Рубоиёт – шеърхо аз Гулназар Келди

Шеърхо аз Гулназар Келди, Шеъри Гулназар Келди, рубоиёт, рубои, шеърхо >>

Гулназар Келдӣ

Силсила рубоиёти зебову дилнишини устоди зиндаёд Гулназарро манзури дӯстдорони ашъори ҷовидонии эшон менамоям. Рӯҳашон шоду ёдашон гиромӣ бод

Рубоиёти Гулназар

Ҷонон Ватанам, бе ту расо нест танам,
Сарчашмаи нуҳату сафо нест танам.
То хоки туро ба пайкари ман задаанд,
Чун пораи ту аз ту чудо нест танам.

Модар, модар, ҷаҳони армон, модар,
Машъал ба сари гӯри шаҳидон, модар.
Ту куштаи доғи аскарони навхат,
Ту ғолиби корзори Гирмон, модар.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Модар, зи хаёли ту нахуфтам берун,
Ҳарфе зи ҳавои ту нагуфтам берун.
Аз хона агарчӣ дур рафтам паи бахт,
Аз хонаи чашми ту нарафтам берун.

Аз мӯи сафеди модарам ёд кунам,
Чун мурғ ба вақти субҳ фарёд кунам.
Бечора будам пеши дили вайронаш,
Акнун биравам, мазораш обод кунам.

Рӯзе, ки ба ман номи маро медоданд,
Аз накҳати гул коми маро медоданд.
Рӯзе, ки суруди Рӯдакӣ мехонданд,
Ғамхораи ҳар шоми маро медоданд.

Чун тухмаи Кайхусраву авлоди Ҷамам,
Бо ёди гузашта нест шодиву ғамам.
Буд оташи суғд оташи ҷону дилам,
«Шуд тири шикастаи ниёгон қаламам.»*
*Ин мисраъ аз Ғолиб аст.

Бори дили ман кашидай ту ҳама умр,
Бар доди дилам расидаӣ ту ҳама умр.
Монанди тилое, ки бувад дар хунам,
Дар пайкари ман давидаӣ ту ҳама умр.

Аз нолаву оҳи мо замин меларзад,
Аз бори гуноҳи мо замин меларзад.
Чун модари пире, ки ба роҳи писар аст,
Бе пушту паноҳи мо замин меларзад.

Ҳаргиз наравад зи сина меҳри авалам,
Хуршеди нахустаму сипеҳри авалам.
Аз сӯзи ту равшанӣ биёмӯхт дилам,
Шуд бӯсаи охири ту шеъри авалам.

Чун ҳарфи кӯҳан макун фаромӯш маро,
Чун панди кӯҳан ба дида бинюш маро.
Дар мавсими гул пирӣ надорад асаре,
Чун шаҳри кӯҳан бикун ту гулпӯш маро.

Ҳар нуқта ба рӯи дафтарам месӯзад,
Чун оби ду дидаи тарам месӯзад.
Гар захми тани Айнӣ ба ҳам омадааст,
Аз захми дили ӯ ҷигарам месӯзад.

Ҳар субҳ сафедӣ медамад дар сари ман,
Ҳар шом фусурда мешавад пайкари ман.
Дардо, ки гузашт ними умрам ба ҳавас,
Як мисраи нима нест дар дафтари ман!

Дирӯз дилам чу оби шӯрида гузашт,
Аз пеши ҳарими ёр нолида гузашт.
Ҳар хушқалбе талоши обе дорад,
Ёрам лаби тар дораду нодида гузашт.

Саргашта макун ту ин сари сарсонро,
Ошуфта макун ту ин дили ҳайронро.
Рӯзе чу китоби баъди маргам оӣ,
Оию наёбӣ ошиқи пазмонро.

Аз рози нуҳуфтаам забон месӯзад,
Аз доғи шукуфтаам равон месӯзад.
Рӯзам паи зиндагӣ гузар карду маро
Аз шеъри нагуфта устухон месӯзад.

Чун номаи ошиқона овора шудам,
Бе марҳамату лутфи ту бечора шудам.
Гуфтам, ки маро ба дида мебардорӣ,
Аз дасти тағофули ту сад пора шудам.

Ободии саҳна будию аҳли рамуз,
Ободии шеъри шоирони имрӯз.
Маҳмуд, бад – ин шеваи ободгарӣ
Гӯри ту хароб аст, хароб аст ҳанӯз.

Дилро агарам маҳрами розат бикунӣ,
Шодикафу шодимарги нозат бикунӣ.
Ман шиква кунам зи кӯтаҳии шаби васл,
Ту шиквааи мӯҳои дарозат бикунӣ.

Тирезаи мо чашми ба чашм истода,
Шохи гули мо барги ба барг афтода.
Дарвозаи мо дӯши ба дӯш аст мудом,
Танҳо дили мо рӯи ба рӯ накшода.

Сарманзили ман бӯи ту дорад, гули ман,
Ин маҳфили ман бӯи ту дорад, гули ман,
Азбаски ба бӯи ту хазон нест маро,
Ҷону дили ман бӯи ту дорад, гули ман.


Гулназар Келдӣ (1945-2020)

ҚаблӣПантуркизм чист ва он кай пайдо шуд? (#پانترکیستان Понтуркизм, Пантюркизм)
БаъдӣНоҳияи Тоҷикобод (маълумот – нохияи Точикобод)