Шакл ва намудҳои инфлятсия.
Дар адабиёти муосири иқтисодӣ барои муайян кардани шакл, намуд ва навъҳои инфлятсия меъёрҳои махсуси мухталиф истифода карда мешаванд, ки муҳимтаринашон инҳоанд:
– тибқи мавқеи ҷойгиронӣ ва паҳноиш (густариш) – инфлятсияи ноҳиявӣ, минтақавӣ, ҷумҳуриявӣ ва ҷаҳонӣ …;
– тибқи меъёри «амиқии» танзими давлатии иқтисод, ё худ дараҷаи озодии нархгузорӣ (аз ҷониби давлат ё худ бозор) – зоҳирӣ1, инфлятсияи ниҳон ё худ фишурдашуда2;
– тибқи суръати рушд – инфлятсияи мӯътадил (бомаром)3, хазанда (ҷаҳанда)4 ва тозанда (инфлятсияи шадид)5.
– тибқи набз ва омилҳои таъсиррасон ба низоми мавҷудаи иқтисодӣ – инфлятсияи содиротӣ6, ва инфлятсияи воридотӣ7;
– тибқи сирати ҳамоҳангӣ ё худ мутобиқгардонии иқтисодиёт ба суръати афзоиши нарх – инфлятсияи муозин8, ва инфлятсияи ғайримуозинӣ9.
– тибқи дараҷаи таъсири давлат ба субъектҳои хоҷагидор – инфлятсияи назораткардашаванда10 ва инфлятсияи идоранашаванда11;
– тибқи дараҷаи тағйироти МУМ ва мавҷуд будани рушди тақозо дар иқтисод – инфлятсияи зуҳурӣ (ҳақиқӣ)12 ва инфлятсияи сохта13;
– тибқи таъсири омилҳои бунёд ва таъминкунанда – инфлятсияи «тақозо», инфлятсияи «арза» ва инфлятсияи «хароҷот» ва ғайра (6, 386 – 388).
инфлятсияи бомаром – аз 1 то 3, 3-5 ё худ 3-10 фоиз дар давоми 1 – сол;
инфлятсияи ҷаҳанда – аз 10-20, 20-50, 50-100, 50-200 фоиз дар 1-сол;
инфлятсияи тозанда – аз 50-200, 200-1000, 200-2000 дар давоми 1-сол ва ғайра.
Чӣ тавре аз таҳлили рақамҳои боло ба назар мерасад, ақидаи ягона ва муайянкунандаи норма(меъёр)-и инфлятсия дида намешавад.
Новобаста аз ин ашколбандӣ бо таври маъмул чунин меъёрҳо дар адабиётҳои кунунии иқтисодии мамлакатҳои Ғарб бештар истифода карда мешавад:
инфлятсияи бомаром – 5-10 фоизи баланд рафтани нархи миёна дар давоми 1-сол;
инфлятсияи ҷаҳанда – 10-50 (ё худ 20-200 фоиз) дар 1-сол;
инфлятсияи тозанда – 50-100 фоиз дар давоми 1 моҳ (1, 158, 8, 116, 2, 437-438).
Инфлятсияи бомаром – инфлятсияе мебошад, ки дар мамлакатҳои тараққикардаи бозорӣ дар ҳолати ба ҳисоби миёна дар 1 сол аз 3 то 5 ё худ аз 5 то 10 фоиз боло рафтани нарх ба вуқӯъ мепайвандад. Он ҳамчун натиҷаи беқурбшавии бомароми ҳаҷми пул дар муомилот, дар давоми сол ба амал омада, лаҳзаи заруртарин ва сарчашмаи таккони иқтисоди бозорӣ қадр карда мешавад.
Инфлятсияи ҷаҳанда равандеро ифода мекунад, ки дар он иқтисод дар ҳолати баланд шудани садҳо фоизи нарх қарор дорад. Пул дар ин давра бо суръати хеле ҳам баланд беқурб мешавад.
Инфлятсияи тозанда – инфлятсияе дониста мешавад, ки дар давоми моҳ суръати болоравии нарх дар иқтисодиёт зиёда аз 100% ташкил диҳад. Ин ҳолат хислати хоси давлатҳои фавқулинкишофи бозорӣ мебошад. Аксар вақт он дар ҳолати гузариши давлатҳо аз як низом ба низоми дигар, яъне давраи гузариш бештар рух медиҳад ва дуру дароз амал мекунад.
Инфлятсияи тозандаро дар шароити баъди ҷангии мамлакатҳо бештар мушоҳида кардан мумкин аст. Масалан, дар охири солҳои 1995 дар Россия индекси нарх зиёда аз 4500 маротиба, дар Тоҷикистон – 2500-2700 маротиба; дар Германия (с.1923) – 1,3 трлн. маротиба афзудааст (8
Хусусиятҳои инфлятсияи пул ва шаклҳои он
Инфлятсия – ин ҳолати бӯҳронии низоми пулист. Истилоҳи инфлятсия, ки дар муомилоти пулӣ истифода мегардад, дар миёнаи асри XIX пайдо шудааст. Қаблан инфлятсияро танҳо чун паст шудани қурби пул ва болоравии нархҳо медонистанд. Дар айни замон низ баъзе иқтисоддонҳо ҳамин ақидаро тарафдорӣ мекунанд.
Инфлятсия имрӯза на танҳо ба паст шудани қобилияти харидории пул дар натиҷаи болоравии нархҳо, балки ба ҳолати номусоиди тараққиёти иқтисодии мамлакат низ вобастагӣ дорад. Инфлятсия бештар дар натиҷаи таззодҳои ҷараёни истеҳсолот, ки бо омилҳои зиёд дар соҳаҳои истеҳсолот, муомилоти мол, инчунин муомилоти пулӣ, қарз ва молия ба вуҷуд меоянд, алоқамандии зич дорад.
Тазаккур бояд дод, ки инфлятсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусиятҳои хоси худро дорад. Масалан, аз сабаби кам шудани истеҳсолоти саноатӣ ва аз кор боз мондани қисме аз корхонаҳои саноатӣ дар бозори дохилӣ саросар бо молҳои мамолики хориҷӣ муомила мекунанд. Дар Точикистон бозори дохилӣ қариб пурра ба бозори хориҷӣ вобаста гардид. Ин ҳолат талаботро ба асъори хориҷӣ ва пеш аз ҳама ба доллари ИМА афзуд ва афзуда истодааст. Дар дохили ҷумҳурӣ сарчашмаи воридшавии асъори хориҷӣ асосан аз фурӯши пахта ва алюминий мебошад. Бо вуҷуди ин агар сатҳи инфлятсия дар нимаи дуюми соли 1995 — 2000 % ташкил дода бошад, дар соли 1997 ба 160% ва дар соли 1998 ба 102,7 % паст карда шуд. Бояд зикр намуд, ки 10 майи соли 1995 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон пули Федератсияи Русия, яъне рубли тоҷикӣ ва 30 октябри соли 2000 пули миллии сомонӣ ба муомилот бароварда шуд.
Дар ҷумҳурӣ баҳри нигоҳ доштани қобилияти харидории пули миллӣ ҳамеша чораҳои зарурӣ меандешанд. Президенти мамлакат мӯҳтарам Э.Ш. Раҳмонов дар ҷаласаи васеи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар баромади худ қайд намуд, ки “Пули миллӣ таҷассуми симои миллат, ифодаи истиқлолият, соҳибихтиёрии давлат ва яке аз рукнҳои асосии роҳи мустақилонаи давлатдорӣ мебошад”. Барои роҳ надодан ба болоравии сатҳи инфлятсия дар ҷумҳурӣ фаъолияти мунтазами бозори асъории байнибонкӣ ба роҳ монда шуд ва чораҳои дигар низ андешида мешаванд.
Ба инфлятсия пул омилҳои дохилӣ ва берунӣ таъсир мерасонанд. Дар омилҳои дохилӣ, омилҳои пулӣ ва ғайри пулиро дидан мумкин аст. Омилҳои пулӣ – касри буҷети давлати, афзоиши қарзи давлатӣ, барориши пул, афзоиши ҳаҷми қарз дар мамлакат ва ғайрабуда, омилҳои ғайрипулӣ бошад ин нобаробар тараққӣ кардани соҳаҳои истеҳсолии хоҷагии халқ, ҳодисаҳои хусусияти иҷтимоидошта мебошанд.
Бӯҳронҳои таркибии ҷаҳонӣ (ашёӣ, энергетикӣ, асъорӣ), сиёсати асъории мамлакатҳо, содироти пинҳонии тилло ва асъор омилҳои берунии инфлятсия ба ҳисоб мераванд.
Аз ин рӯ, ҷараёни бисёромилаи инфлятсия ин номутаносибии тараққиёти ҷамъият аст, ки боиси вайрон шудани қонуни муомилоти пулӣ мегардад.
Шаклҳои пайдоиши инфлятсия аз инҳо иборатанд:
-тағйирёбии номунтазами нархи молҳо ва хизматрасонӣ, ки боиси паст шудани қобилияти харидории пул мегардад;
-паст шудани қурби пули миллӣ нисбати асъори хориҷӣ. Масалан, моҳи майи соли 1995 — 51 рубли тоҷикӣ баробари 1 доллари амрикоӣ буд, дар таърихи 1 декабри соли 1998 бошад 877 рубли тоҷики 1 доллари амрикоро ташкил дод;
-тағйироти нархи тилло ва ғайра.
Баъд аз ба муомилот баровардани пули миллии сомонӣ 2,2 сомонӣ баробари 1 доллари ИМ А муқаррар карда шуд. Моҳи марти соли 2006 бошад, 3,2 сомонӣ баробари 1 доллари ИМА мебошад.
Навъҳои инфлятсия
Навъҳои инфлятсия. Вобаста ба сабабҳои бавуҷудоии инфлятсия, ду навъи асосии он вуҷуд дорад: инфлятсия талабот ва инфлятсия хароҷоти истеҳсолот.
Инфлятсия талабот
Инфлятсия талабот. Одатан ин навъи инфлятсия дар асоси зиёд шудани талабот ба вуҷуд меояд. Талабот ба молҳо нисбат ба пешниҳоди онҳо меафзояд, зеро соҳаҳои истеҳсолкунандаи мол қудрати таъмин намудани талаботи аҳолиро надоранд. Ин талабот боиси болоравии нарх мегардад, зеро пул дар дасти мардум аз ҳаҷми моли пешниҳодшуда зиёдтар аст.
Сабабҳои асосии инфлятсия талабот аз инҳо иборатанд:
а) афзоиши хароҷоти ҳарбӣ;
б) касри буҷети давлатӣ ва афзоиши қарзи давлатӣ;
в) афзоиши амалиётҳои қарзӣ, дар асоси зиёд шудани миқдори муассисаҳои қарзӣ;
г) ба мамлакат ворид шудани асъори хориҷӣ. Дар натиҷаи иваз шудани ин асъор ба пули миллӣ ҳаҷми пул дар муомилот зиёд мешавад.
Аз ин рӯ, инфлятсия талабот дар ҳолатҳое мушоҳида мешавад, ки сатҳи нархҳо дар натиҷаи зиёд шудани талабот ба мол боло меравад.
Инфлятсия харочоти истехсолот
Инфлятсия хароҷоти истеҳсолот. Сабабҳои асосии ин инфлятсия инҳоянд:
а) паст шудани дараҷаи ҳосилнокии меҳнат, ки дар натиҷаи тағйир ёфтани давраи истеҳсолот ё ин ки дигаргун намудани таркиби истеҳсолот ба вуҷуд меояд;
б) афзоиши соҳаҳои хизматрасонӣ, ба вуҷуд омадани навъҳои нави хизматрасонии ҳаққи хизматашон баланд ва зиёд шудани музду маош ва дар натиҷа напушонидани хароҷоти хизматрасонӣ;
в) ҷорӣ намудани андозҳои ғайримустақим, ки боиси афзоиши нархи мол ва хизматрасонӣ гардида, хароҷоти умумии истеҳсолиро зиёд мекунанд ва ғайра.
Барои арзёбӣ ва муайян намудани сатҳи инфлятсия нишондиҳандаи намояи нархҳоро (индекс цен) истифода мебаранд. Намояи нарх дар таносуби нархи як миқдор молҳои истеъмолӣ дар давраи ҳозира бар нархи ҳамин қадар молҳои истеъмолӣ дар давраи гузашта муайян карда мешавад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи ба муомилот баровардани пули миллӣ сатҳи инфлятсия ҳисоб карда намешуд. Бинобарин мо хусусияти инфлятсияро дар кишварамон баъд аз ба муомилот баровардани пули миллии сомонӣ дида мебароем.
Сатҳи намояи нархҳои истеъмолӣ ва инфлятсия дар тули се сол дар кишварамон чунин аст:
Намояи нархҳои истеъ-молӣ дар давоми сол | 1.01.2003 | 1.01.2004 | 1.01.2005 | 1.01.2006 |
% | 113,7 | 105,7 | 107,1 | 101,5 |
Аз рақамҳои дар боло зикршуда маълум мегардад, ки инфлятсия пул дар аввали соли 2003—113,7%, дар аввали соли 2004—105,7%, аввали соли 2005—107,1% ва аввали соли 2006—101,5% -ро ташкил дод.
Тавре ки дар боло зикр кардем, инфлятсия пул бо дараҷаи нархҳо андоза карда мешавад. Нарх бошад дар ҷараёни инфлятсия ба ҳамаи молҳо якхел тағйир намеёбад, нархи баъзе молҳо боло рафта, нархи дигарашон бетағйир мемонад. Ҳангоми дар муомилот зиёд шудани пул қабл аз ҳама нархи молҳои истеъмолии дараҷаи аввал баланд гардида, баъдан имкон дорад нархи дигар молҳо баланд гардад. Аз баланд шудани нарх асосан истеъмолкунандагон зарар мебинанд.
Инфлятсия оқибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ дорад, ки аз инҳо иборатанд:
-азнавтақсими даромад байни гурӯҳҳои одамон, соҳаҳои истеҳсолот, минтақаҳо, ширкатҳо ва дебиторону кредиторон;
-беқадр (арзон) шудани пасандозҳои аҳолӣ, амонатҳои субъектҳои хоҷагидорӣ ва буҷети давлатӣ;
-паст шудани қурби харидории пули миллӣ.
- 1 явная или открытая инфляция – рус.
- 2 Подавленная инфляция – рус.
- 3 Умеренная инфляция – рус.
- 4 ползучая инфляция – рус.
- 5 гиперинфляция – рус.
- 6 экспортируемая инфляция – рус.
- 7 импортируемая инфляция – рус.
- 8 сбалансированная инфляция – рус.
- 9 несбалансированная инфляция – рус.
- 10 контролируемая инфляция – рус.
- 11 неуправляемая инфляция – рус.
- 12 явная инфляция – рус.
- 13 мнимая инфляция – рус.