Сиғаи шартӣ – хоҳишмандӣ

Сигаи шарти – хохишманди.


Сиғаи шартӣ – хоҳишмандӣ амалеро ифода мекунад, ки воқеъ шудани он ба майлу хоҳиш ва ё шарте вобаста аст.

Муқоиса кунед:

Сиғаи хабарӣ  Ман низ аълохон шуда метавонам.

Сиғаи шартӣхоҳишмандӣ Ман низ аълохон шуда метавонам, агар мунтазам хонам.

Кори аз ҳад вазнин маро бемадор кард,  бояд дам гирам.

Ин сиға ба воситаи ба асоси замони ҳозираи феъл ҳамроҳ кардани бандакҳои феълӣ сохта мешавад: хонам, хонда бошам; нависам, навишта бошам.


Машқи 407. Зарбулмасалҳои ишоратшударо хонда, гӯед, ки иҷрои амали онҳо ба чӣ гуна шарту шароитҳо вобаста аст.

Чу дахлат нест, харҷ оҳистатар кун,
Ки мегӯянд маллоҳон суруде.
«Агар борон ба кӯҳистон наборад,
Ба соле Даҷла гардад хушкрӯде».
Саъдӣ

«Агар бемор дуруст шуданӣ бошад, табиб ба дари хона меояд» гуфтаанд. Эшони султонхони дарвозӣ, ки аз эшонҳои машҳури замонанд, имшаб ба ҳавлии Яъқуббой меҳмон шуданд, ана ҳамон касро оварда мехононам, – гуфта аз пайи эшон рафт. (С.Айнӣ)

 Луғат:

маллоҳ – киштирон, киштибон
мазаммат –накӯҳиш, сарзаниш


Машқи 408. Ҷумлаҳоро хонед ва сиғаи шартӣ -хоҳишмандиро ёфта шарҳ диҳед.

1.Тӯйро ба чор кас маъқул карда гузаронем. (Р.Ҷалил)

2.Дари бахти ту ҳам як кушода мешуд, ман ба муроду мақсадам мерасидам. (Ҷ.Икромӣ)

3.Кошки кудурат аз миён бардошта мешуд. (Ҷ.Икромӣ)

4.Ман гуфтанӣ ҳастам, ки дар ин кирдори ӯ чӣ сирре ҳаст? (Ф.Муҳаммадиев)

5.Пӯлодбой, Шумо чӣ кор карданӣ? (Ҳ.Карим)

6.Мон, ки бидонанд: аспбози асил як пояш ба лаби гӯр расад ҳам, аз қатор намебарояд. (Ф.Муҳаммадиев)

Луғат:

кудурат – душманӣ, дилтангӣ, хирагӣ


Машқи 409. Шеърро хонда, шаклҳои замонии сиғаи шартӣ – хоҳишмандиро муайян кунед.

Чашми ман серӣ надорад аз тамошои замин,
Хоҳам аз мадди назар нафтад ягон ҷои замин.

Чашми ман хоҳад, ки бинад навбаҳорон бешумор,
Борҳо бинад шукуфтанҳои гулҳои замин.

Чашми ман маҳви ҷамолу ҳусни зан бошад мудом,
Беҳ зи ҳусни зан набошад ҳусни зебои замин.

Аз азал зан бо замин як гашт чун ду модарон,
Бӯи зан ояд машомамро аз ақсои замин.

Гар намешуд дасти зан ҳусни замин пайдо набуд,
З -ин сабаб гӯем занро маҳфилорои замин.

Ҳокимият гар ба дасти зан саросар мегузашт,
Мардҳоро бештар буд кайфи дунёи замин.

 Мирзо Турсунзода

Луғат:

маҳв – нест кардан, аз байн рафтан

азал – ҷовидон будан дар гузашта, ҳамеша


Савол ва супоришҳо

  1. Бо истифода аз калимаи мудом ҷумлае тартиб диҳед, ки он сиғаи шартӣ -хоҳишмандӣ дошта бошад.
  2. Чаро шоир занро бештар васф кардааст? Барои чӣ занро зеби ҳаёт мегӯянд?
  3. Суханони Максим Горкий: «Ҳамду сано бод ба Зан-Модар, ба чашмаи хушкнашавандаи ҳаёти музаффар»-ро шарҳ диҳед ва аз ёд кунед.
ҚаблӣСиғаи эҳтимолӣ (Сигаи эхтимоли)
БаъдӣЗамонҳои феъл. Замони гузаштаи феъл