- Ай ҷавру зулми мирон,
Гардида мулк вайрон,
Ҷазир гаштан1 фақирон.
- Восеъ ғазост2 имрӯз,
Ҷон мубталост имрӯз,
Ғавғои рӯзи маҳшар
Дар фақирост имрӯз3.
- Чӣ тӯфон аст имрӯзо,
Дар гирифт кӯҳу сангҳо,
Офтоб наздики моҳо…
- Кӯҳҳо чӣ тавр нолонай,
Офтоб гирифт, зулмонай,
Охири зулм вайронай…
- Восеъ хамбид4 Санги Мир5,
Муқобили зулми мир,
Бояд намудан тадбир.
- Восеъ рафт сӯйи Даштак6,
Ба фақирон дод калтак,
Ҷамъ шудан пеши Талхак7.
- Лақай рафт Борикдара8,
Мекунад мира пора,
Мир тарсид, задаш наъра.
- Восеъ хамбид Дараи Борик,
Рӯз равшану шаб торик,
Мир тарсид аз халоиқ…
- Восеъ хамбид Тути Қозӣ9,
Мирро андохт дар бозӣ,
Кардак ӯ найзабозӣ.
- Восеъ марди майдонай,
Замину замон ларзонай,
Бегу қозӣ ҳайронай.
- Восеъ даромад дар майдон,
Монанди шери биёбон,
Хонаи мира кард вайрон.
- Восеъ рафт сӯйи Норак,
Кӯпрукша кардай порак,
Манғит шудай оворак…
- Восеъ сари сангонай,
Пойи аспуш лангонай,
Худуш марди майдонай.
- Восеъ дар Кӯҳнадара,
Аспуш дар Ишкелдара,
Чашми чапуш мепара.
- Баромадан рӯйи банд,
Ҳанги дили мардум канд,
Фақирора куштан ба фанд10.
- Аз Ҳисор омад сарбоз,
Шамшера кардан пардоз,
Хатлона кардан тороҷ…
- Восеъ бурдан Балҷувон,
Бикуштан ёшу ҷавон,
Хатлона кардан яксон11 …
- Дарвоза чӯби тут аст,
Тани Восеъ кабут аст,
Куштанаш рӯзи ҳут12 аст.
- Дарвоза чӯби бед аст,
Хонаи Восеъ сафед аст,
Дили онаш ноумед аст…
- Гулъузор монда ҳайрон,
Кӯзачаш сари сангон,
Хун мегиря чу борон.
- Восеъ мега: «Ма мирум,
Мулло Назир вазирум,
Балҷувона мегирум.
- Мақсади мо на мирӣ,
Маломатум накунӣ,
Эй халқ, чува меховӣ?
- Ҷамъ шавед эй ёрон,
Асир нашвед ба мирон,
Зулм дидед бепоён!..».
- Отама бурдан Бухор,
Пӯшондан ҷомай гулдор,
Кашидануш рӯйи дор
Вой алами Гулъузор!
- Маҳрум мондум аз падар,
Ибрат шавад ба дигар,
Дод аз дасти ситамгар,
Вой алами Гулъузор!
Луғат
- Ҷазир гаштан – ҷазир гаштанд, яъне хонахароб шуданд.
- Ғазо – бо душмани дин ҷанг кардан.
- Маънои байт: фақирон, яъне ситамдидагон шӯриш бардошта маҳшаре, яъне рӯзи қиёмат барпо карданд.
- Хамбид – фуромад.
- Санги Мир – мавзее дар наздики Балҷувон, дар тарафи ҷануби Қалъаи Балҷувон майдони санглох воқеъ буда, дар таги қалъа санги калоне будааст, ки он ҷойро ба ҳамин унвон ном мебурданд.
- Даштак – номи макон дар қарибии Қалъаи Балҷувон.
- Талхак – номи сой дар тарафи Даштак.
- Борикдара – номи мавзее дар Балҷувон.
- Тути Қозӣ – номи мавзеъ.
- Фанд – фиреб.
- Яксон – яъне харобу валангор карданд.
- Рӯзи ҳут – моҳи ҳут, ки аз рӯйи моҳшумории пештара ба моҳи феврали соли 1885 рост меояд.
Суруди халкии «Шуриши Восеъ», Восеъ газост имруз, Восеъ мега: Ма мирум, шеърхо дар бораи Шуриши Восе, шеър.