Шеър дар бораи Рамазон

Шеърҳо дар васфи моҳи Рамазон

Якчанд шеър дар бораи моҳи шарифи Рамазон меорем. Барои зиёд кардани маводҳо ин мақоларо дар сомонаҳои иҷтимоӣ ва месенҷерҳои худ паҳн (поделиться) кунед.

Мохи Рамазон муборак, Мохи шарифи Рамазон, Рамазон муборак, Моҳи Рамазон


Рамазон меояд

Бошед пазиро, Рамазон меояд,
Якмоҳа бо ҳайси меҳмон меояд.
Бо ҳар қадами мубораки он аз ғайб,
Файзу баракат ба хонадон меояд.
Бо ёди худо агар нишинед ин моҳ,
Анвори Худо аз осмон меояд.
Машғул ба зикри ҳақ забон чун доред,
Санг аст агар дил, ба забон меояд.
Аз ҳар чӣ ҳаром аст, агар парҳезед,
Оромиш аз он ба ҷисму ҷон меояд.
Бар покии қалбу ҳалқи худ чун кӯшед,
Мақбули Худои меҳрубон меояд.
Чун моҳи таровеҳу тасобеҳ аст он,
Алфози Худо зи ҳар макон меояд.
Пирӯзӣ касе ёфт чу бар сустии худ,
Ӯ аз ҳама арса қаҳрамон меояд.
Санҷиши иродаву суботу сабр аст,
Ин кор зи дасти пурдилон меояд.
Бо нафс ҷиҳод, баски бошад рӯза,
Ҳар сол барои имтиҳон меояд.

✏️ Абдуллоҳи Раҳмон


Андар Рамазон хоки ту зар мегардад,
Чун санг, ки сурмаи басар мегардад.
Он луқма, ки хӯрдаӣ, қазар мегардад,
В-он сабр, ки кардаӣ назар мегардад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Мавлоно

Чанд шабҳо хобро гаштӣ асир,
Як шабе бедор шав, давлат бигир.
Бар умеди роҳи боло кун қиём,
Ҳамчу шамъе пеши меҳроб, эй ғулом.
Лаб фурӯбанд аз таъому аз шароб,
Сӯйи хони осмонӣ кун шитоб.

Мавлоно

Барбанд даҳон аз нон, к-омад шакари рӯза,
Дидӣ ҳунари рӯза, бингар ҳунари рӯза.
Гар рӯза зарар дорад, сад гуна ҳунар дорад,
Савдои дигар дорад савдои сари рӯза.
Борик кунад гардан, эман кунад аз мурдан,
Тухма асари хӯрдан, мастӣ асари рӯза.

Мавлоно

Мекунад рӯза дилро мунҷалӣ,
З-он сабаб фармуд Ҳақ ассавму лӣ.
Дардмандонро давои беғаш аст,
Бар гунаҳкорон сипар аз оташ аст.
Рӯзадоронрост музди бешумор,
Кас надонад ғайри зоти Кирдугор.

Мавлоно

Мусаллам касеро бувад рӯза дошт,
Ки дармондагонро диҳад нону чошт.
Вагарна чӣ ҳоҷат, ки заҳмат барӣ,
Зи худ бозгириву ҳам худ х(в)арӣ.

Саъдӣ

Он дил, ки ҳаметарсад аз шӯълаи оташ,
Валлоҳ, ки ба ҷуз рӯза мар ӯро сипаре нест.

Саноии Ғазнавӣ

Рамазон муборак фото


❤️Дило дар рӯза меҳмони Худоӣ,
Таъоми осмониро сароӣ.
🌙Дар моҳ чун дари дузах бибандӣ,
Ҳазорон дар зи Ҷаннат бар кушоӣ.
Ганҷинаи нуронии Қуръон Рамазон аст,
Оромиши дилҳои парешон Рамазон аст.
Маҷмӯаи дилҳост шабу рӯзи азизаш,
Яъне ба ҳақиқат ки Гулистон Рамазон аст.


Рамазон ҳадяи волотарини раҳмон аст,
Чунки дар моҳи сиём лутфи Худо арзон аст .
Фарқи инсон зи ҳайвон калон аст, калон,
Ҳар ки беузр хӯрад рӯзаи худ ҳайвон аст.
Наҳаросида бигир рӯзаи тобистонро,
Гар ту имони қавӣ дорӣ басо осон аст.
Ту маҷӯ ҳила, ки бемораму узре дорам,
Рамазон бар ҳама дарди тани мо дармон аст.
Ҳар ки инкор кунад рӯзаи моҳи Рамазон,
Бегумон ҳамнишину ҳамқадами шайтон аст.
Ту агар аз самими ҷону дилат рӯза гирӣ,
Ҳам савоб аст ва ҳам рӯза балогардон аст.
Эй ки ман коргарам, гуфта надорӣ рӯза,
Дон, ки ин кори ҷаҳон бетаҳу бепоён аст.
Ёздаҳ моҳи дароз будаӣ ту бандаи нафс,
Як маҳак рӯза бигир, гар ки туро виҷдон аст.
Як шаби Қадр, ки беҳтар зи ҳазор моҳ бувад,
Ин ҳамон ваъдаи Аллоҳ, ки дар Қуръон аст.
Ту макун саркашӣ, эй он ки Худо халқат кард,
Рӯза аз ҷониби он Поктарин фармон аст.
Кӯҳзодо, ту бихон мисраи Соиб ба ҳама:
“Барқи хошоки гунаҳ рӯзаи тобистон аст.”


Барқи хошоки гунаҳ рӯзаи тобистон аст,
Дуди ин оташи ҷонсӯз беҳ аз райҳон аст.
Метавон ёфт зи сӣ пораи моҳи Рамазон,
Ончӣ з-асрори Илоҳи ҳама дар Қуръон аст.
Мекунад рӯзаи моҳи Рамазон умр дароз,
Мадди инъом дар ин дафтару ин девон аст.

Соиби Табрезӣ

Дигар маводҳо


рамазон шеър шеър дар бораи рамазон шеър дар васфи рамазон шеър дар бораи мохи рамазон шеър дар бораи мохи шарифи рамазон 2022

ҚаблӣИди Рамазон – 2024 (сана ва нияти намози иди Рамазон)
БаъдӣМасоили рӯзаи моҳи Рамазон