Шеърхо аз Бузургмехри Баходур

Даҳ байти ноб аз Бузургмеҳри Баҳодур, Шеър аз Бузургмехри Баходур.

1. Пой бошад роҳ пайдо мешавад,
Роҳ сӯи моҳ пайдо мешавад.

2. Зимистон омаду ин субҳ хуршед,
Намози рӯшноиро қазо кард.

3. Сад ҳавопаймо зи коғаз сохтам бо орзу,
Орзуҳои самоӣ дар сари ман мондааст.

Давоми матн пас аз блоки реклама

4. Дар кори замона тирагӣ бисёр аст,
Дунё дили равшани маро мехоҳад.

5. Ҳама сӯзи дилам беҳуда будаст,
Барои модарам месӯзам акнун.

6. Баҳор овардан осон нест, ёрон,
Ба мисли турнаҳо роҳам дароз аст.

7. Бидуни зан на май буду на шоир,
Зану шеъру шароб аз як таборанд.

8. Ҳар киро ҳар чӣ бувад, гӯй, зи ту меранҷад,
Чунки дар зиндагӣ оина будан душвор аст.

9. Ҳар лаҳза чу сайдест барои соат,
Бо тирчаҳо пайи шикор аст ҳанӯз.

10. Дар раҳрави ғамбиё гулу сабза дамид,
Ғамҳо раҳи хонаи дилам гум карданд.