Моҳияти системакунонии логистикаи тиҷоратӣ

Мохияти системакунонии логистикаи тичорати.


Мавҳуми система яке аз мафҳумҳои марказӣ ва фундаменталии логистика ба ҳисоб меравад. Системаҳои гуногуншакли зиёде вуҷуд доранд, ки онҳо якҷоя амалиёти иқтисодиёти мамлакатро таъмин менамоянд. Ба ин қабил системаҳои логистикӣ ҳам дохил мешаванд, ки онҳо ҳолати хусусии тавсифи системаро ба худ доранд. Бинобар ин пеш аз ҳама мафҳуми умумии системаро тавсиф намуда, пас аз он муайян месозем, ки кадоме аз системаҳо ба гурӯҳи системаи логистикӣ дохил мешаванд.

Системаҳои логистикӣ дар маҷмӯи гуногуни системаҳо бо элементҳояш, тавсифи алоқаи байни элементҳо, ташкилӣ ва хусусияти ҷамъкунандагиаш фарқ мекунад.

Ба аломатҳои фарқкунандаи системаи логистикӣ мавҷудияти равандҳои анбӯҳи ва ягонагии майяни системавӣ, дохил мешаванд.

Системаи логистикӣмаҷмӯи элементҳои байни ҳам таъсиркунандаи ягона мебошанд. Ба он элементҳои зерин дохил мешаванд:

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
  1. Хариди кӯтара
  2. Анборҳо
  3. Захираҳои молӣ
  4. Нақлиёт
  5. Иттилоотҳо
  6. Кадрҳо
  7. Фурӯши мол

Чи тавре, ки мебинем элементҳои логистикӣ гуногуншакл буда, мутобиқи талабҳои якдигар хизмат мекунанд. Мутобиқшавии элементҳои гуногун  аз тариқи мақсади ягонаи ҳамаи онҳо таъмин карда мешаванд, ки онро системаи логистикӣ муайян менамояд.

Ба системаи логистикӣ корхонаҳои истеҳсолӣ, коиплексҳои истеҳсолию дохилимарзӣ, корхонаҳои савдои яклӯхт, чакана ва ғайраҳо  дохил мешаванд. Вазифаи ҳамаи онҳо аз он иборат мебошад, ки миқдори зарурии мол ҳарчи бештар ба ҷои истеъмолашон наздик карда шаванд ва харҷҳои молтаъминкунии бозори истеъмолӣ каматарин бошанд.

Расми 1.1. Муайян сохтани сарҳади системаи логистикӣ дар асоси марҳилаҳои гардиши воситаҳо молиявӣ
Расми 1.1. Муайян сохтани сарҳади системаи логистикӣ дар асоси марҳилаҳои гардиши воситаҳо молиявӣ
системаи логистики Расми 1.2. Усули “пул деҳ - пул гир”
Расми 1.2. Усули “пул деҳ – пул гир”

Шаклҳои системаи логистикӣ

Дар назария ва амалия ду шакли системаҳои логистикиро аз ҳамлигар фарқ  мекунанд. Яке макро дигаре микрологистика.

Ба макрологистика маҷмӯи системаҳои идораи анбӯҳи материалӣ дохил мешаванд, ки он корхонаҳои саноатӣ, кишоварзӣ, тиҷоратӣ, миёнаравҳо, муассисаҳои нақлиётӣ, вазорату ташкилотҳои гуногунро ҳам дар дохил ва ҳам дар беруни мамлакат дар бар мегирад.

Микрологистика қисми таркибии макрологистика буда, он корхонаҳои алоҳидаи истеҳсолӣ, тиҷоратӣ, комплексҳои истеҳсолию минтақавиро дар бар мегирад. Ба системаҳои микрологистикӣ системаҳои логистикии дохили истеҳсолии корхонаҳои аз ҷиҳати технологӣ вобаста ва инфраструктураи ягона дошта дохил мешаванд. Дар байни системаҳои микрологистикии дар доираи микрологистикаи муайян амалкунанда, муносибатҳои пулию молӣ барқарор карда мешавад.

Системаҳои логистикии хат ба хат ҷойгиршуда – ин гуна системаҳо анбӯҳи материалӣ дар роҳи интиқолаш ақалан бо як миёнарав дучор мешавад.

Системаҳои логистикии алоқаашон роста – ин гуна системаҳои логистикӣ анбӯҳи материалӣ бевосита аз ҷои истеҳсолаш рост ба истеъмолгари охирин, бе иштироки миёнаравҳо мерасад.

Системаҳои логистикии чандирӣ – ин гуна системаҳои логистикӣ ҳаракати анбӯҳи материалӣ аз ҷои истеҳсол то ҷои истеъмол метавонад роси, бе иштироки миёнаравҳо ва ё ба воситаи онҳо расонида шавад.

ҚаблӣНазарияи пайдоиши мафҳумҳои логистика
БаъдӣЛогистикаи байналхалқӣ ва ташкилотҳои он. Интихоби намуди нақлиёт дар минтақаи Тоҷикистон