Рубоиёт (шеърҳо) дар васфи Ватан аз Халифабобо Ҷумъазода

гимн, гимни точикистон, суруди милли, иншо,

Рубоиёт (шеърҳо) дар васфи Ватан

Дур аз Ватанӣ, ёди Ватан бояд кард,
Мурғи чаманӣ, ёди чаман бояд кард.
Рӯзе, ки амонати Худо гардонӣ,
Аз хоки Ватан атри кафан бояд кард.

Ин булбули саргашта чаман меҷӯяд,
Ин лолаи бишкуфта даман меҷӯяд.
Он хун зи пайи тир бурун ҷӯшида,
Бӯсида лаби хоку Ватан мегӯяд.

Бо чӯби қалам хона намудан шараф аст,
Зулфони сухан шона намудан шараф аст.
Монандаи гунҷишк бари фарзандон
Дар боми Ватан хона намудан шараф аст.

Зулфони сухан шона намудан ҳунар аст,
Сангони Ватан хона намудан ҳунар аст.
Дар панҷаи шохи устувори нахле
Гунҷишксифат лона намудан ҳунар аст.

Умре гузарад, Ватан Ватан мемонад,
Меҳраш ба дилу ба ҷону тан мемонад.
Ҳайфи нафаре, ки бо риё дар олам
Бо номи сияҳ чу беватан мемонад.

Шаҳномаи безаволи шоир Ватан аст,
Девони хуҷастафоли шоир Ватан аст.
Дороии бемисол дар олами ганҷ,
Шамсу Қамари хаёли шоир Ватан аст.

Аз рӯи Ватан нури саҳар мерезад,
Аз ҷӯи Ватан ширу шакар мерезад.
З-оинаи чашмони муҳоҷир хондам:
Аз бӯи Ватан ҷону ҷигар мерезад.

Андар назарам ҳусни Ватан оина,
Хораш ба мисоли лолаву пӯдина.
Аз меҳри Ватан суруди нав бинвисам,
Бо набзи диле, ки мезанад дар сина.

Ҷонон Ватанам матлаи ашъори ман аст‚
Гулғунчаи меҳри қалби бедори ман аст.
Аз барги гули муҳаббаташ шод манам,
Зеро ки Ватан сутуни девори ман аст.

Бар обу ҳавои ин Ватан гӯям шукр‚
Бо лолаи гардани даман гӯям шукр‚
Дар тӯйи арӯсии гули бобуна‚
Бар хониши мурғони чаман гӯям шукр.

Аз бӯйи Ватан ҳаловати ҷон ояд‚
Бас неъмати доманаш сари хон ояд.
Қадри ватанаш мусофире медонад‚
Дур аз Ватан асту гаҳ чу меҳмон ояд.

Ватан бошад чу модар ганҷи қимат,
Шуморам обу хокашро ғанимат.
Дар ин даврон, ки эҳсон дасти бод аст,
Ватан танҳо расонад пайки ҳиммат.

Ватан гӯям, хаёлам гул кунад, гул,
Сароям васфи ӯ ҳамранги булбул.
Зи хони неъматаш дорам ҳаловат,
Зи дарёаш бинӯшам оби бепул.

Ватан ганҷинае дар синаи мост,
Бақои ин дили бекинаи мост
Навозиш мекунад моро чу модар,
Ватан хушбахтии деринаи мост.

Ватан ҳар лаҳза ёру ёвари мост,
Ватан армони дил, бому дари мост.
Набояд ранҷу озоре ба ӯ дод,
Ягона нусхае аз модари мост.

Ватан аз чашми кӯри мо зарар дид,
Ҳазорон заҳмати ранҷу хатар дид.
Алорағми таманнои ҳасудон
Билохир ними ҷон доду зафар дид.

Ватан атри фазои гулшани мост,
Ватан шодию оҳу шевани мост.
Яқин донам, ки ҳафт аз кишвари ишқ,
Дурахшон дар нишони меҳани мост.

Ватан байти расои шоирон аст,
Ватан субҳи сафои орифон аст.
Душанбе дидаи бинои кишвар,
Дари бахту умеди тоҷикон аст.

Агар дарди Ватан дар дил набошад,
Ба домонаш туро манзил набошад.
Куҷо бишкуфта дидӣ ғунчаи гул,
Чу по дар зери хоку гил набошад?

Халифабобо Ҷумъазода (аз китоби Дарёи чашм)

ҚаблӣНазаров Аҳтам Пулотович
БаъдӣПанҷеканд, Панҷакент ё Панҷекат? Кадомаш дуруст ва илмӣ аст?