Шабакаи дараҷадор (шабакаи градусӣ) ва унсурҳои он

Агар ба харита ва глобус нигарем, дар он хатҳоеро мебинем, ки аз шимол ва ҷануб ва аз ғарб ба шарқ тӯл кашида, якдигарро буридаанд.

Онҳоро дар сатҳи Замин барои муайян кардани координати (арз ва тӯли) объектҳои географӣ истифода мебаранд. Бо ин мақсад меридиани асосӣ (ки қутби шимол ва ҷанубро пайваст мекунад) ва хати истиворо дар харитаи нимкураҳо ва глобус бо дараҷаҳо ишора кардаанд. Дар натиҷа дар сатҳи харитаи нимкураҳо ва глобус шабака ҳосил шудааст, ки онро шабакаи дараҷадор ё ки географӣ меноманд. Он аз унсурҳои (қисмҳои) зерин иборат аст: қутбҳо, хати истиво, хатҳои мувозӣ ва меридианҳо. Ин унсурҳо ниҳоят заруранд. Дар заминаи онҳо харитаҳои географӣ тартиб дода мешаванд.

  1. Қутбҳои географӣ. Ду нуқтаи канории кураи Заминро, ки аз онҳо меҳвари тасаввурии Замин мегузарад, қутбҳои географӣ меноманд. Онҳоро қутбҳои шимолӣ ва ҷанубӣ мегӯянд. Дар ин ҷо тарафҳои уфуқ дида намешаванд.
  2. Хати истиво. Хати истиво Заминро ба ду ҳиссаи баробар тақсим мекунад: Нимкураи шимолӣ ва Нимкураи ҷанубӣ.
  3. Хатҳои мувозӣ. Хатҳои мувозӣ сатҳи Заминро бо хати истиво ба таври мувозӣ бурида мегузаранд. Азбаски Замин курашакл аст, дарозии хатҳои мувозӣ аз хати истиво ба шимол ва ҷануб тағйир меёбад. Қимати дарозии хатҳои мувозӣ дар ду тарафи хати истиво ва назди қутбҳо як хел нест. Бинобар ин бузургии дарозии камони 10 дар хатҳои мувозӣ як хел нестанд.
  4. Меридианҳо. Меридиан аз калимаи лотинӣ «меридианус» гирифта шуда, маънояш нисфирӯзӣ мебошад. Сабаби чунин ном гирифтан он аст, ки самти хати меридиан ба самти сояи кӯтоҳи нисфурӯзии ашёи амудӣ мувофиқ меояд. Аз ин ҷо меридианро «хати нисфирӯзӣ» меноманд.

Он қутби шимолиро бо қутби ҷанубӣ пайваст менамояд. Хати нисфирӯзиро аз ҳар як нуқтаи сатҳи Замин гузаронидан мумкин аст. Аммо он хати нисфирӯзиеро, ки кураи Заминро ба нимкураҳои ғарбӣ ва шарқӣ ҷудо мекунад, хати мердиани ибтидоӣ меноманд. Бар хилофи хатҳои мувозӣ хатҳои нисфирӯзӣ як хел дарозӣ доранд. Дарозии хати нисфирӯзии кураи Замин тақрибан ба 40009 километр баробар аст. Дар ин сурат дарозии ҳиссаи хати нисфурӯзӣ ба дарозии камони 10 баробар аст, ки он ба ҳисоби миёна 111,1 километрро ташкил мекунад. (40009:360=111,1 км). Донистани ин бузургӣ ба мо имконият медиҳад, ки масофаро дар глобус ва харитаи намкураҳо бо миқёс муайян намоем. Агар дарозии камони хати нисфирӯзӣ аз Қутби шимолӣ то хати истиво ба 900 баробар бошад, масофаи камон 9999 километрро ташкил медиҳад (111,1x 90=9999км.).


Шабакаи дарачадор (шабакаи градуси) ва унсурхои он, Кутбхои географи, Хати истиво, Хатхои мувози, Меридианхо, Меридиан чист? хати нисфирузи чист?

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
ҚаблӣХаритаи географӣ
БаъдӣМуайян кардани координати нуқтаи даркорӣ дар глобус ва харитаи географӣ