Шеър дар васфи Тирамох

Якчанд шеър дар васфи Тирамох меорем. Шеърхо дар васфи Тирамох аз сомонаи DONISHJU.NET >>

Тирамоҳи зарринмӯ (шеър)

Тирамоҳи зарринрӯ,
Тирамоҳи зарринмӯ,
Гӯям, ту ба кӣ монанд?
Ба арӯсаки хушрӯ!

Анори дона-дона,
Дилафрӯзу дӯлона.
Харбузаҳои ширин,
Себаки сурхи хона.

Ранга ба ранга ангур,
Мурӯду ноки хушхӯр.
Қоқу мавизу бодом
Ба ҳама созӣ манзур.

Давоми матн пас аз блоки реклама

Тирамоҳи заркокул,
Набошӣ гарчи пургул.
Аз ҳамаи фасли сол,
Ба ман ту ҳастӣ маъқул!

Латофат Кенҷаева


Тирамоҳ

Омад фасли тирамоҳ,
Моҳу Офтоб камнамо.
Ҳам осмони беканор
Гаҳе шӯху беқарор.

Гаҳе софу беғубор,
Гаҳе хира, гаҳе тор.
Гаҳе борон меборад,
Аз новаҳо мешорад.

Замин чу қолини зар
Метобад андар назар.

Замира Ҳоҷибоева


Шеър дар бораи ТИРАМОҲ

Хони эҳсон

Бо ханда рӯйи худ тофт
Хуршеди тирамоҳон.
Тасвири дигаре ёфт
Маҳбуб Тоҷикистон.

Рухсора шуст дар нур
Себу анори хушбӯ,
Рӯ тоза кард бодом
Бо пистаҳои худрӯ.

Ангур ранг овард
Дар навдаи хами ток.
Чун қанд гашт ширин
Анҷиру олую нок.

Дар ҷӯяҳои полез
Бо об нур ҳал шуд.
Харбуза шуд шакаррез,
Тарбуза чун асал шуд,

Хурмои наврасида
Бо шуълаҳо даромехт.
Фарзанди офтоб аст,
Нури ҷаҳон ба ӯ рехт.

Дар субҳи тоза лимӯ
Ҳамранги барги тар буд.
Нуре дамид дар рӯ,
Хушрангу тозатар шуд.

Бо ханда рӯйи худ тофт
Хуршеди тирамоҳон,
Бикшод хони эҳсон
Маҳбуб Тоҷикистон.

Убайд Раҷаб


Баргҳои тиллоӣ

Баргҳои сабз тиллоӣ шуданд,
Сурхрӯ гӯё ки аз бойӣ шуданд.
Лек аз сайри шамоли тирамоҳ
Зери по афтода, ҳарҷойӣ шуданд.
Дар фироқи* боғ савдоӣ шуданд.

Меваҳоро чида чун дурдонаҳо*
Мардумон бурданд сӯйи хонаҳо.
Баргҳо монданд чун болу паре
Баъди кӯчи булбулон аз лонаҳо,
Дур аз сарманзили ҷононаҳо.

Боз фардо чун расад фасли баҳор,
Баргҳои тоза андар шохсор
Боз ҳам гаҳвораҷунбонӣ кунанд,
Дар сари гулҳо қатор андар қатор,
То шавад ҳар як ниҳоле сербор.

Боғҳо чун Ҳотами Тойӣ шаванд,
Меваҳои сабз тиллоӣ шаванд
Дида инро баргҳо боз аз ғурур*
Худписанду маст аз бойӣ шаванд.
Боз ҳам рӯзарду ҳарҷойӣ шаванд.

Аминҷон Шукӯҳӣ


  • фироқ – ҷудоӣ, дурӣ
  • дурдонаҳо – чизҳои қиматбаҳо, гавҳарҳо
  • ғурур – ҳавобаландӣ

 Шеърхо дар васфи Тирамох, Тирамохи зарринму (шеър), Тирамоҳ, Омад фасли тирамох, шеърхо дар васфи тирамох бо забони точики.

Васфи тирамох аз нигохи олимон

1 шарҳ

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед