Сӯх сарзамини тоҷикнишин дар Ӯзбекистон

Маълумот дар бораи нохияи Сух дар Узбекистон оварда мешавад. Сӯх сарзамини тоҷикнишин дар Ӯзбекистон аз сомонаи www.DONISHJU.net | Донишҷӯ.нет >>

Сух Узбекистон

Шаҳристони Сӯх ноҳияест дар ҳудуди вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбакистон. Ноҳияи мазкур наздик ба 85 000 аҳолӣ дорад, ки 99,9 дарсадашон тоҷиканд. Мардум саросар порсигӯянд. Дорои 31 адад мактаб аст, ки ба истиснои чанд синф боқӣ дар ҳама мактабҳо таълим ба забони форсии тоҷикист. Тифлакони сӯхиро беш аз 20 ширхоргоҳу кӯдакистон фаро мегиранд. Аҳолии ин ноҳияи тоҷикнишин соҳиби телевизион ва ҳафтанома бо забони модарии худ ҳастанд, маҳфили адабии “Худафрӯз” даҳҳо адибону адабиётдӯстонро фаро гирифтааст. Ин диёр зодгоҳи олимону шоиру нависандагони зиёдест.

Сӯх, агарчи имрӯз дар иҳотаи деҳаву авулҳои қирғизнишин монда ва аз ҳар ҷиҳат доманаш кӯтоҳ мешавад, вале мардуми порсигӯяш бо сарбаландӣ худро мардуми асилу бумии Фарғона ва меросдори гузаштагони бофарҳангашон, аз қабили Аҳмади Фарғонӣ ва Сайфи Фарғонӣ меҳисобанд. Бояд зикр кард, ки бостоншинос А.П.Окладников соли 1958 аз ғори Селункури Сӯх, ки 1,5 миллион сол пеш аз солшумории милодӣ бошгоҳи одамони аҳди қадим будааст, косахонаи сареро дарёфта, илман исбот кардааст, ки ин воҳа аз асрҳои пешин маркази фарҳангу тамаддун будааст. Дар китоби “Ҳудуд-ул-олам” (асри Х, араб. حدود العالم من المشرق الی المغرب) Сӯх бо унвони шаҳр ёд мешавад.Имрӯз ҳам сӯхиёни бумӣ нисбат ба номҷойҳои зодгоҳи худ ҳаргиз вожагони русто, деҳа ё қишлоқро раво намебинанд.

Аз рӯйи пажӯҳишҳо, ниёкони мардуми Сӯх дар гузаштаи дур бо яке аз забонҳои шарқии эронӣ такаллум мекардаанд, ки номҳои мавзеъҳои зиёди он шаҳристон Кунҷок, Киштуд, Варган, Малбуд, Ровон… далели ин гуфтаҳост. Забони форсӣ ҳамчун забони илму адабу давлатдорӣ батадриҷ ҷойи забони суғдиро гирифтааст.

Марямбонуи Фарғонӣ

Қаблӣ#10 Саволнома бо мукофотпулӣ – 21.02.2021
БаъдӣТест аз фанни Таърихи халқи тоҷик

1 шарҳ

  1. Албатта он навиштач,отҳои дар боло зикршуда ҳақ асту рост. Ман ҳам аз ин ноҳия мебошам ва зиндаги ба сар мнбарам.

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед