СИНФИ КОМПЮТЕРҲОИ ХУРД

Миникомпютерҳо. Синфи компютерҳои хурдро ба ду гуруҳ – миникомпютерҳо ва микрокомпютерҳо тақсим мекунанд. Миникомпютерҳо аз ҷиҳати тавоноӣ ва дигар параметрҳояшон дар байни компютерҳои калон ва микрокомпютерҳо ҷой дода мешаванд. Миникомпютерҳо асосан дар заминаи архитектураи RISC ё UNIX сохта шудаанд. Онҳо дар бисёр мавридҳо вазифаи серверҳоро иҷро менамоянд. Ба онҳо дар шабакаҳои компютерӣ даҳҳо ва ҳатто садҳо нуқтаи корӣ ё микрокомпютерҳоро пайваст кардан мумкин аст.

Миникомпютерҳо солҳои 70-уми асри гузашта пайдо шудаанд. Истеҳсолкунандагони асосии онҳо ширкатҳои машҳури Ай-Ти-энд-Ти (AT&T), Интел (Intel), Ҳюлетт-Паккард (Hewlett-Packard) ва Диҷитал Эквипмент (Digital Equipment) ба ҳисоб мераванд. Пайдоиши миникомпютерҳоро дар он замон бештар ба он мансуб медонанд, ки барои ҳалли аксар масъалаҳои илмӣ-техникӣ зарурати истифодаи компютерҳои параметрҳояшон тавоно аз байн рафта буд. Дар идоракунии равандҳои истеҳсолӣ истифодаи компютере мувофиқ дониста мешуд, ки арзиш ва иқтидори он дастраси имкониятҳои корхона бошад.

Дар замони мо миникомпютерҳоро дар ширкатҳои калон, сохторҳои давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, илмӣ, марказҳои компютерӣ ва умуман дар ҳалли масъалаҳое истифода мебаранд, ки барои иҷрои онҳо тавоноии микрокомпютерҳо басанда набуда, иқтидори абаркомпютерҳо бошад, самарабахш истифода нагардад. Аз миникомпютерҳо инчунин барои муттамарказонидани равандҳои нигоҳдорӣ ва коркарди иттилооти ҳаҷман калони корхонаҳо истифода мебаранд.

Микрокомпютерҳо ба гуруҳи компютерҳое дохил мешаванд, ки протсессори марказии онҳо дар шакли микропротсессор сохта шудааст. Микрокомпютер мошини ҳамакора буда, барои истифодаи як корбар (як нафар) пешбинӣ шудааст. Аз ин рӯ, микрокомпютерро компютери фардӣ (КФ) низ мегӯянд. Микрокомпютерҳо дар шаклҳои рӯимизӣ (статсионарӣ), мобайлӣ (ҳамроҳ, портативӣ, лэптоп, ноутбук, нетбук, кисагӣ) ва саноатӣ (робот-компютерҳо) истеҳсол карда мешаванд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Микрокомпютерҳои рӯимизӣ бештар дар шакли таҷҳизоти (қисмҳои) алоҳидаи ба ҳам пайваст истеҳсол карда мешаванд. Қисми асосии микрокомпютер блоки системавӣ ба ҳисоб рафта, шакли қуттиро дорад. Дар дохили он ҷузъҳои муҳими компютер, аз қабили микропротсессор, хотираи фаврӣ, хотираи беруна ва ғайра ҷой дода шудаанд. Ба блоки системавӣ қисмҳои дигари компютер – монитор, сафҳакалид, муш пайваст карда мешаванд. Аз рӯи зарурат ба он таҷҳизоти дигари беруна низ, ба монанди чопгар (принтер), сканер, системаи акустикӣ ва ғайраро ҳамроҳ кардан мумкин аст.

Компютери мобайлӣ (портативӣ) яке аз навъҳои замонавитарин ва дар истифода созгортарини компютерҳои фардӣ ба ҳисоб меравад. Номи вай дар ҳарду маврид – ҳам mobile ва ҳам рогtо маънои «ҳамроҳ»-ро дорад. Ин навъи компютерҳоро барои он ноутбук (notebook) ҳам ном мебаранд, ки онҳо дар ҳақиқат шакли дафтарро доранд. Хусусияти фарқкунандаи ноутбук аз дигар КФ дар он зоҳир мегардад, ки ҳамаи таҷҳизоти асосии компютер дар як тан яклухт ҷойгир карда шудааст. Ба мисли компютерҳои рӯимизӣ дар ноутбук низ ҳамеша имконияти ҳамроҳ намудани қисмҳои иловагии беруна вуҷуд дорад.

Ноутбукҳо дар вазнҳои аз 200г то 6кг истеҳсол шуда, соатҳои зиёд бе қувваи барқ (бо ёрии аккумулятор) кор карда метавонанд. Аз ин рӯ, аз онҳо на танҳо дар хона, балки ҳангоми сайру саёҳат низ истифода мебаранд.

Компютерҳои саноатӣ. Дар ҷаҳон ширкатҳои истеҳсолии зиёде мавҷуданд, ки истеҳсолоти онҳо ба таври худкор ба роҳ монда шудааст. Ин ширкатҳо дар тайёр кардани маҳсулот аз робот-компютерҳо истифода мебаранд, ки онҳоро компютерҳои саноатӣ мегӯянд.

Робот-компютерҳо ба раванди истеҳсоли ягон намуди маҳсулоти муайян махсус гардонида шуда, идоракунии хатҳои технологӣ ва дастгоҳҳоро ба уҳда мегиранд. Имрӯз аз ин навъи компютерҳо дар соҳаи хизматрасонӣ, махсусан дар меҳмонхонаҳо, ба таври васеъ истифода мебаранд. Компютерҳои саноатиро инчунин дар идоракунии тайёраву қатораҳо, санҷиши таҷҳизоту асбобҳои нав, озмоишҳои барои саломатии инсон хатарнок, таҳқиқотҳои илмӣ, таҷрибаҳои кимиёвӣ ва ғайра истифода мебаранд. Ба тарзи кори компютерҳои саноатӣ талаботҳои ҷиддӣ гузошта мешавад. Масалан, таъсири омилҳои иқлимӣ ё ҳодисаҳои фавқулодда, аз қабили чангу ғубор, вазидани шамоли сахт, тағйироти критикӣ дар ҳарорати ҳаво ва ғайра бояд ба раванди кори онҳо монеа эҷод карда натавонанд. Бинобар он компютерҳои фардии маъмулӣ ҳеҷ гоҳ ҷойгузини компютерҳои саноатӣ шуда наметавонанд.

ҚаблӣСИНФИ КОМПЮТЕРҲОИ БУЗУРГ
БаъдӣКОМПЮТЕРҲОИ ФАРДӢ (ПК-PC)