Шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаи мустаҳками сиёсию ҳуқуқии шахс ва давлатро, ки дар ҳуқуқу вазифаҳои тарафаӣн ифода меёбанд, муаӣян менамояд.

Шаҳрвандии Тоҷикистон ҳамчун узви ҳолати ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд дар як вақт падидаи мустақили ҳуқуқӣ-конститутсионӣ мебошад. Мазмуни он аз ҳуқуқу вазифаҳои махсуси шахс нисбати давлат ва давлат нисбати шахси мазкур иборат аст. Онҳо вобаста ба мансубияти шахс ба низоми ҳуқуқии Тоҷикистон, таъмин кардани соҳибҳуқуқии пурраи у, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ташаккул меёбанд.

Дар Тоҷикистон шаҳрвандии ягона мавҷуд аст, мансубияти шаҳрванди Тоҷикистон ба шаҳрвандии давлати дигар эътироф карда намешавад, ба истиснои мавридҳое, қи дар қонун ё шартномаҳои баӣналҳалқии Тоҷикистон нишон дода шудаанд.

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои зерини соҳиб шудан ба шаҳрвандии Тоҷикистонро пешбинӣ намудааст.

  1. Аз руи таваллуд;
  2. Аз руи тартиби бақайдгирии он;
  3. Дар натиҷаи қабул шудан ба шаҳрвандӣ;
  4. Дар натиҷаи барқарор шудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ;
  5. Бо роҳи интиҳоби шаҳрвандӣ (оптатсия) дар сурати тағӣир ёфтани мансубияти давлатии қаламрав ва аз рӯи асосҳои дигаре, ки шартномаҳои баӣналҳалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардаанд;

Асосҳои қатъшавии шаҳрванди дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳоянд:

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

1) дар натиҷаи тарки шаҳрвандӣ кардан;

2) дар натиҷаи аз даст додани шаҳрвандӣ;

3) дар натиҷаи бекор шудани қарори ба шаҳрванди қабул қардан;

4) дар натиҷаи маҳрум кардан аз шаҳрвандӣ;

5) бо роҳи интихоби шаҳрвандӣ (оптатсия).


ҚаблӣМафҳуми ҳуқуқи конститутсионӣ
БаъдӣТаснифи ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои инсон ва шаҳрванд