Сифатҳои хуб ва бади подшоҳон

Чор хислат, эй бародар, дар ҷаҳон

Подшоҳонро ҳаме дорад зиён.

Подшаҳ чун бар мало хандон бувад,

Бегумон дар ҳастиаш нуқсон бувад.

Боз суҳбат доштан бо ҳар фақир,

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Подшоҳонро ҳаме дорад ҳақир.

Бо занон бисёр агар хилват кунад,

Хештанро шоҳ беҳурмат кунад.

Ҳар киро фарри ҷаҳондорӣ бувад,

Майли ӯ сӯи камозорӣ бувад.

Адл бояд подшоҳонро ва дод,

То зи адлаш оламе гарданд шод.

Гар кунад оҳанги зулме подшоҳ,

Суд накнад мар варо хайлу сипоҳ.

Бо занон шоҳе ки дар хилват нишаст,

Дур набвад гар равад мулкаш зи даст.

Чунки одил бошаду маймунлиқо,

Бошад андар мамлакат шаҳро бақо.

Чун кунад султон карам бо лашкаре,

Баҳри ӯ бозанд сад ҷон сарваре.


Аз “Панднома”-и Аттор

ҚаблӣРоҳи наҷот аз қарз
Баъдӣ“Сиёсатшиносӣ”, Муҳаммад А.Н., Хидирзода М.У., Сафарализода Х.Қ.

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед