Сад чону дил фидои як муддаои модар (шеъри пурра)

Дар ин мақола шеъри Сад чону дил фидои як муддаои модар дар шакли пурра оварда мешавад. Шеъри МОДАР аз сайти Донишҷӯ — www.DONISHJU.net

модар, оча, шеър дар васфи модар, дар бораи модар, расм, картинка модар

ҚАСИДАИ МОДАР

Сад ҷону дил фидои як муддаои модар,
Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар.

Бишнид гар садоям дунёи сахтгӯшон,
Ангезаест шояд аз аллаҳои модар.

Давоми матн пас аз блоки реклама

Гар шеъраке сурудам аз буду аз набудам,
Дар тинатам сиришта сӯзу навои модар.

Оғози офариниш дар раҳми ӯст, з-ин рӯ
Сад достон барояд аз як ҳиҷои модар.

Ман як нафас набошам бе ёди зоти қудсаш,
Аз сарсупурдагонам, ҷонам фидои модар.

Аз сатвату зи шуҳрат гар бар фалак занам сар,
Таъзим мекунам боз дар пеши пои модар.

Хира бар он касонам, к-аз хештан ризоянд,
Як бор ношунида ҳарфи ризои модар.

Ғофил аз он, ки хуршед аз Шарқ барнахезад,
Бошад тулӯъгоҳаш аз хокҷои модар.

Гардун сафо надорад, чашмаш зиё надорад,
Гар дар замин набошад нуру зиёи модар.

Дунё бақо надорад, аммо ба рағми сад марг
Бошад бақои олам маҳзи бақои модар.

Монад замин зи сайрон, афлок ҳам зи даврон,
Гар як нафас наҷунбад дасти сахои модар.

Дунё чи норасо буд, ҳастӣ чи носазо буд,
Халлоқ гар намебуд меҳри расои модар


 Инчунин хонед: