Мавзӯъ. Шахсият ва коллективи мактабиён, ҳамкории онҳо дар раванди тарбия

Шахсият ва коллективи мактабиён, хамкории онхо дар раванди тарбия


  1. Коллективи бачагона ва талаботи кӯдакон ба муносибати тарафайн
  2. Марҳалаҳои инкишофи коллектив
  3. Сохтори колективи мактабиён ва методҳои ташкилии он
  4. Пайвастагии муаллим бо шахсият ва коллективи кӯдакон

1.Коллективи бачагона ва талаботи кӯдакон ба муносибати тарафайн

Иттиҳод – ягонагӣ, як шудан, ҳамдастӣ. Дар педагогикаи умумиҷаҳонӣ иттиҳодро коллектив гӯянд.

Коллектив калимаи лотинӣ буда, маънои ҷомеъ (ҷамъшавӣ, якҷоягӣ, гурӯҳ, зумра) – ро дорад. Коллектив – гурӯҳи ихчами иҷтомоӣ, муттаҳиди одамоне, ки ба мақсади ҳалли вазифаҳои муайяни ҷамъиятӣ машғуланд. Чунончи, коллективи меҳнатӣ, таълимӣ, тарбиявӣ, спортӣ ва ғ. Аломатҳои асосии хоси коллектив: ягонагии мақсад, ташкили фаъолияти муайяне, ки ба манфиати фард ва ҷамъият равона карда шудааст.

Мавзӯро пурра хонед >>


2.Марҳалаҳои инкишофи коллектив

Коллективи тарбиявии бачагона фавран ташаккул намеёбад, он тибқи чорабиниҳои бардавом дар се марҳалаи зайл ба миён меояд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

М а р ҳ а л а и а в в а л. дар ин марҳала барои инкишофи ибтидоии коллектив ба матлаби муттаҳидгардонии дастпарварон талаботи педагогӣ нақши тарбиявии муҳим мебозад. Талаботи педагогӣ аз ҷониби тарбиятгарон, муаллимон ва маъмурияти мактаб гузошта мешавад, ки ҳамаи он барқароркунии тартибу интизоми дохилимактабиро талаб мекунад. Сипас мақсади марбуте, ки дурнамои (перспективаи) ҳаётии гурӯҳро ифода мекунад, баррасӣ мегардад.

Мавзӯро пурра хонед >>


3.Сохтори колективи мактабиён ва методҳои ташкилии он

 Дар адабиёти психологию педагогии муосир ду маънои коллектив зикр карда мешавад. Дар якӯмаш: таҳти коллектив ташкилоти гурӯҳҳои гуногун (дар корхонаҳо, бригада, мактаб, гурӯҳи муҳассилин ва ғ.) фаҳмида мешавад; дар дуюмаш: иттиҳод сатҳи баланди инкишофи гурӯҳро ифода мекунад. Ин ҷо гап дар бораи хусусияти сифатҳои коллективе меравад, ки мақсаддорӣ, муттаҳидӣ, ягонагии маънавӣ ва ғайра дорад.

Мавзӯро пурра хонед >>


4. Пайвастагии муаллим бо шахсият ва коллективи кӯдакон

 Дар робита ва ташкили коллективи тарбиявии кӯдакони синфҳои ибтидоӣ нақши омӯзгор басо бузург аст. Бо амалиёту андешакории ӯ инкишофи фаъолон дар синф, интихоби корҳои шавқангез, моҳирона тақсимот кардани супоришҳо, ҳаллу фасли ихтилофот, муносибатҳои ӯҳдабароӣ, барқароркунии дӯстиву рафоқатии мустаҳкам ва ёрии ҳамдигарии талабагон ба вай таллуқ дорад. Вай бояд бештар эътиборро ба муносибати ташкилдиҳии корҳои коллективҳои ҳафтсолаҳо равона кунад. Ин нафақат барои он ки кӯдакон бори аввал бо ҳам во мехӯранду ҳоло таҷрибаи кофии муносибати коллективӣ надоранд, инчунин он ба он вобаста аст, ки махсусан дар ҳамин синну сол ба онҳо муносибаткунӣ бо одамон, бо коллектив бо шиддат ташаккул меёбад. Барои ҳамин ҳам ҳанӯз дар синфи якум асосҳои коллективизмро гузоштан ва ғамхорона тайёркунии расиши муносибати ҳақиқатан одамгарии онҳо барои солҳои минбаъда замина мегузорад.

Мавзӯро пурра хонед >>


Санҷиши контролӣ

  1. Маънои коллектив, аломатхои асоси ва мохияти онро маънидод кунед.
  2. Мархалахои инкишофи коллективро тавзех дихед.
  3. Методхои ташкили коллектив кадомхоянд?
  4. Дурнамо чист ва он чи гуна хусусият дорад?
  5. Афкори солим дар иттиход ва таъсири тарбиявии мувозиро тавзех дихед.
  6. Мавкеи рохбарии педагоги дар коллектив аз чихо иборат аст?

Адабиёт барои худомӯзӣ

  1. Иванов И. П. Воспитать коллективистов. – М., 1982.
  2. Макаренко А. С. Пед. соч. – М., 1985 – 1986.
  3. Мудрость воспитания. – М., 1989.
  4. Победоносцев Г. А. Совершенствуем систему воспитания. – М., 1989.
  5. Подласый И. П. Педагогика. Книга 2. – М., 2000.
  6. Раҳимов Х. Педагогика. – Душанбе, 1997.
  7. Раҳимов Х., Нуров А. Педагогика. – Душанбе, 2000.
  8. Юнусов И. Педагогика: Душанбе 2005.
ҚаблӣMеҳнат, фоида ва низоми сарфу харҷ дар оила
БаъдӣМавзӯъ. Созмонҳои талабагӣ дар мактабҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон