Мавзӯъ. Созмонҳои талабагӣ дар мактабҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Созмонхои талабаги дар мактабхои Чумхурии Точикистон.


  1. Созмонҳои талабагӣ дар мактабҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  2. Сохтори созмон;
  3. Мақсади асосии «Ахтарон»;
  4. Идоракунӣ ва ба нақшагирии кори созмони талабагӣ.

«Шумо бояд аз мактаби наслҳои калонсол сабақи ватандорию бунёдкориҳоро омӯзед. Дӯстию рафоқат, хоксорию сабру таҳаммул, зиракии сиёсию ҳусни тадбир, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ, донишандӯзию худогоҳӣ бояд хислатҳои муҳимтарини ҷавонони мо бошанд».

Э.Ш.Раҳмонов

Созмонҳои талабагӣ дар мактабҳои Тоҷикистон зодаи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Давлати мо, ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ буда дар он арзи вуҷуд доштани созмонҳои талабагии зерин тақозои замон аст: «Ахтарон», «Ворисони Сомониён» ва «Сомониён».

Талабҳои асоси нисбати фаъолияти созмон дар Низомномаи Созмони талабагӣ дар мактабҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори мушовараи Вазорати маорифи ҷумҳурӣ зери рақами 215 аз 26 феврали соли 1999 тасдиқ карда шудааст, ба таври возеҳ инъикос ёфтааст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

 Ба маврид аст, таъкид намоем, ки Созмонҳои талабагии ҳамаи типи мактабҳо фаъолияти худро дар асоси нишондодҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» Конвенсияи байналхалқии оиди ҳуқуқи кӯдакон, Консепсияи корҳои тарбиявӣ, Низомномаи созмонҳои талабагии мактабҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи миллии тарбия ва дигар санадҳои меъёрӣ ба роҳ мемонанд. Созмонҳои талабагӣ дар мактаб дар асоси Низомномаи зикршуда, оинома ва барномаи фаъолияти худро ба низом медарорад.

Бояд тазаккур дод, ки Созмони талабагӣ ихтиёрӣ, мустақил ва ҷамъияти буда, бо мақомоти маорифи Тоҷикистон, Созмонҳои ҷавонон ва дигар муассисаҳое, ки мақсаду маром ва фаъолияташон аз ташаккули шахсияти мактаббачагон иборат аст ҳамкори мекунад.

Созмони талабагии мактабҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Исмоили Сомонӣ гузошта шудааст, ки он ба созмонҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ роҳбарӣ мекунад.

Дар Низомнома мақсад ва вазифаҳои созмон ба таври зерин таъкид шудааст:

  • ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои аъзоёни созмон
  • фароҳам овардани шароит барои худшиносӣ, худидоракунӣ, хештаншиносӣ, ваҳдат, ошкорбаёнӣ, ҳимояи манфиати насли наврас, эҳтироми рамзҳои ҷумҳурӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ, арзишҳои умумибашарӣ, ташаккул додани қобилияти маърифатӣ ва эҷодии мактаббачагон дар соҳаи таълим.
  • ёрӣ расондан ба аъзоёни Созмонҳо ва ба кори он ҷалб намудани дигарон.
  • бо меҳнати ҳалол ба худ ва ҷамъият фоида расондан.
  • муҳити зистро ҳимоя намудан
  • аз таърихи ҳаракати кӯдакони дигар халқу миллатҳо огоҳи доштан
  • Дар мактаббачагон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, инсондӯсти (гуманзим), ваҳдату ягонагии миллату якпорчагии кишвар, меҳнатдӯстӣ, дӯстиву рафоқат, ҷонибдори аз сиёсати роҳбари давлат.

Ҳазрати Мавлоно Ҷомӣ фармудааст:

Яке ҷӯ, Ҷомӣ, дуҷӯй макун,
Ба майдони ваҳдат дугӯй макун.


2.Сохтори созмон.

Аз ҷиҳати сохтор Созмони талабагии мактабҳо дар се зина фаъолият мекунад:

  1. «Ахтарон» – зинаи ибтидоии созмон буда, хонандагони синфҳои ибтидоиро (1-4) муттаҳид мекунад. Шиори асосии онҳо «Мо кӯдакони фаъол, хушахлоқ, ростқавл ва хушбахт мебошем!»
  2. «Ворисони Сомониён» зинаи дуюм буда, хонандагони синфҳои 59-ро дар бар мегирад, ки шиорашон «Барои хизмат ба халқу Ватан доимо тайёрем!»

Мавзӯро пурра хонед >>


3.Мақсади асосии «Ахтарон»

Тайёр намудани аъзоёни худ ба сафи «Ворисони Сомониён» мебошад. Ахтарон рамз, нишони сарисинагӣ ва шиори худро дорад, ки он бо ранги зард, офтоб ва шуълаҳои фарахбахши он тасвир ёфтаааст, ранги бунафши дохили давра бошад осудагӣ ва бардавомии ҳаёти мардуми Тоҷикистон, тоҷ ва парчам бошад шуҳрат ва ифтихори тоҷикистониён, таърихи давлатдории тоҷикон ва ояндаи минбаъдаи давлатдории онро ифода мекунад.

«Ахтарон» бо ёрии «Ворисони Сомониён» фаъолият менамоянд. Созмони «Ворисони Сомониён» (хонандагони синфҳои 5-9) давомдиҳандагони кори «Ахтарон» мебошанд.

Мавзӯро пурра хонед >>


4.Идоракунӣ ва ба нақшагирии кори созмони талабагӣ.

Органи роҳбарикунандаи Созмон дар ҷумҳурӣ шӯрои созмон мебошад. Аз ҷумла конференсияи ҷумҳуриявии Созмони талабагӣ рӯзҳои 25-26 феврали соли 2000 дар шаҳри Душанбе бо иштироки вакилон аз вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо баргузор шуда буд, қарор қабул кард, ки 26 феврали соли 2000-ум рӯзи ташкилёбии созмонҳои талабагӣ эълон карда шуда ба созмон номи Исмоили Сомони дода шавад.

Мавзӯро пурра хонед >>


 Санҷиши конторолӣ.

  1. Созмони талабагии мактабхои Чумхурии Точикистон кай ташкил ёфтааст?
  2. Шиори созмони «Ахтарон»-ро шарх дихед.
  3. Вазифахои созмони «Ворисони Сомониён» ва «Сомониён»-ро номбар кунед?
  4. Накшаи кори Созмони талабаги чи тавр тартиб дода мешавад?

 Адабиёт барои худомӯзӣ.

  1. Ахбороти Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Душанбе
  2. Юнусов Й. Педагогика: Душанбе 2005.
  3. Қосимов М. Солиев А. Эшонов Б. Самтҳои асосии тарбия ва банақшагирии он. Душанбе 2001.
  4. Нуров А.Рахимов Х. Методикаи корҳои тарбиявӣ дар синфҳои ибтидоӣ, Душанбе, 2005.
  5. Примерная программа воспитания школьников, Душанбе-2004.
  6. Лутфуллоев М. Истиқлолияти Тоҷикистон ва маорифи навин, Душанбе 2006.
ҚаблӣМавзӯъ. Шахсият ва коллективи мактабиён, ҳамкории онҳо дар раванди тарбия
БаъдӣСохтори созмон. Созмони талабагии мактабхо