Шарикӣ дар ҷиноят

Иштироки якҷояи қасдонаи ду ё зиёда ашхос дар содир намудани ҷинояти қасдона шарикӣ дар ҷиноят эътироф мешавад.

Шарикӣ дар ҷиноят якчанд аломатхои худро дорад. Иштироки якҷояи ду ва ё зиёда шахс дар содиркунии чиноят чунин маъно дорад, ки ҳаракати шарикон дар содиркунии ҷиноят яке дигареро пурра намуда, бо мақсади содир намудани ҷинояти муайян равона шудааст. Иштироки якҷояи шарикӣ, ки бо маслиҳат анҷомидааст, аз ҳаракатҳои чудогонаи чанд нафар, ки ба содиршавии як ҷиноят мусоидат намудааст, фарқ мекунад.

Ташкилкунанда, таҳриккунанда ва ёрдамчӣ дар баробари иҷрокунанда шарикони ҷиноят эътироф мешаванд.

Иҷрокунанда шахсе эътироф мешавад, ки бевосита ҷиноятро содир намудааст ё якҷоя бо ашхоси дигар (ҳамиҷрокунандагон) бевосита дар содир намудани он иштирок кардааст: инчунин шахсе, ки бо роҳи истифодаи ашхоси дигаре, ки мувофиқи қонун ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешаванд, ҷиноят содир кардааст.

Ташкилкунанда шахсе эътироф мешавад, ки ҷиноятро ташкил ё ба иҷрои он роҳбарӣ карда бошад, инчунин шахсе, ки гурӯҳи муташаккил ё иттиходи ҷиноятиро (ташкилоти ҷинояти) таъсис дода ё ба он роҳбарӣ кардааст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Таҳриккунанда шахсе эътироф мешавад, ки шахси дигарро бо роҳи багапдарорӣ, порадиҳӣ (харидан), таҳдид ё ба тариқи дигар ба содир кардани ҷиноят моил кардааст.

Ёрдамчӣ шахсе эътироф мешавад, ки бо маслиҳату дастур, додани маълумот, восита ё олоти содир кардани ҷиноят ё рафъи монеаҳо ба содир намудани ҷиноят мусоидат кардааст, инчунин шахсе, ки пинҳон кардани ҷинояткор, восита ё олоти содир намудани ҷиноят, осори ҷиноят ё ашёи бо роҳи ҷиноят ба даст омадаро пешакӣ ваъда додаст, ҳамчунин шахсе, ки дар хусуси соҳиб шудан ё ба соҳибияти каси дигар додани чунин ашёро пешакӣ ваъда додаст.

ҚаблӣМафҳуми ҷиноят ва аломатҳои таркиби он
БаъдӣҲолатҳое, ки ҷиноят будани кирдорро истисно мекунанд