Шакл ва намудҳои бозор

Бозор дорои таркиб ва низоми мураккаб буда, тамоми ҷан-баҳои иқтисодиро фаро мегирад. Таркиби (сохтори) бозор ҳам-чун ҷузъи муҳимтарини низоми иқтисодӣ, тибқи хусусиятҳои моликият, фаъолияти хоҷагидории субъектҳои иқтисодӣ, хусусиятҳои ташаккули муомилоти молию пулӣ, сатҳ ва дараҷаи ғайридавлатикунонӣ, шакл ва намудҳои бозор, алалхусус савдо ва ғайра муайян карда мешавад.

Сохтор ва низоми бозор дар давлатҳои низоми бозории фавқулинкишоф, тӯли садсолаҳо эҳё ва густариш ёфта, ба сатҳ ва дараҷаи баланди имрӯзаи худ расидааст.

Гузариш ба иқтисоди бозорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мамлакатҳои собиқ сотсиалистӣ, хоҳ нохоҳ, талаб мекунад, ки сохтори бозори аз сотсиализм мерос монда, ба тезӣ вайрон карда шуда, низоми нави бозорӣ бунёд карда шавад. Анҷом додани ин кор осон нест ва солҳои зиёду маблағҳои бисёреро талаб мекунад.

Сохтори бозори сотсиалистӣ ҳамчун маҷмӯи муносибатҳои истеҳсолкунандагони неъматҳои моддӣ (шахсҳои алоҳида, оила, корхонаҳои давлатӣ, кооперативӣ, колхозҳо, совхозҳо, хоҷагиҳои ёрирасони аҳолӣ, корхонаҳои муштарак), истеъмолкунандагон, фурӯшандагон (мағозаҳо, дӯконҳо, муассисаҳои хизматрасонӣ…) ва ғайра ташкил ёфта буд. Аз ин ҷиҳат сохтори муайяну мушаххаси бозори сотсиалистӣ амал менамуд.

Кунун лозим меояд, ки дар бозори низоми бо ном мавҷудаи сотсиалистӣ, сохтори инкишофёфтаю муташаккили бозори воқеӣ бунёд карда шавад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Дар адабиёти муосири иқтисодӣ ҳангоми табақабандӣ кардани унсурҳои бозор меъёрҳои зиёде истифода карда мешаванд. Мувофиқи ҳисобҳои тахминии мо қариб 20 меъёр ва зиёда аз 50 шаклҳои намоёнтари бозор номбар карда мешаванд.

Таҳлил нишон медиҳад, ки табақабандӣ аз нигоҳи меъёр, аломат, омил ва дигар хусусиятҳои бозор сирати қонунӣ надорад ва расман аз ҷонибӣ ягон ташкилот тасдиқ карда намешавад. Онҳо рамзан аз тарафи тадқиқотчиён интихоб карда мешаванд. Аз ин ҷиҳат як шакл ва намуди бозор ба чандин номгӯӣ ва меъёрҳои дигари бозор ҳамроҳ карда мешаванд. Баъзан, ҳан-гоми тафриқабандӣ сохтори собиқ сотсиалистӣ ва сохтори кунунии давлатҳои фавқулинкишофро ба ҳам омезиш мекунанд. Дигарҳо бошанд, соф ба низоми иқтисодии бозорӣ такя намуда, низом ва сохтори онро тибқи хусусиятҳои он пешбарӣ менамоянд.

Ҷонибдорони ҳар ду равия бештар ба чунин аломат ва меъёрҳои шаклофарандаву ташаккули бозор мароқ зоҳир мекунанд:

тибқи шакли моликият – бозори давлатӣ, хусусӣ, кооперативӣ…;

тибқи объекти муомилот (фурӯш) – бозори молӣ (воситаҳои истеҳсолот, молу хадамот, “Ноу-Хау”) ва бозори пулӣ…;

тибқи ташкили муомилоти бозорӣ, яъне сирати фурӯш – савдои яклухт (биржа, харидкунии давлатӣ), чаканафурӯшӣ, бозори содиротӣ ва воридотӣ;

тибқи субъект – бозори харидорон, фурӯшандагон, миёнаравон, ташкилотҳои давлатӣ;

тибқи рақобат, ё худ шакли ташаккулёфтаи (дараҷаи маҳ-дудгардонии) рақобат – бозори рақобати комил (озод), рақобати нокомил (бозори инҳисорӣ – монополӣ), инҳисори чандқутбӣ (олигополӣ), инҳисори харид (монопсонӣ), инҳисори соф…;

тибқи тақсими ҷамъиятии меҳнат, ё худ миқёси ҷуғрофӣ, яъне аломати ҷойгиронӣ – бозори маҳаллӣ, ноҳиявӣ, миллӣ, байналхалқӣ, ҷаҳонӣ;

тибқи хел ва намудҳои молҳо – бозори баста, омехта, фаровон;

тибқи хел ва намудҳои савдо – бозори фурӯши мустақим, фурӯши ғайринақдӣ, чакана, яклӯхт…;

тибқи таъминот – бозори муозин, касрнок (дефисит), барзиёд…;

тибқи дараҷаи камолот – бозори сустинкишоф, инкишофёфта, ташаккулёбанда…;

тибқи дараҷаи танзим – бозори танзимшаванда, танзимнашаванда…;

тибқи меъёр ва қонунҳои амалкунанда – бозори кушод (боз), ниҳоӣ (мавқуфгузошта)…;

тибқи хислатҳои соҳавӣ – бозори мошин, трактор, сӯзишворӣ, ангишт, нафт, газ… ва ғайра (19; 6; 9; 60; 11;12).

Хусусияти ҳар яке аз шаклҳои бозор дар он зуҳур мегардад, ки дар онҳо молу маҳсулот ва хизматҳои якхела, мушаххас, гуногун ва ғайра интиқол карда мешаванд. Аз нигоҳи бартарию афзалияти яке аз онҳо, бозор ба он мансуб махсусгардонда мешавад. Дар дохили як шакли бозор чандин шаклҳои дигар ҷой гирифта метавонанд. Барои таҳлил ва муайян кардани сират ва сифати ягон хел бозор, якеро аз дигаре тоза кардан ҳатмӣ нест.

Хулоса, тибқи меъёри иқтисодӣ, яъне объекти хариду фурш, чунин шаклҳои муҳимтарини бозорро ҷудо кардан лозим аст:

бозори молҳои истеъмолӣ ва ҳадамот – бозори молҳои истеъмолӣ, молҳои ғайриистеъмолӣ, бозори хадамот;

бозори омилҳои истеҳсолот – бозори сармоя (воситаҳои истеҳсолот), меҳнат, замин, ашё;

бозори молия – бозори фондӣ, пулӣ, бозори фьючерсӣ ё худ бозори қарордодҳои бамӯҳлат;

бозори иттилоотӣ – бозори маҳсули маънавиёт ва ақлонӣ;

Бозори молҳои истеъмолӣ

Бозори молҳои истеъмолӣ бозоре мебошад, ки дар он хариду фурӯши молҳои истеъмолӣ ба роҳ монда мешаванд. Он дар ду шакл: бозори молҳои озуқа ва молҳои саноатӣ баромад мекунад. Бо воситаи бозори молҳои озуқа аз ҷониби субъектҳои иқтисодӣ (хоҷагиҳои хонавода, фирма, корхона, ташкилотҳои давлатӣ…) ҳамчун тавлидгар ва ҳамчун истеъмолгар (фурӯшандаю харидор) – чизҳои хӯрокворӣ, нӯшиданӣ… ва ғайра мубодила (хариду фурӯш) карда мешавад. Онҳо метавонанд ҳамчун бозорҳои мушаххас – бозори мева, сабзавот, гӯшт, шир, нон, моҳӣ ва ғайра ташкил гарданд.

Бозори молҳои саноатӣ (ғайриистеъмолӣ)

Бозори молҳои саноатӣ (ғайриистеъмолӣ) ҳамчун фурӯши бисёрҷанбаи гурӯҳи молҳои истеъмолии аҳолӣ – либос, пойафзол, каллапӯш, атриёт, чизҳои рӯзғор ва хоҷагӣ, мебел, маданию равшаннамоӣ (китоб, дафтар…), воситаҳои нақлиёт, сохтмон ва ғайра сурат мегирад.

Бозори хадамот

Бозори хадамот ҳамчун ягонагии хизматрасонии аҳолӣ, либос (ҷомашӯйхона, сартарошхона, ҳаммом, таъмири нақлиёт, алоқа, посбонӣ…), коммуналии маишӣ (таъминот бо об, гармӣ, газ, барқ, нигоҳдории лифт, нигоҳубини хонаю ҷой, таъмири хонаҳо), иттилоотӣ, справка (маълумотдиҳӣ), реклама (таблиғ), паҳнкунии ахборот, мусоҳиба (консултатсия), хабаррасонӣ, таълими пешакӣ… ташкил карда мешавад. Бозори омилҳои истеҳсолӣ ҳамчун хариду фурӯши захираҳои иқтисодӣ (замин – захираҳои табиӣ, сармоя – захираҳои инвеститсионӣ (сармоягузорӣ), меҳнат – қувваи коргарӣ ва нимфабрикатҳо ба роҳ монда мешавад. Ба сифати субъекти бозори омилҳо истеъмолкунандагон, ки худ харидори он омилҳоянд ва хоҷагиҳои хонавода – фурӯшандагон баромад мекунанд.

Бозори замин

Бозори замин дар мамлакатҳои тараққикардаи Ғарб тибқи анъана, қонуну механизми бозор, тақозою арза, нархномаҳо ва ғайра ташкил карда мешавад.

Дар давраи Ҳокимияти Шӯравӣ замин ҳамчун моликияти умумихалқӣ хариду фурӯш карда намешуд ва заминҳои дар мавзеъҳои гуногун ҷой гирифтаву хусусият ва ҳосилхезии ҳархела дошта, қимматгузорӣ карда намешуданд ва нархнома ҳам надоштанд. Аз ин ҷиҳат ҳангоми гузариш ба иқтисоди бозорӣ ва ба моликияти хусусӣ табдил додани замин ва дигар сарватҳои ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, онҳо ба як андоза, мушкилиҳои зиёдеро ба вуҷуд оварда, садди роҳи инкишофи он гардиданд.

Бозори сармоя (капитал)

Бозори сармоя (капитал) ҳамчун бозори воситаҳои истеҳсолот (предмет ва воситаҳои меҳнат – бино, таҷҳизот, мошин, дастгоҳ…) таҳти қонуни тақозою арза, рақобат, нарх ва ғайра ташкил карда мешавад.

Бозори сармоя, самт ва равияҳои гуногунҷабҳавии хариду фурӯши бозори биноҳои истеҳсолӣ, иншоот, бозори мошин, таҷҳизотҳои технологӣ, асбобу анҷом, аппаратҳои таъминоти истеҳсолӣ, бозори ашё, мавод, нимфабрикатҳо ва ғайраро дар бар мегирад.

Бозори меҳнат (қувваи коргарӣ)

Бозори меҳнат (қувваи коргарӣ) бозори махсусе мебошад, ки бидуни акти (амалиёти) хариду фурӯши молӣ, ҳамчун фурӯши озоди қобилияти ба меҳнат доштаи инсон ва озодона киро кардани он ташкил карда мешавад. Хариду фурӯши меҳнат, ҳамчун

мубодилаи фаъолияти ҷисмонӣ, ақлонӣ, маънавии инсон дар бозори меҳнат (биржаҳои меҳнатӣ) ё худ бозори ҷои кор, тибқи тақозои хоҷагиҳои хонадорӣ, фирма, давлат, дар асоси нархи бозорӣ сурат мегирад.

Бояд тазаккур дод, ки бозори омилҳои истеҳсолот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи бунёд ва ташаккули худ мебошад.

Бозори молия

Бозори молия ҳамчун кулли амалиётҳо оиди ташаккули тақозою арзаи воситаҳои молиявӣ (пул, асъор, саҳмия, облигатсия, қоғазҳои қимматнок…) ташкил мегардад.

Бозори молия ҳамчун хариду фурӯши як намуди пул ва воситаҳои пулӣ ба намуди дигари он – хариду фурӯши пулҳои “пештара” ба пулҳои “имрӯза” ё худ пулҳои “имрӯза” ба пулҳои “фардо” сурат мегирад. Пулҳо дар ин сифат ҳамчун қарз доду гирифт карда мешаванд. Асъорҳои як мамлакат ба асъорҳои мамлакати дигар низ ба сифати мубодила иштирок карда метавонад.

Қоғазҳои қимматнок бошанд, ба ҳайси саҳмияю заёмҳо, лотореяю спринтҳо, векселу чекҳо ва ғайра дар шакли нақд ё худ ғайринақдӣ фурӯхта мешаванд.

Бозори молия кулли муносибат ва фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ, алалхусус субъектҳои бозорро бо воситаи муассисоти молиявию қарзӣ, бонкҳо, бозори фондӣ (биржаҳои молиявӣ) танзим ва истиқрор менамояд.

Бозори молия таи солҳои охир ҳамчун бозори қа-рордод(контракт)-ҳои бамӯҳлат (бозори фючерсӣ), ки дар он хариду фурӯши пешакии қарордодҳо – вексел ва облигатсияҳо, бозори фючерсии асъор (хариду фурӯши пешакии асъор) ба роҳ монда шудааст, ривоҷу равнақ меёбад.

Бозорҳои қарордодҳои бамӯҳлат

Бозорҳои қарордодҳои бамӯҳлат ҳамчун ягонагии бозорҳои фючерсии молу хадамот, асъор, қоғазҳои қимматнок, фоизи қарз ва бозори қарордодҳои бамӯҳлат оиди индексҳои фондӣ (биржа) сурат мегирад.

Дар бозори фючерсии молу хадамот (Чикаго, Лондон) шартномаи байни истеҳсолкунанда ва истеъмолгарон перомуни миқдор, нарх, ҳаҷми хариду фурӯш, мӯҳлати иҷроиш ва дигар масъалаҳои судбахши тарафайн барои соли оянда баста шуда, иҷроиш ва тағйироти он таҳти назар қарор дода мешавад.

Дар ҳолати вайрон карда шудани шартнома, қусури он подош карда мешавад. Ба сифати объекти хариду фурӯш – қарордодҳои фючерсӣ ва форвардӣ оиди дастрас (таъмин) намудани молҳо баромад мекунад.

Бозори фючерсии асъор

Бозори фючерсии асъор ҳамчун мубодилаи контрактҳо (қарордодҳо) оиди асъор, барои соли оянда тибқи нархҳои шартномавӣ, бо воситаи биржаҳои байналхалқӣ ё худ бозорҳои озод ба роҳ монда мешавад.

Объекти хариду фурӯш дар бозори фючерсии қоғазҳои қимматнок – пакети қоғазҳои қимматнок ва дар бозори фючерсии фоизи қарз – қарордодҳои бамӯҳлат оиди харид ва фурӯши ӯҳдадориҳои қарзӣ, облигатсияҳо ва векселҳо баромад мекунад.

Бозори иттилоот

Бозори иттилоот ҳамчун шакли махсуси бозоре мебошад, ки дар он ба сифати мол маҳсулоти махсус – иттилоот пешкаш карда мешавад. Маҳсулоти иттилоотӣ дар шакли ахборотҳои корӣ, тиҷоратӣ, илмӣ, маданӣ ё худ ягон хели дигари он тавсия карда мешавад. Ингуна иттилоот аз ҷониби ширкатҳо, донишкадаю донишгоҳҳо, ташкилотҳои махсусгардондашуда ва ғайра пешниҳод карда мешаванд.

Бозори иттилоот ҳамчун шакли бозори зеҳнӣ (ақлонӣ, интеллектуалӣ) доираи дониш, фарҳанг, маънавиёт, санъат ва ғайра – натиҷаи бунёдкоронаи ақли солими инсон дар шакли кашфиётҳо, ихтироот, патент ва ғайраро фаро мегирад.

Дар охир бояд қайд намуд, ки ҳар яке аз ин шакл ва намудҳои бозор, бо таври ба худ хос ба ҳамдигар алоқаманд мебошанд ва ин ҳамбастагию ҳамгироии онҳо низоми ягонаи бозорро ташкил медиҳад ва дар бобҳои алоҳида, мушаххасан омӯхта мешаванд.


Шакл ва намудхои бозор, Меъёрхои муайянкунандаи бозор, Шаклхои бозор тибки меъёрхои иктисоди, Бозори молхои истеъмоли, Бозори молхои истеъмоли, Бозори мехнат (кувваи коргари)

ҚаблӣВазифаҳои бозор ва омилҳои муайянкунандаи он
БаъдӣЗерсохти бозор, моҳият ва унсурҳои он