Шеърҳо аз ашъори Муҳиддин Аминзода

Дар ин мақола якчанд шеър аз эҷодиёти Муҳиддин Аминзода оварда мешавад.

гуфтахои бузургон, панду андарзи бузургони точики


Таълими умумии маҷбурӣ

Ҷаҳл аз худ дур мебояд намуд,
Дафъи ин манфур мебояд намуд.
Аз чароғи илму нури маърифат
Синаро пурнур мебояд намуд.
Хотири худро ба боғи илму фан
Хурраму масрур мебояд намуд.
Як тараф тарғибу ташвиқотро
В-аз дигар сӯ зӯр мебояд намуд.
Хок бар чашмони бадхоҳон зада,
Чашми душман кӯр мебояд намуд.
Аз барои хондану хонондан
Хешро маҷбур мебояд намуд.


Шеър аз ашъори  Мухиддин Аминзода

                   Хӯша ва деҳқон (шеър)

Хӯша:
Манам донаро карда андар бағал
Пайи туъмаи мардуми камбағал.
Ҳама халқро зиндагӣ бо ман аст,
Ду чашми халоиқ суи хирман аст.
Магӯ ҳосил аз ранҷи деҳқон шуда,
Шавам луқмаи ранҷбар, нон шуда.
Нахоҳам, ки ҳаннот гирад маро,
Ба дасти ҷафоҷӯш орад маро.
Ҳукумат, ки ёр асту ҳам дӯстдор,
Ба анбори он дӯстдорат супор.
Деҳқон:
Ҳама зиндагӣ бо ту доранду бас,
Ба аввал туро дар каф оранду бас.
Ту аз қуввати бозуи ман шуда,
Ба сад меҳнату ранҷ хирман шуда.
Ба ҳаннот ман кай супорам туро,
Ба сӯи ҳукумат биёрам туро.
Супорам ба дасти ҳукумат агар,
Ҳукумат диҳад боз бар ранҷбар.
Ба анбори давлат диҳам ғалларо,
Кунам хор ҳанноти пурҳиларо.


Баҳори нав

Боди баҳор мевазад ҷеғ зада ба кори нав,
Сабзаи тоза медамад дар қадами баҳори нав.
Саҳни чаман базеб шуд боз зи фарши махмалин,
Шаҳд ба коми ҷӯйҳо рехт зи обшори нав.
Об гирифт шохи гул булбули беқарор, бин,
Нағмаи тоза машқ кун баҳри висоли ёри нав.
Меҳр зи меҳри модарӣ гарм навозишаш намуд,
Фарбеҳу тоза шуд замин баҳри ҳусули бори нав.
Ҳо, ана пахтакорҳо, зираку пухтакорҳо,
Омадаанд аллакай аз паи кишту кори нав.
Кишт кунед бармаҳал, шод шавед аз амал,
Ҳам зи қадим як масал, ҳам ба шумо шиори нав.
Шуҳрати порсоларо боз баландтар кунед,
Боз ба даст оваред иззату эътибори нав.
Хуш Ватану баҳори он, домани киштзори он,
Баҳри ривоҷу кори он меҳнату ифтихори нав.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Мо ҷанг намехоҳем

Одамизод ба дунё на ба ҷанг омадааст,
На ба қурбон шудан аз тӯпу туфанг омадааст,
Омадаст ин, ки ҳаёте гузаронад озод,
Рӯзгораш шавад аз меҳнати озод обод.
Чун бинокор зи дасташ шавад иншо ба ҷаҳон
Шаҳри ороставу деҳаву боғу бустон.
Омадаст, ин ки кунад зиндагии беозор,
На ба пояш бизанад хору на бар дида ғубор.
Орзуҳои накӯи ба дил овардаи худ
Бо дили ҷамъу осуда биёрад ба вуҷуд:
Ба камолот расад, нав ба нав эҷод кунад,
Аз ҳар эҷоди наваш хотири кас шод кунад,
Орзуву ҳавасу тӯю тамошо бинад,
Ҳар қадар лаззати умр аст ба дунё, бинад,
Хонаву дар кунаду соҳиби фарзанд шавад,
Ҳар яки он ба Ватан ёвару дилбанд шавад,
Умр ширину дарозу хушу хуррам бошад,
На асорат ва на хунрезию мотам бошад.
Умр азиз аст, чаро он ба асорат гузарад?
Зери занҷири ғуломию ҳақорат гузарад?
Умр як бор, дар он нашвунамо бояд кард,
На ки нашкуфта, вай аз боди хазон гардад зард,
Ин бувад орзуи неки ҳама халқи ҷаҳон,
З-ин сабаб сулҳу амонӣ ҳамаро вирди забон.
Марг онро, ки ба ин умр ҳалокатхоҳ аст,
Хешро гуфта, ба бегона фалокатхоҳ аст.
Чашми пурҳирс ба мулки дигарон медӯзад,
«Оши девона пазад» гуфта, ҷаҳон месӯзад.
Не! Чунин қавм нахоҳанд расидан ба мурод,
Халқ зӯр аст ва зӯриш нишон хоҳад дод.
Ба ҷаҳонгирии доллар надиҳанд асло роҳ
Халқҳои ҳамагӣ якдила амниятхоҳ.
Халқи тоҷик ҳам аз он ҷумла паи сулҳи ҷаҳон
Карда имзову ҳамовоз бувад бо онон.
Ҳар як имзо паси худ дасти тавоно дорад,
Дасти пурзӯртар аз ҳар чӣ ба дунё дорад.
Дастҳое, ки кунад нарм зи гармӣ пӯлод,
Чусту чобук ба бинокории фабрику завод,
Дастҳои ба замин бурда фурӯ муҳри каланд,
Карда бо ҳосили аълош Ватанро хурсанд,
Дастҳое, ки паи равнақи илму ирфон
Ба китобу қалам омухта бувад рӯзу шабон,
Дастҳое, ки паи сулҳ ба имзо шудаанд,
Ҳамагӣ муттаҳиду зӯру тавоно шудаанд.
Ҷангҷӯён натавонанд чунин даст шикаст,
Нашканад даст, чу ин гуна бигардад пайваст.

Шеър дар васфи муаллим

ҚаблӣМуҳиддин Аминзода
БаъдӣФазлиддин Муҳаммадиев

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед