Шеър дар васфи БАХОР

Шеърхо дар васфи БАХОР, шеър дар бораи Бахор, шеърҳо дар васфи Баҳор аз сомонаи www.DONISHJU.net >>

Баҳорон шуд!

Ҳаво гарму
Замин нарму
Гулу себарга рақсон шуд.
Баҳорон шуд!
Баҳорон шуд!

Табиат боз хандон шуд!
Зи нав ҳар сӯй
Оби ҷӯй
Шитобон шуд, шитобон шуд.
Ба васли гул
Кунун булбул
Зи хушнудӣ ғазалхон шуд,
Баҳорон шуд!
Баҳорон шуд!

Саҳоб аз осмон
Гаҳе ғуррон,
Гаҳе гирён
Гурезон шуд, гурезон шуд,
Куҷое рафт, пинҳон шуд.
Зи нав шамси ҷаҳоноро
Дурахшон шуд,
Дурахшон шуд,

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Чӣ хуш, фасли баҳорон шуд!
Чӣ хуш, фасли баҳорон шуд!

Н. Назирӣ


Баҳор омад

Баҳор омад, садои булбул омад,
Насими фораму бӯйи гул омад.
Либоси сабзро саҳро ба бар кард,
Кулоҳи сап-сафед олу ба сар кард.
Баҳор омад, чаман гулпӯш омад,
Дили мо, баччаҳо, дар ҷӯш омад.

Мирзо Турсунзода

бахор картинки, гулу булбул


Баҳори нозанин

Дашту даман гулпӯш шуд,
Боғу чаман гулпӯш шуд,
Бингар, чӣ гуна сар ба сар
Хоки ватан гулпӯш шуд

Омад баҳори нозанин
Бар ин диёри нозанин!
Аз нав замин бедор шуд,
Айёми кишту кор шуд,

Абри баҳорӣ бар замин
Шодона гавҳарбор шуд!
Омад баҳори нозанин
Бар ин диёри нозанин!

Нозирҷон Боҳирӣ


Ман рӯи туро бинаму Наврӯз кунам,
Шавма ба сари санги сиё рӯз кунам.
Шавум ба сари санги сиё рӯз нашуд,
Ҷонакма фидои ёри дилсӯз кунам!
***
Наврӯза ба Навбаҳор кай мебинам?
Гулҳора ба шаш қатор кай мебинам?
Гулҳора ба шаш қатор дар вақти баҳор,
Дилҳора ба як қарор кай мебинам?
***
Ҷонона, баҳори хуррамира чӣ кунам?
Ма бе ту ҳаёту зиндагира чӣ кунам?
Мардум аз худо умри дароз металабан,
Ин умри дарози ғамқатира чӣ кунам?
***
Имрӯз ҳавои боғ дорад дили ман,
Савдойи ту дар димоғ дорад дили ман.
Савдои ту аз димоғ берун нарава,
Мисли гули лола доғ дорад дили ман.

Мардумӣ


Айёми баҳор омаду боғу чаман шукуфт,
Саҳро шукуфту ёлаву ҳам ёсуман шукуфт.
Пайғоми баҳор омаду пеши нигоҳи ман,
Гӯё ки сангу хоку ҳавои Ватан шукуфт.
Аз хонишу аз чаҳ – чаҳи мурғони хушсадо,
Себарга ба рақс омаду ҳам настаран шукуфт.
Дар рӯзаки Наврӯз, хушо, баҳри ошиқон,
Хуршедвашу гулруху гулпираҳан шукуфт.
Айёми ишқ омаду ҳам дилситониҳо,
Аз суҳбати ширинсуханон анҷуман шукуфт.
Имрӯз баҳор асту дили ошиқон ба ҷӯш,
Раззоқ, ғазал гӯй, ки нахли сухан шукуфт.

Абдураззоқи РАЗЗОҚ


Баҳор асту ба тоқи хонаи ман,
Даруни кӯзаҳо гулҳо шукуфта.
Аз ин рангобарангиҳои наврӯз,
Ба боғи синаҳо дилҳо шукуфта.

Баҳор асту замину сангу оташ,
Ҳама дил дораду ҷонона дорад.
Ҳаёти талху ширини ман имрӯз,
Ҳазорон қиссаву афсона дорад.

Бигӯ аз сеҳри ишқу зиндагонӣ,
Магӯ аз бенишониву хазонӣ.
Ба рағми сардҷониву хамӯшӣ,
Баҳор асту ҷунун асту ҷавонӣ.

Маро бедор кун аз хоби ширин,
Ки хоби субҳидам серӣ надорад.
Барои одами бозомади марг,
Худойи ман, чаро дерӣ надорад.

Маро бедор кун аз хоби ғафлат,
Ки хобу марг алҳақ ҳамзабонанд.
Ба чашми кӯр андар зулматобод,
Баҳои рӯшаноиро надонанд.

Азизонам, азизонам, Азизам,
Магар ман ҳам замоне мешавам пир?
Ки медонад, ки медонад, ки фардо,
Чи хоҳад кард бо ман дасти тақдир.

Дилам фардо бигардад сарду бемор,
Қалам дар дасти ман ларзад чу шамшер,
Маро бедори кун имрӯз, эй ишқ,
Ҳаметарсам, ки фардо мешавад дер.

Гулрухсор (соли 1975

Омад баҳору мавсими гулҳо расидааст (ғазал)


Шеър дар васфи бахор, шеър дар бораи Бахор, бахор шеър бо забони точики, Шеърхо дар васфи/бораи БАХОР, донишчу тч, Шеърхо дар васфи Бахор, Шеър барои Бахор, Бахор омад шеър, шеъри точики бо забони точики

ҚаблӣАндешаҳои бузургон оид ба мақоми забон, сухан ва забони модарӣ
БаъдӣМавқеи забони тоҷикӣ дар масири таърих

3 шарҳ

  1. Ин сахифа хеле сахифаи хуб мебошад. Барои худ бисёр маводхоро ёфтам. Рахмат ба барномасозону созандагони ин сахифа.🖒🖒👌👌

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед