Шеър дар васфи Хушдоман дар сомонаи www.Donishju.Net. Хонед ва ба дӯстонатон равон кунед.
ХУШДОМАН
Дидори Шумо ҳамеша гарму ширин,
Гуфтори Шумо ҳамеша нарму ширин.
Дилсӯзи манеду меҳрубони дерин,
Хушдомани хушзабони ман, хуш бошед!
Ҳастии Шумо ба хона орад баракат,
Аз дасти Шумо ҳамеша борад баракат.
Доред ба покиву ба некӣ ҳаракат,
Хушдомани кордони ман, хуш бошед!
Дар хонаамон оинаи оинед,
Ғамхори набераҳои худ мешинед.
Эй кош, абераҳои худ ҳам бинед,
Хушдомани хонабони ман, хуш бошед!
Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
Келини Шумоям, аз Шумо огоҳам,
Ман бо ғаму шодии Шумо ҳамроҳам.
Як умр ман аз Шумо дуо мехоҳам,
Хушдомани меҳрубони ман, хуш бошед!
Хуштоман келину хушдоман хуштоман.