Сарчашмаҳои ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ

Шакли зоҳирии ифодаёбии меъёрҳои ҳуқуқи ва ифодаву иродаи мақомоти қонунгузориро, ки дар он меъёрҳои ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ инъикос ёфтаанд, яъне санадҳое, ки дар онҳо меъёрҳои ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ муқарар шудаанд, сарчашмаҳои ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ меноманд, ки дар шакли қонунҳо ва фармонҳо бароварда мешаванд. Бояд қайд кард, ки сарчашмаи асосии ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ Конститутсияи ҶТ аст, ки таҳкурсии муносибатҳои ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷинояӣ ба ҳисоб меравад, чунки Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрвандро ҳимоя ва кафолат медиҳад. Сарчашмаи дигари ин соҳаи ҳуқуқ Кодекси ҷиноятии ҶТ мебошад ва барои он сарчашмаи муҳими ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ба ҳисоб меравад, ки дар он мафҳум мақсад намудҳои ҷазо ва қоидаҳои умумии таъини ҷазо пешбини шудаанд.

Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ҶТ сарчашмаи асосии ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятист. Дар ин кодекс се гурӯҳи масъалаҳои муҳими ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ пешбини шудаанд. Дар гурӯҳи аввал масъалаҳои умумӣ аз қабили мақсад, вазифа, принсипҳо, субъектҳо ва ғайраҳо пешбини шудаанд.

Гурӯҳи дуввуми масъалаҳои тартиби иҷро ва адои ҷазои ҷиноятие мебошанд, ки ҷанбаи таъсири ислоҳӣ доранд. Гурӯҳи саввум масъалаҳо, тартиби иҷро ва адои ҷазои ҷиноятие, ки ҷанбаи таъсири ислоҳӣ надорад. Инчунин қарорҳои Маҷлиси Олии ҶТ, қарорҳои ҳукумати ҶТ ва фармонҳои Президенти ҶТ ба сифати сарчашмаҳои ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятиӣ баромад мекунанд.


Сарчашмахои хукуки ичрои чазои чинояти

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
ҚаблӣПринсипҳои ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ
БаъдӣМуносибатҳои ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ