Шеър дар бораи Самарканд

Якчанд шеър дар васфи Самарканд дар ин мақола оварда мешавад. Самарканд шеърхо >>>

Самарканд регистон картинка

САМАРҚАНДНОМА

Самарқанд шаҳри мардони баор аст,
Барои ховариён ифтихор аст.
Қадам оҳиста мон, эй марди ғофил,
Ки ҳар як зарраи хокаш мазор аст.
***
Ту шаҳри шеъру шеронӣ, Самарқанд,
Қадамҷои бузургонӣ, Самарқанд.
Хуросонро дили дунё шуморанд,
Ту худ қалби Хуросонӣ, Самарқанд.
***
Шудам мафтуни маҳрӯйи Самарқанд.
Шудам масти суманбӯйи Самарқанд,
Агар лозим шавад дунё бубахшам,
Барои ёри дилҷӯйи Самарқанд.
***
Самарқанд, ту бузургонро маконӣ,
Барои ман ту доим беҳ зи ҷонӣ,
Зи Сурхон омадам бо дарди афзун,
Давобахш чун табиби меҳрубонӣ.

Асадуллоҳ

Давоми матн пас аз блоки реклама

«Самарқанд сайқали рӯи замин аст,
Ҳавояш фораму хокаш маҳин аст.
Агар хоҳӣ бубинӣ ту биҳиште,
Ҳамин асту ҳамин асту ҳамин аст.

Ғазал гарчӣ арӯси шеър, аммо,
Самарқанд аз ғазал ҳам нозанин аст.
Ба олам чун Самарқанд офариданд,
Нидои офаридгор: «Офарин!» аст.

Кам Афросиёб аз қасри Рум нест,
Хуросон бо Самарқанд оҳанин аст.
Хуросон, Балху Марву Рашту Хуҷанд,
Сувайдо бар замин аз худ ҳамин аст.

Ба сӯи Каҳкашон роҳ аз Самарқанд,
Ба арш ӯро чӣ Хуршеди зарин аст.
Ба мисли Оби раҳмат нест обе,
Бубин оби Зарафшон ангубин аст.

Зи роҳи Каҳкашон роҳ то ба Меъроҷ,
Ба даври Каҳкашон чархи барин аст.
Самарқанд устувори чархмеҳвар,
Чу имон чархи меҳвар бар замин аст.

Самарқандам дуо аз Ҳақ гирифтаст,
Зарангушти Хуросонро нигин аст.
Таҳамтан мисли он Испитамон кист,
Ки Шоҳе Зинда дар марзаш яқин аст.

Чароғи равшан аз партав Самарқанд,
Ба Регистон ду тан Мавло қарин аст.
Чӣ хуш нуре баланд аз марзи покаш,
Самарқанд осмони Ҳинду Чин аст.

Ба нони Осиё манзуру машҳур,
Ки Қасри Хонум аз ӯ шаҳнишин аст.
Ки чун Испитамон шерафкани гурд,
Ҷилои партави Ҳақ бар ҷабин аст.

Ба дӯш оташ гузашт аз Каҳкашон маҳ,
Панаҳдижи Самарқанд оҳанин аст.
Ба хун оғушта дар сангар гаҳе дил,
Ба бун оғушта гар дар хун матин аст.

Ба савдо рафту рафт аз каф Хуросон,
Чу хуршед аз азал бар рағми кин аст.
«Ба авҷи Кибриё паҳлӯи аҷз аст»,
Биҳишти боғаш аз ангуру тин аст.

Ба Тӯрон Рустаму Сӯҳроб огоҳ,
Ба Рахши тездав Рустам ба зин аст.
Зи аҳди Суғдшаҳр овори нақд аст,
Ки аз ӯ қиссаҳои дилнишин аст.

Танини сози овоз аз Хуросон,
Раҳин аз Кибриё бар мо яқин аст…
Хирад бар дӯши ирфони Самарқанд,
Самарқанд кӯҳнаву нав нозанин аст.»

Муҳаммад Холиқ


Дар таърифи Самарқанд

Биё эй дил, тамошо кун, ки хубон дар Самарқанд аст.
Суманбар, лоларӯ, оҳунигоҳон дар Самарқанд аст.
Ситамгар, нозпарвар, нозанинон дар Самарқанд аст.
Саҳиқад, моҳпайкар, хушхиромон дар Самарқанд аст.
Суманрӯю париандому ҷонон дар Самарқанд аст.

Забон лоласт аз таърифи айе’ми баҳоронаш,
Қалам саргаштаву оҷиз зи таҳрири гулистонаш,
Шавад табъи ҳазин хуррам зи гулгашти хие’бонаш,
Димоғи ақл равшан аз ҳавои Боғи Майдонаш.
Бале, бӯе зи Боғистони ризвон дар Самарқанд.

Зи ҷаннат мешавад беҳтар чу фасли навбаҳор ояд,
Арӯси хуррамӣ бо маҳмили нузҳат савор ояд,
Зи ҳар девори боғаш хирмани гул ошкор ояд.
Барои сайраш аз ҳар шаҳр халқи бешумор ояд,
Тамошо кун, ки сайри хушбаҳорон дар Самарқанд аст.

Чӣ сон созам бае’н ман васфи “Оби раҳмат”-и омаш,
Бувад Кавсар ба ширинӣ яке аз ҷумла худдомаш
Ба софигӣ бувад нисбат варо бо нуқраи хомаш,
Зи даре’яш бипурсӣ, бар ту гӯям, гӯш кун номаш:
Ҳамон даре’ ки бишнидӣ, “Зарафшон” дар Самарқанд аст.

Шавад хотир чу гул хуррам зи сайри сабзазори ӯ,
Намое’н гашта ҷаннат аз намуди лолазори ӯ
Насими гул расад андар димоғ аз бӯӣ зори ӯ
Кунад табъи расое’нро дуболо навбаҳори ӯ,
Ғараз маҷмӯи файзи навбаҳорон дар Самарқанд аст.

Ба ҳар як кӯчааш ҷорӣ чи хуш ҷӯбори пуробаст,
Ба ҳар сӯяш агар рӯ оварӣ, сабз асту шодоб аст,
Зи дигар мулкҳо обод ҳар мулке ки хуш об аст,
Бухоро маъдани илм аст, аммо сахт беоб аст,
Биҳамдуллоҳ, ки даре’и хурӯшон дар Самарқанд аст.

Ба “Оби-раҳмат”-аш з-оби Хизр пайванд аст,
Ба ҳар сӯяш назар созӣ, диловез асту дилбанд аст.
Набошад шубҳае, гӯям агар фирдавсмонанд аст,
Ки таъми меваҳои боғи ӯ ширинтар аз қанд аст,
Дарахти себу шафтолуву руммон дар Самарқанд аст.

Кунам асмои баъзе аз мадорисхои ӯ изҳор,
Якеро Шердор асту дигарро ном Тилло-Кор,
Мударрисҳои ӯ алломаи вақтанд дар гуфтор,
Ба илму мантиқу фиқҳу каломанд он ҳама тайёр.
Ба кулли илми олам дарсгуён дар Самарқанд аст.

Басо хайф аст, ҷоно, гар ба дигар шаҳр дил бандӣ,
Муҳайе’ гашта инҷо ҷумла алтофи худовандӣ,
Барор аз сар тамошои пари гуёи Хӯқандӣ,
Ту Акрам, бо чунин гуфтори ширин аз Самарқандӣ,
Бале, монанди ту нозук хаёлон дар Самарқанд аст.

Мирзо Акрам Фикрии Самарқандӣ


самарканд шеърхо Шеър дар васфи Самарқанд шеърҳо.

Эй бухоро, шод бошу дер зӣ!

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед