Шеърҳои ошиқӣ аз Камоли Хуҷандӣ

Якчанд шеърҳо ва ғазалҳо дар васфи ишқу ошиқӣ аз камоли Хуҷандӣ меорем. Оиди зиндагиномаи Камоли Хуҷандӣ инҷо хонед: Камоли Хуҷандӣ<<


Ошӯби ҷонӣ

Ошӯби ҷонӣ, шӯхи ҷаҳонӣ,
Беэътиқодӣ, номеҳрубонӣ.
Гоҳам навозӣ, гоҳам гудозӣ,
Гоҳе чунинӣ, гоҳе чунонӣ.

Аз ту сабурӣ кардан, нигоро,
Натвон, валекин ту метавонӣ.
З-ин сон, ки дорӣ аз хеш дурам,
Гар мирам аз ғам, аз ман надонӣ.

Гуфтам нисорат созам дури ашк,
Гуфто: Чӣ гӯям, дур мечаконӣ.
Бо ту чӣ монад Хизру Масеҳо?
Умре ту ҳаргиз бо кас намонӣ.
Гар аз Камол, ай мӯнис, малулӣ,
Рафтам зи пешат, бурдам гаронӣ.

ишку ошики, картинки ошики скачать

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Гуфтам ба чашм!

Ёр гуфт: Аз ғайри мо пӯшон назар. Гуфтам ба чашм!
В-он гаҳе дуздида дар мо менигар. Гуфтам ба чашм!
Гуфт: Агар ёбӣ нишони пои мо бар хоки роҳ,
Барфишон он ҷо ба доманҳо гуҳар. Гуфтам ба чашм!

Гуфт: Агар сар дар биёбони ғамам хоҳӣ ниҳод,
Ташнагонро муждае аз мо бибар. Гуфтам ба чашм!
Гуфт: Агар гардад лабат хушк аз дами сӯзони оҳ,
Боз месозаш чу шамъ аз гиря тар. Гуфтам ба чашм!

Гуфт: Агар бар остонам об хоҳӣ зад зи ашк,
Ҳам ба мижгонат бирӯб он хоки дар. Гуфтам ба чашм!
Гуфт: Агар гардӣ шабе аз рӯи чун моҳам ҷудо,
То саҳаргоҳон ситора мешумар. Гуфтам ба чашм!
Гуфт: Агар дорӣ хаёли дурри васли мо, Камол,
Қаъри ин дарё бипаймо сар ба сар. Гуфтам ба чашм!


Дӯст медорад дилам ҷавру ҷафои дӯстро

Дӯст медорад дилам ҷавру ҷафои дӯстро,
Дӯсттар аз ҷону сар дарду балои дӯстро.
Заҳмати худ бо табиби муддаӣ хоҳам намуд,
То бисозад чора дарди бедавои дӯстро.
Чун муроди дӯст ҷон афшондан аст аз дӯстон,
Зудтар дарёб, ҷони ман, ризои дӯстро.

Дар ҳавои ӯ тавонад дод ошиқ сар ба бод,
Лек натвонад ниҳод аз сар ҳавои дӯстро.
Гар бадал кардӣ ба сад Фирдавс гарди кӯи дӯст,
Ройгон аз даст додӣ хоки пои дӯстро.
Дастбӯси дӯст мехоҳӣ, бишӯ даст аз ду кавн[1],
Дасти олуда нашояд марҳабои дӯстро.
Дӯстиҳои ҳама олам бирӯб аз дил, Камол,
Пок бояд доштан хилватсарои дӯстро.

Шеърхои ошики


[1] Кавн – дунё, олам.

Шеърхои ошики, эчодиёти Камоли Хучанди, шеърхои/газалхои Камоли Хучанди

ҚаблӣМаълумот дар бораи БОРОН
БаъдӣКиноя (дар шеър ва адабиёт)