Шеърхо ба ифтихори рузи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ – 30 сентябр. Шеърхо ба ифтихори рузи Мавлоно Чалолиддини Балхи – Маснави.
Ба ифтихори Рӯзи Мавлоно
МУНОҶОТЕ БО МАВЛОНО
Беш аз ин ин қавмро сарсон макун,
Қолаби маҳҷурро бе ҷон макун,
Ин Ватанро кулбаи эҳзон макун,
“Эй Худо, ин васлро ҳиҷрон макун,
Сархушони ишқро нолон макун”.
Бӯстонро тозаву сарсабз дор,
Хону монро тозаву сарсабз дор,
Ин ҷаҳонро тозаву сарсабз дор,
“Боғи ҷонро тозаву сарсабз дор,
Қасди ин мастону ин бустон макун”.
Гул зи гил парвардаву бар гил мазан,
Оби ҳасрат бар рухи маҳфил мазан,
Доғи ҳайрат бар дили оқил мазан,
“Чун хазон бар шоху барги дил мазан,
Халқро мискину саргардон макун”.
Зиндагӣ бо ёду зикри ту накуст,
Ҳар гиёҳе сӯйи ту андар нумуст,
Ишқи покат қиблаи сад орзуст,
“Бар дарахте к-ошёни мурғи туст,
Шох машкан, мурғро паррон макун”.
Барқи нав дар хирмани Одам мазан,
Захми нав дар пайкари олам мазан,
Ҷуз ба душман зарбати маҳкам мазан,
“Шамъу ҷамъи хешро барҳам мазан,
Душманонро кӯр кун, шодон макун”.
Аҳриманкешон ба теғу ҷавшананд,
Дар хаёли хеш кӯҳи оҳананд,
Назми оламро баҳам бармезананд,
“Гарчи дуздон хасми рӯзи равшананд,
Ончи мехоҳад дили эшон, макун”.
Масдари омол ин халқ асту бас,
Қуввати шаҳбол ин халқ асту бас,
Асли истиқлол ин халқ асту бас,
“Каъбаи иқбол ин ҳалқасту бас,
Каъбаи уммедро вайрон макун”.
Дӯстдоронро ба санги кам мазан,
Реши дилҳоро ба ҷуз марҳам мазан,
Бар ғубори мо ба ҷуз замзам мазан,
“Ин таноби хаймаро барҳам мазан,
Хаймаи туст, охир ин, Султон, макун”.
Аз гуноҳи бепаноҳонат гузар,
Дар балоҳо, эй ба сар моро сипар,
Меҳвари ҷамъийяти аҳли башар,
“Нест дар олам зи ҳиҷрон талхтар,
Ҳар чи хоҳӣ кун, валекин он макун”.
26 майи 2020 Рустами Ваҳҳоб
ДАР МАЪРИФАТИ МАСНАВИИ МАЪНАВӢ
То нахонӣ Маснавии маънавӣ,
Кай шиносӣ қадру ҷоҳи Мавлавӣ?!
Маснавӣ маҷмӯаи хулқи карим,
Маснавӣ эъҷози дастони Калим.
Маснавӣ анфоси Исои Масеҳ,
Маснавӣ сармашқи мардони фасеҳ.
Маснавӣ кашфи румузи аҳмадӣ
Маснавӣ анвори ишқи сармадӣ.
Маснавӣ Қуръони ноби тоҷикӣ,
Маснавӣ атру гулоби тоҷикӣ.
Маснавӣ гулзори андарзу сухан,
Маснавӣ пирояи марди куҳан.
Маснавӣ он кӯраи мардони хом,
Маснавӣ он кӯзаи мушкинхитом.
Маснавӣ ҳодии кас андар тариқ,
Маснавӣ имдодбахши ҳар ғариқ.
Маснавӣ ҳарфу ибороте зи ҷон,
Маснавӣ абёти ноби ҷовидон.
Маснавӣ андар тариқ уммулкитоб,
Маснавӣ сӯйи ҳақиқат роҳёб
Маснавӣ анвори Ҳайи ломакон,
Маснавӣ рафъи ҳуҷуботу гумон.
Маснавӣ барномаи мардони роҳ,
Маснавӣ соқии мастони Илоҳ.
Маснавӣ бар ҷисми ушшоқ аст ҷон,
Маснавӣ мар рӯҳро қуту тавон.
Маснавӣ оҳанги нойи ишқи Ҳақ,
Маснавӣ мулки саодатро фалақ.
Маснавӣ алҳони довудӣ Забур,
Маснавӣ барқи таҷаллиҳои Тур.
Маснавӣ Шамсулҳақи ишқи Худост,
Маснавӣ симои Мавлонои мост.
Гар бихонӣ сад раҳ онро, марди хом,
Бе тааммул дар маониву калом.
Ҳамчу тӯтӣ масти гуфтори худӣ,
Ташна андар рӯду анҳори худӣ.
Гар намесозад туро инсони том,
Нестӣ шоёни иззу эҳтиром.
Гар нагардонад туро маҷнуни Ҳақ,
Маснавӣ пешат набошад ҷуз варақ.
Асли худро ҷустуҷӯ кун з-ин китоб,
Хатм шуд валлоҳу аълам биссавоб!
Иброҳими Наққош