Соҳаҳои илми педагогика ва алоқаи он бо илмҳои дигар

Педагогика соҳаҳои гуногуни илмӣ дорад ва ҳар яки он соҳаи муайянро тадқиқ мекунад. Ба системаи педагогика улуми зерин дохил мешавад:

  1. Педагогикаи умумӣ ва ё педагогикаи мактаб, ки қонуниятҳои таълим ва тарбияи мактабиёни мактаби маълумоти умумиро тадқиқ мекунад.
  2. Педагогикаи синну сол, хусусиятҳои тарбиявии одамони синну соли гуногун: қаблазтомактабӣ, томактабӣ, педаго­гикаи мактаб, педагогикаи калонсолонро меомӯзад.
  3. Педагогикаи махсус, ки чунин соҳаҳо дорад: тифлопеда­гогика – масъалаҳои тарбияи кӯдакони нобино ва органи босиравиашон суст, сурдопедагогика – онҳоеро тадқиқ мекунад, ки кар ва кару гунганд, олигофренопедагогика – кӯдакони модарзоди заифақл логопедия – кӯдакони дар нутқ нуқсдор – лакнатзабон (тутулаҳо) – ро меомӯзонад.
  4. Методҳои омӯзиш, ки хусусиятҳои умумӣ ва қонуниятҳои омӯзиши фанҳои гуногуни таълимӣ, чунончи, забони модарӣ, таърих, математика, кимиё, физика ва ғайраҳоро фаро мегиранд.
  5. Таърихи фалсафаи маълумоти педагогӣ-инкишофи назарияи тарбия ва таълим, таърихи ба вуҷуд омадани хату савод, мактабу маориф ва таърихи ба вуҷуд омадани афкори педагогиро дар марҳалаҳои гуногуни сохти ҷамъияти, аз замонҳои хеле қадим cap карда то давраи ҳозираро меомӯзад.
  6. Педагогикаи оила – ҷиҳатҳои муҳими тарбияи муфиди кӯдакони оилаҳои пешқадамро омухта, ба дигар хонадонҳо паҳн мекунад.

Инчунин дар солҳои охир бо шиддат соҳаҳои дигари улуми педагогӣ, аз қабили педагогикаи халқӣ, педагогикаи касбӣ, педагогикаи мактаби олӣ, педагогикаи ғарбӣ ва ғайраҳо инкишоф ёфта истодаанд.

Илми педагогика дар робита бо илмҳои дигар инкишофу такомул меёбад. Педагогика аслан бо фалсафа, сотсиология, эстетика, этика, психология, анатомия – физиологияи одам, ҳифзиссиҳа (гигиена), этнография, математика, педиатрия (муолиҷаи касалиҳои бачагона), адабиёти бачагона ва ғайраҳо алоқадор аст. Ин алоқамандиҳо барои чуқур омухтани моҳияти тарбия ва коркарди асосҳои назарияи пе­дагогика ёрӣ мерасонанд. Масалан, фалсафа дар коркарди назарияи илмии педагогика нисбати муайян кардани мавқеи аввалини тадқиқоти ҳодисаҳои педагогӣ барои олимон роли методологӣ мебозад. Сотсиология, этика, эстетика ҳам нис­бати педагогика аз бисёр ҷиҳати вазифаи методологиро адо мекунанд. Ғояҳои илмҳои дигар низ бевосита барои коркарди масъалаҳои асосии мушаххаси педагогӣ хизмат мекунанд. Чунончи, ғояҳои психологӣ мавриди коркарди қонуниятҳои ташкили фаъолияти дарккунии хонандагон дар раванди таълим васеъ истифода бурда мешаванд. Ғояҳои анатомӣ ва физиологӣ оид ба фаъолияти рефлексҳои шартӣ, инкишофи қисмӣ баҳри ифшо намудани асосҳои илмии он дигаргуниҳое, ки тавассути таъсироти ботинии шахс зоҳир мегардад ва ба ташаккули маҳорату малакаҳо ва одат вобастаанд, кумак ме­расонанд.

Ҳамин тавр, ғояҳои илмҳои дигар, ки мансуб ба одамиятанд, ба педагогика имконият медиҳанд, ки қонунияти тарбияро амиқ ва аз ҳар ҷиҳат тадқиқ бинмоянд. Нисбати ин масъала К. Д. Ушинский дар пешгуфтори ҷилди аввали «Антропологияи педагогӣ» чунин оварда буд: «Агар педагогика одамро аз ҳар ҷиҳат тарбия кардан ҳоҳад, он бояд, пеш аз ҳама, ӯро низ аз ҳар ҷиҳат донад»[1]. Бо ин вай барои амиқ омӯхтан ба педагогика зарурати донистани ҳамаи маълумотҳои илми антропологиро (ташаккул ва инкишофи биологии инсонро) тавсия додааст.

Ҳамчунин педагогика ҳам ба инкишофи илмҳои номбурда таъсири худро мерасонад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Сохахои илми педагогика ва алокаи он бо илмхои дигар


[1] К. Д. Ушинский, Собр. соч.: В II т. Т. 8. М. – Л., 1950, с.23.

ҚаблӣМавзӯи педагогика ва масъалаҳои асосии тадқиқоти он
БаъдӣАсосҳои методологии инкишофи назариёти педагогӣ