Шеъри ҳаҷвӣ – Хеши зан

Шеъри ҳаҷвӣ дар бораи Хеши зан. Ин танҳо ҳаҷв аст, дӯстон! Ҷиддӣ нагиред! >>>

таджикская семья оилаи точики картинкаи точики зани точик духтари точик

Эй азизи даргаҳам шому пагоҳӣ, хеши зан,
Бе ту талх аст оши шаб, қути сабоҳӣ, хеши зан.

Меҳмон, гӯянд, атову файзу эҳсони Худост,
Аз ту дорам солу маҳ файзи илоҳӣ, хеши зан.

Рӯзи абрӣ ҳам зи рӯят хона равшан мешавад,
Соҳирӣ, барҳамзани андӯҳу оҳӣ, хеши зан.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Медавам бар пешвозат хандаи сунъӣ ба лаб,
Гарчи дорам аз ту ман ҳоли табоҳе, хеши зан.

Марҳамат, бо лашкарат ой, биё, ҷо танг нест,
Кай занад дам халқ дар пеши сипоҳӣ, хеши зан?

Амри ту, хоҳам-нахоҳам, зуд иҷро мешавад,
Чокарат ман, ҳукм фармо, подшоҳӣ, хеши зан.

Қарз аз хешони худ баҳри ту мегирам мудом,
Бар ту мебахшам, ҳар он чи туҳфа хоҳӣ, хеши зан.

Рӯи хуш бидҳам ба хешам, мешавад рӯзам сиёҳ,
Хушдилам пеши ту, гарчи дилсиёҳӣ, хеши зан.

Ҷину маймун аст хеши ман, наояд, алҳазар,
Бо ҳама зиштӣ ту мисли меҳру моҳӣ, хеши зан.

Ҳафт пушти ман ба як мӯи сарат арзанда нест,
Ту дар ин дунё маро пушту паноҳӣ, хеши зан!

Сафар Айюбзодаи Маҳзун

Шеъри ҳаҷвӣ дар васфи Хушдоман

Шеър дар васфи Хушдоман

ҚаблӣДавлатхои Хиндустони кадим
БаъдӣМаданияти Хиндустон (Хиндустони кадим)

1 шарҳ

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед