Тақсим ва тахсиси меҳнат – асоси бунёд ва ташаккули хоҷагиҳои бозорӣ

Пайдоишу инкишоф ва таҳаввулу густариши шаклҳои хоҷагиҳои ҷамъиятӣ бевосита ба хусусиятҳои бунёд ва густариши низомҳои иқтисодӣ алоқаманд мебошанд. Муносибатҳои моликию моликиятдорӣ, субъекту объект, шакл ва намудҳои “дастаи ҳуқуқ”-и моликият, сирати айниву воқеии ташаккули низомҳои иқтисодӣ, тарзу услуби хонадорию хоҷагидорӣ ва давлатдориро муайян мекунанд.

Аз боиси гуногуншаклии низомҳои иқтисодӣ, сабабҳои гуногуну мухталифи бунёду густариши онҳо, механизмҳои ба ҳам мутобиқгардонии омилҳои истеҳсолот, истифодаи захираҳои камёби иқтисодӣ, технология, материал, қобилияти идоракунӣ, тадбиркорию бизнес, яъне тарзу услуби ташкили раванди иқтисод ва қонеъ гардондани талаботи беинтиҳои мардум – шаклҳои гуногуни муносибатҳои молӣ ва дар ин асос ба вуқӯъ пайвастани муносибатҳои бозорӣ мушоҳида карда мешавад.

мехнат, мехнати чисми ва фикри

Охирон, дар мояи рушду нумӯи омили инсонӣ (субъекти иқтисодӣ), болоравии шуур ва тафаккури он, эҳёву инкишофи воситаҳои меҳнат, ҳосилноки шиддатнокии он имконпазир мегардад. Тақсим гардидани меҳнат дар байни тавлидгарону истеъмолгарон тӯли ҳазорсолаҳо ботадриҷ ташаккул ёфта, ҳамчун тақсими ҷудогонаи инфиродӣ ва минбаъд – тақсими ҷамъиятии меҳнат сурат гирифтааст.

Тақсими ҷамъиятии меҳнат, аз эҳёи оламу одам, байни аҳли байт(нахустфарзандону набераҳо)-и Ҳазрати Одам ва Ҳавво-Қобил(зироаткор), Ҳобил(рамабон, чорводор), Ёбол (хайманишин, чорводор), Юбол (навозанда), Тубал-қобил (оҳангар), Ануш (фарҳангшинос)… оғоз ёфта, то кунун такмил ва равнақ меёбад1.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Таҳти тақсими меҳнат, низоми муайяни таърихии меҳнати ҷомеавӣ, ки дар натиҷаи сифатан тафриқашавии фаъолияти меҳ-натии одамон дар раванди истеҳсолоти ҷамъиятӣ ва ҷудосозию баҳам мутобиқгардонии шакл ва намудҳои гуногуни он ба амал меояд фаҳмида  мешавад.

Дар таърихи тақсими ҷамъиятии меҳнат одатан се марҳала-ро чудо мекунанд. Дар марҳалаи аввал чорводорӣ аз зироаткорӣ ҷудо шуда, барои мубодилаи доимии байни қабилаҳо шароит фароҳам меоварад. Дар марҳалаи дуввӯм – ҳунармандӣ аз зироаткорӣ ҷудо гашта, барои бунёд ва ташаккули истеҳсоли молӣ замина мегузорад. Дар марҳалаи саввӯм – савдо аз истеҳсолот ҷудо гардида ба пайдо шудани гурӯҳи тиҷоратчиён (савдогарон) сабаб мешавад.

Тақсими ҷомеавии меҳнат вобаста ба сатҳ ва дараҷаи такомули омилҳои истеҳсолот, сирати фаъолияти субъектҳову объектҳои иқтисодӣ ва низомҳои муносибатҳои моликият дар ҷанбаҳои гуногуни иқтисод, дар шаклу намудҳои гуногун ташкил карда мешавад. Масалан, тақсими инфиродии меҳнат дар доираи иқтисоди хона, оила, гурӯҳ, коллектив ҳамчун дӯзанда, бофанда, пазанда, шустушӯкунанда; тақсими ҷомеавии меҳнат-тақсими меҳнат дар байни соҳаҳои алоҳида (саноат, кишоварз, сохтмон,  алоқа); тақсими ноҳиявӣ ва территориявии меҳнат бай-ни  ноҳияҳои алоҳида оиди зироат, чорво, маҳсулоти саноатӣ; тақсими миллии меҳнат дар доираи давлатҳои миллӣ оиди коркарди намудҳои гуногуни ашъё ё худ маводҳои алоҳида – нафт, газ, ангишт, металл, чой, қаҳва; тақсими байналмиллалӣ ва умумиҷаҳонии меҳнат ва ғайра ташкил меёбад.

Тақсими ҷомеавии меҳнат ва махсусгардонии  меҳнат, аз ни-гоҳи нақш ва мақоми онҳо дар бунёд ва ташаккулёбии хоҷаги-ҳои ҷомеавӣ (новобаста аз гуногун будани моҳият) дар як мазмун тасаввур карда мешавад. Маҳз, тақсими меҳнат ба бунёд ва инкишофи шаклҳои тахсис оварда мерасонад. Масалан, дар на-тиҷаи тақсими меҳнат байни одамон ба ғаллакор, чӯпон, боғдор ва ғ., яъне ихтисосҳои ҷудогона соҳаҳои ба онҳо муносибсоҳаи зироаткорӣ, чорводорӣ, боғу токдорӣ, ҳунармандӣ ва ҳоказо ба вуҷуд меояд. Бо ибораи дигар, тақсими ҷомеавии меҳнат ва махсусгардонӣ дар як ҷода амал намуда, сабаби аз ҳам ҷудошавӣ ва мустақилияти хоҷагиҳо мегардад.


Таксим ва тахсиси мехнат – асоси бунёд ва ташаккули хочагихои бозори, таксими мехнат


1 Ниг. китоби якуми Мӯсо. .Инҷили Луқо. Инст.  тарҷимаи Библия. Стокгольм, 1994.- с. 11-13.

ҚаблӣҒайридавлатӣ ва хусусигардонии моликият: шакл, таҷриба ва хусусиятҳои он
БаъдӣШакл ва намудҳои хоҷагиҳои ҷамъиятӣ