Шеър дар бораи математика (риёзӣ)

Шеър дар бораи математика (риёзӣ), шеър аз фанни математика ))

Риёзӣ фанни инсоф аст!
Агар ду ҷамъи ду созӣ,
Бидон, ки бетағобозӣ,
Дахолаткориҳои пулису қозӣ
Ва ё бе додани як кабки Қафқозӣ,
Ҷавобаш чор хоҳад шуд,
Яъне ки дурӯғ инкор хоҳад шуд.

Риёзӣ фанни имон аст!
Зеро дар раҳи имон ғами поёну боло нест,
Чунон ки дар масоҷид ҷои мо инҷову онҷо нест,
Ададҳоро ба каср аз поину боло* чу бинвисӣ,
Ҷавоби ҳосилат як нукта беҷо нест,
Зарурат ҳам барои шарҳ аз олиму мулло нест.

Риёзӣ фанни ҳақёбист!
Зи баски ростиву ҳам дақиқӣ дар вуҷудаш ҷост,
Далелу шарҳу исботаш ҳама барҷост,
Зи бас аз ростӣ шоҳаншаҳи фанҳост,
Аз он ки ҳимматаш аз ростӣ волост,
На дар ҳар сина меҳре баҳри он пайдост,
Табобат кардани ин синаҳо авлост!

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Кунун аз ҷамъу тарҳу тақсими сайёра омӯзед
Риёзиро ҳанӯз бар кӯдаки гаҳвора омӯзед.

*Сурату махраҷ

Осими ОҚИЛ


Амалҳои математики бо шеър

ҚаблӣМы живем в Таджикистане (стихотворение про Таджикистан)
БаъдӣХуш омади, шеъри ошикона