Синфи кирмхои тасмашакл

Синфи кирмҳои тасмашакл

Намояндагони ин синф ҳам ба монанди макандаҳо муфтхӯр буда, 3000 намудашон дар илм маълум аст. Дар Тоҷикистон намудҳои зиёди ин синф дар организми чорво ба қайд гирифта шудааст. Дар давраи болиғӣ дар рӯдаи ҳайвони сутунмуҳрадор, аз ҷумла дар ҷисми одам зиндагӣ мекунанд.

Давраи кирминагиашонро дар дохили ҳайвони бесутунмуҳра ва сутунмуҳрадор мегузаронанд. Андозаи кирми болиғ аз 1 мм то 30 м мебошад. Ранги бадан сафед ё зардчатоб аст. Танашон дарози тасмашакл буда, аз буғумҳои зиёд иборат аст. Дар пеши тана сараки маканда доранд. Баъзе намудҳояшон, аз ҷумла бандкирми хук дар як вақт дар саракашон ҳам маканда ва ҳам чангакчаҳо доранд. Дар дигар намудҳо дар сарак фақат макандаҳо мавҷуд ҳасту халос (дар бандкирми гов). Маканда ва чангакчаҳо вазифаи доштанро дар девори рӯдаи «хӯҷаин» иҷро мекунанд.

Вобаста ба шакли зиндагии муфтхӯрӣ дар раванди эволютсия дар кирмҳои тасмашакл системаи ҳозима барҳам хӯрда, системаи ҷинсӣ хуб инкишоф ёфтааст. Хӯроки ҳазмшудаи «хӯҷаин»-ро ба воситаи тамоми бадан ҷаббида мегиранд. Системаи асаби онҳо суст тараққӣ карда, узвҳои ҳис надоранд.


Мавзӯи пурра >> Тасниф ва пайдоиши паҳнкирмҳо

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
ҚаблӣСинфи макандахо / макандаҳо
БаъдӣТипи Лӯндакирмҳо – Лундакирмхо (Зоология)