
Рубоиёт (шеърҳо) дар васфи Падар
Падар дар лафзи мардум қиблагоҳ аст,
Падар фарзандро пушту паноҳ аст.
Бибояд хидматаш дар зиндагонӣ,
Набошӣ меҳрубон, садҳо гуноҳ аст.
Падар гавҳар, падар дурдона бошад,
Падар чун шаҳсутуни хона бошад.
Зи мавҷудаш гуворо зиндагонӣ,
Ҳаёту зиндагӣ шоҳона бошад.
Падар омад, ҳама аз ҷо бихезад,
Нишоти зиндагӣ бо ӯ бизебад.
Касе, ки бо падар дорад муҳаббат,
Гунаҳ аз ӯ, яқин донам, гурезад.
Ду чашмони падар дорад шарора,
Мисоли дидаи моҳу ситора.
Гули нури ду чашмони падарҷон,
Кунад равшан дили моро ҳамора.
Падар шод аст агар, шукрона гӯям,
Барояш шеъраки риндона гӯям.
Замоне, ки дарояд аз дари ман,
Ҳаёту зиндагӣ шоҳона гӯям.
Падар пушту паноҳи насли инсон,
Бузургиҳош афзун буда ин сон.
Ба як каф аз дуои сабзи эшон
Макони хор мегардад гулистон.
Ҳамеша муниси модар -падар шав,
Ба боғи зиндагӣ некӯ самар шав.
Биёбӣ то нуфузе байни мардум,
Ба шоми ҳар диле Шамсу Қамар шав.
Падар сармояи дунёи ганҷ аст,
Бузургиаш раҳи дарёи ранҷ аст.
Касе, ки бар падар хидмат намояд,
Баҳояш дар ду олам «чору панҷ» аст.
Падар бошад, бубинам хешро зӯр,
Зи рӯяш мерасад роҳи маро нур.
Ба аснои сафар дасти дуояш
Саломат мебарад моро раҳи дур.
Падар моро бипарварду калон кард,
Ба роҳи зиндагонӣ раҳравон кард.
Расад то бар ҳадаф тири умедаш,
Қади болои худро чун камон кард.
Падар ранҷад агар, асло наранҷед,
Хато гӯяд, ба ҳоли ӯ нахандед.
Замоне ки ба синни ӯ расидед,
Фишори зиндагӣ он дам бисанҷед.
Ҷавонии падар дар дасти модар,
Падарро мекунад модар диловар.
Намебинад газанде зиндагонӣ,
Ду дил рӯйи кафе ояд баробар.
Хатар ояд, бидонӣ, ки хатар чист,
Зафар ояд, бидонӣ, ки зафар чист.
Ба сангистони роҳи зиндагонӣ,
Падар гардӣ, бидонӣ, ки падар кист.
Падар субҳ аст, субҳи ҳар замона
Ки фарзандон ба дунё з-ӯ нишона.
Барои ҳиммату ақли расояш
Худо умраш диҳад то ҷовидона.
Падар мисли Замин фанде надорад,
Нигоҳи бад ба фарзанде надорад.
Набинад роҳати умри дурӯза,
Агар ёри хирадманде надорад.
Падар зарҳалқаи ҳар хонадон аст,
Ба фарзандаш азизу меҳрубон аст.
Касе ки қиматаш нодида гирад,
Ба роҳи зиндагонӣ нотавон аст.
Падар гар бад кунад, аз он ту магрез,
Сухан бо теғи ҷаҳли худ макун тез.
Гаҳе пире зи бори зиндагонӣ
Чу кӯдак мешавад фасли хазонрез.
Падар нолад агар аз зиндагонӣ,
Илоҷашро биҷӯ, фарзанди ҷонӣ.
Ки пирӣ иллати бисёр дорад,
Сано, гар з-иллат ӯро вораҳонӣ.
Падар бошад чароғи зиндагонӣ,
Бидон қадри варо, то метавонӣ.
Бубинӣ роҳати дунёи фонӣ,
Зи ту бинад падар гар меҳрубонӣ.
Падар, шоҳе ба тахти хонадонӣ,
Ки тифлонро ба мақсад мерасонӣ.
Кашам оҳи сабук аз синаи худ,
Чу бинам, беасо дар раҳ равонӣ.
Падар ронад агар даврони пирӣ,
Иноят кун, чу дарвешу амирӣ.
Баҳои хидмататро як замоне,
Зи фарзандони худ подош гирӣ.
Падар бошад сутуни хонадонам,
Гули маънии ашъори равонам.
Адои хидматаш созам ба ҷонам,
Варо бар мақсади худ мерасонам.
Падар бахти маро ангуштарин аст,
Ниҳоли қомати манро замин аст.
Шавад садсола бошам дастёраш,
Таманнои ҳама фарзанд ин аст.
Падар – дурри дили дарёи фарзанд,
Падар – муъҷизаи дунёи фарзанд.
Ба эҳсону сахою ҳиммати беш
Падар – чун кӯҳи побарҷои фарзанд.
Умрест, ки дар даҳан маро нони падар,
Хун гашта барои ман дилу ҷони падар.
Вақт аст, ба подоши ҳама ранҷ кунун
Ноне бигузорам ба сари хони падар.
Рухи субҳи саҳар дорӣ, падарҷон,
Дуо рағми хатар дорӣ, падарҷон.
Дарахтӣ, меваат – фарзанди комил,
Ба ҳар коре зафар дорӣ, падарҷон.
Ба фарзандон чу дунёӣ, падарҷон,
Мисоли дурри дарёӣ, падарҷон.
Ба эҳсону ба ҳимммат ҷамъи моро
Ҳидоятгар ба фардоӣ, падарҷон.
Падар бошад ба кас чун ганҷи қимат,
Нишастан дар бараш бошад ғанимат.
Ба пирӣ хидматаш кун содиқона,
Агар бошӣ ту фарзанди баҳиммат.
Падар оқил, падар фарзона – доност,
Падар устоди хуби ҳар яки мост.
Шавад во то дари асрори олам,
Ҳидоят мекунад бар мо раҳи рост.
Халифабобо Ҷумъазода (аз китоби Дарёи чашм)

















