Шеър дар бораи МАРД

Шеърхо дар васфи Мард ва мардонаги дар ин мақола:

мард бояд чи гуна бошад

Мард он, ки сарафроз сари дор бимирад,
Як бор таваллуд шуда, як бор бимирад.

Мард он, ки сари қулла чу ҳамхонаи хуршед
Аз қисмати худ розию саршор бимирад.

Мард он, ки сабуктар бикунад бори Заминро,
Бо умри гаронбор гаронбор бимирад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Бо дӯсти наздик равад манзили дуре,
Бо ёр ва ё бо алами ёр бимирад.

Дар хоб ба овози замин гӯш ниҳад шаб,
Рӯзона чу ҳақдӯст зада ҷор бимирад.

Мард он, ки намонад зи шабаш шишаи холӣ…
Пуршӯру пурошӯбу пурасрор бимирад.

Мард он, ки тиҳӣ буда чунон косаи танбӯр,
Бо нағмаю оҳанги шарарбор бимирад.

Мард он, ки намирад зи қазо бо аҷали худ,
Дар ишқ ва ё кор ва ё ор бимирад.

Мард он, ки шарафманду баномусу ҷавонмард
Бо ин ҳама озор сазовор бимирад!

Амалҳое, ки марди муосир бояд анҷом дода тавонад…

Дил (Рубоиҳо аз Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ)

ҚаблӣХасистарин одами дунё
БаъдӣШеър дар бораи ВАХДАТ

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед