Роҳат маҷӯ, ки кас осуда нест

Андар ин даврон маҷӯ роҳат, ки кас осуда нест.

Андар ин даврон маҷӯ роҳат, ки кас осуда нест,
Табъи шодиҷӯй аз ғам як нафас осуда нест.
Дар замони нокасон осуда ҳам нокас бувад,
Нокасе натвон шудан гарчанд кас осуда нест.
Ҳар чӣ дар дунё вуҷуде дорад, ар худ зарра аст,
Аз хилофи зидди худ ӯ низ бас осуда нест.

Гарчи хокаш дар паноҳи хештан гирад чу об,
З-оташ ар эмин бувад, аз бод хас осуда нест.
Андар ин давлат, ки халқе поймоли меҳнатанд,
Гар касе дорад ба неъмат дастрас, осуда нест.
Одамии талхайш аз золимони туршрӯй,
Ҳамчу ширинӣ зи иброми1 магас осуда нест…

Аз барои он, ки мардум андар ӯ шар мекунанд,
Шаб зи бими рӯз чун дузд аз асас2 осуда нест.
Мурғ, к-ӯро ҷой андар боғ бошад чун дарахт,
Гар бигирию бидорӣ дар қафас, осуда нест.
Аз пайи таҳсили осоиш мабар бисёр ранҷ,
Ҳар кӣ ӯ дорад ба осоиш ҳавас, осуда нест.

Сайфи Фарғонӣ

Давоми матн пас аз блоки реклама

  1. Ибром – хирагӣ.
  2. Асас – шаҳнаи шаб, миршаб, касе, ки барои ҳифзи шаҳр шабона мегардад

Намунаҳо аз рубоиёт ва дубайтиҳои халқӣ


Касида, касида аз Сайфи Фаргони, ашъори Сайфи Фаргони.

3 шарҳ

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед