӣ