Сохти берунии ҳашарот (Кори таҷрибавии № 4)

Таҷҳизот: Гамбӯски саврӣ ё ягон ҳашароти дигари зараррасони хоҷагии қишлоқ, заррабини дастӣ, сӯзанҳои чоккунак.

Рафти амалиёт:

  1. Гамбӯскро аз назар гузаронед. Аломатҳои монандии онро бо намояндаҳои харчангшаклҳо ва тортанакшаклҳо қайд кунед. Муайян кунед, ки бадани ҳашарот аз чанд қисм иборат аст ва ба хотир оред, ки он қисмҳо чӣ ном доранд?
  2. Сари ҳашаротро аз назар гузаронед. Мӯйлабчаҳои онро ёфта, бо пурбин (лупа) бинед, ки онҳо чӣ гунаанд? Чашмҳо ва даҳони ҳашаротро ёбед.
  3. Муайян кунед, ки кадом узвҳо дар қисми синаи ҳашарот мавҷуданд? Дар гамбӯски саврӣ чанд ҷуфт пой ва чанд бол мавҷуд ҳаст?
  4. Шуморед, ки шиками гамбӯск аз чанд буғум иборат аст? Бо заррабин аз паҳлуҳои шикам сӯрохии нафаскашӣ ва дар охири шикам сӯрохии мақъадро ёбед.
  5. Гамбӯскро бо шапалаки карамхӯрак ё ягон шапалаки дигар муқоиса кунед. Монандӣ ва тафовути онҳоро муайян кунед.
Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
ҚаблӣШапалаки абрешим. Кирмакпарварӣ
БаъдӣТипи хорпӯстҳо (хорпустхо)