Тафриқасозии корхонаҳо ва меъёри онҳо

Бояд тазаккур дод, ки дар тӯли зиёда аз 70 соли мавҷудаи СССР, фаъолияти корхонаҳо тибқи низомнома (қонун) дар бораи корхонаҳо ба роҳ монда мешуд. Аз нуктаи назари сирати иқтисодию иҷтимоӣ, онҳо ҳамчун звенои ибтидоии хоҷагии халқ, ба сифати воҳиди ҳуқуқӣ сурат гирифта, аз ҷониби давлат таҳсис ва идораю танзим карда мешуданд.

Корхона ҳамчун моликияти умумихалқӣ, дар ҳуҷҷатҳои оморӣ ва коргузорӣ ба ҳайси ташкилотҳои истеҳсолии давлатӣ – завод, фабрика, иттиҳодияҳои истеҳсолӣ, иттиҳодияҳои илмию истеҳсолӣ ба тасвиб мерасид.

Корхона фақат баъди солҳои 60-ӯм имконияти аз рӯи ҳисо-би хоҷагӣ кор карданро ноил гашта, бо муносибатҳои бозорӣ рӯ овард. Он минбаъд, ботадриҷ инкишоф ёфта, баъди солҳои 90-ӯм  ривоҷу равнақ ёфт.

Кунун фаъолияти корхонаҳо дар мамлакатҳои собиқ Шӯравӣ, алалхусус Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи Кодекси гражданӣ ва дигар актҳои қонунгузориҳои ҳуқуқӣ муайян карда мешаванд. Мувофиқи онҳо, таркиби сохтории корхона, тарзу услуби ташкилу фаъолият, истифодаи ҳуқуқ ба моликияти ақлонӣ (интеллектуалӣ), ташаккули муносибатҳои меҳнатӣ, ташкили фаъолияти тадбиркорию корчаллонӣ ва ғайра муайян карда мешавад.

Дар адабиёти иқтисодӣ меъёрҳои гуногуни тафриқабандии корхона дучор мегардад. Ин меъёрҳо тибқи:

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

– хусусиятҳои соҳа – корхонаҳои саноатӣ оиди истеҳсоли мошин, таҷҳизот, инструмент, истихроҷи маъдан, истеҳсоли мавод, истеҳсоли қувваи барқ ва дигар воситаҳои истеҳсолот, корхонаҳои хоҷагии қишлоқ оид ба истеҳсоли ғалла, мева, сабзавот, маҳсулотҳои техникӣ; корхонаҳои индустрияи сохтмон, нақлиёт, савдо ва ғайра;

– тақозои инсон – корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти истеъмолӣ, корхонаҳои соҳаҳои хоҷагии қишлоқ, саноати сабук, хӯрокворӣ, мошинасозӣ, химия, сохтмони манзил ва ғайра;

– сирати истеъмоли ашё – корхонаҳои коркардабарорӣ ва истихроҷ;

– таъминоти маҳсулоти тайёр – истеҳсоли воситаҳои истеҳсолот ва предметҳои истеъмолӣ;

– вақти кор – дар давоми сол доимоамалкунанда ва мавсимӣ;

– ҳаҷм – корхонаҳои хурд, миёна, калон;

– тахассус ва миқёси истеҳсолот – махсусгардонидашуда;

– комбинат ё худ диферсификатсия кардашуда;

– аломатҳои фаъолият – саноатӣ, савдо, нақлиёт, соҳаи хизматрасонӣ, сармоягузорӣ;

– мақсади фаъолият – тиҷоратӣ, ғайритиҷоратӣ;

– самту равиш – корхонаҳои бисёрҷанба, яъне истеҳсоли маҳсулоти гуногун (компютер; автомобил, коляскаи кӯдакон, истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти ғалладона, мева, сабзавот) ва ғайра;

– шаклҳои моликият ба сармоя – корхонаҳои хусусӣ, давлатӣ, инфиродӣ, рафиқона, ширкатҳои монополӣ, муштарак ва ғайра;

– дараҷаи тамаркази истеҳсолот – корхонаҳои хурд, миёна, калон, иттиҳодияҳои истеҳсолӣ, ассотсиатсияҳо, иттифоқҳои хоҷагӣ (консерн, консорсиум, картел, синдикат, трест, ширкатҳои фаромиллатӣ…) ва ғайра.

Меъёрҳои мазкур низоми ягонаю воқеии муайянкунандаи ҳадди ақал ва аксари фирма буда наметавонад. Ин меъёрҳо хоҳ нохоҳ, ба низоми мушаххаси масрифот ва ҳудуди оқилонаю самаранокии фаъолияти хоҷагидорӣ ва идоракунӣ, ки онҳо дар адабиёти муосири иқтисодӣ ҳамчун хароҷоти “назорати бюрократӣ” маъруфанд дучор меоянд.

Таҷрибаи фаъолияти соҳибкорӣ аз он бештар шаҳодат медиҳад, ки бо мурури ботадриҷ васеъ ва ҳаҷман бузург гаштани корхона, ҳаҷми даромад аз фаъолияти соҳибкорӣ, таносубан майл ба пастравӣ пайдо мекунад. Ин аз он ҷиҳат рух медиҳад, ки “хароҷотҳои  бюрократӣ” оид ба ташкил кардани амалиётҳои иловагии дохили корхонавӣ афзун мегарданд. Ҳангоми аз меъёр ва ҳадду ҳудуди оқилона гузаштани ҳаҷми он, самараи идоракунӣ ботадриҷ (оҳиста-оҳиста) аз даст меравад. Бо ибораи дигар принсипи пастравии даромад (самаранокӣ) аз идора ба кор медарояд. Масраф перомуни дарёб ва истифодаи иттилоот босуръат боло меравад. Таъмин кардани ҳавасмандии кормандон оиди амалӣ гардондани мақсади фирма бо воситаи манфиат, назорат торафт қиммати худро афзун мегардонад.

Бинобар ин ташкили иқтисод дар доираи иқтисоди миллӣ тибқи “фабрикаи бузурги ягона” ва “идораи ягона”, ки классикони иқтисоди сиёсии марксистӣ бештар таъкид мекарданд, на барои кам кардан, балки зиёд намудани масрифоти “бюрок-ратӣ” оварда мерасонад.

Аз ин ҷиҳат ҳар як фирма ҳангоми ҳаллу фасли масъалаҳои умдаи иқтисод (чӣ?, барои кӣ?, кай?, барои кӣ истеҳсол намуд?), ногузир ба истеъмолгарони беруна муроҷиат намуда, аз имконияти мавҷуда ва сарчашмаҳои худ аз нигаҳи таъмин намудани ҳадди ақали масраф ва ноил гаштан ба баҳраву манфиати аксар ҳал менамояд. Ин масоил ҳамчун калид оид ба сомон расонидани муаммои ҳадди оқилонаи ташкили фирма хизмат мекунад.

Охирон, тибқи ақидаи Р. Коуз ҳамчун нуқтае, ки масрифоти интиҳоии масраф барои ташкил кардани амалиёти дубора дар дохили фирма, ки ба масрафи ниҳоии механизми бозор мувофиқ бошад муайян карда мешавад. Агар сатҳ ва дараҷаи табақа-банди(иерархия)-и идора аз нигаҳи ташаккули сатҳи технологӣ, соҳавӣ ва ғайра ба ҳам мувофиқ набошад, онгоҳ ҳаҷми оқилонаи фирма метавонад ҳархела сурат гирад. Аз ин нуктаи назар дар доираи ҳар як низоми иқтисодӣ, на фақат миқдори зиёди фирма, балки ташкили шаклу намудҳои бешумори он низ имконпазир мебошанд.

Гуногуншаклии фирмаҳо, асосан тибқи ҳархела сурат гирифтани ҳаҷм, меъёри сарфаи вақт (ба ҳадди ақал расондани хароҷот) ва хароҷотҳои трансаксионӣ сурат мегиранд.

Дар амалияи хоҷагидорӣ шакл ва намудҳои фирма, муво-фиқи қонун ва қонунгузориҳои давлат перомуни ташаккули шаклҳои ҳуқуқии корхона муайян карда мешавад.

Дар давраи Ҳокимияти Шӯравӣ шакл ва намудҳои корхона мувофиқи низомнома ва қонун дар бораи корхонаҳо муайян карда мешуданд. Кунун дар аксарияти ҷумҳуриҳои мустақил, онҳо тибқи “Кодекси гражданӣ” ташкил карда мешаванд. Алалхусус дар Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳои собиқ Шӯравӣ ташкил кардани чунин шаклҳои ҳуқуқии корхонаҳо тавсиф карда мешаванд:

– корхонаҳои давлатӣ;

– корхонаҳои мунисипиалӣ;

– корхонаҳои инфиродӣ (хусусӣ);

– ширкатҳои дорои масъулияти комил;

– ширкатҳои рафиқона;

– ширкатҳои рафиқонаи муштарак;

– ширкатҳо(ҷамъиятҳо)-и саҳҳомӣ (баста ва боз);

– иттиҳодияи корхона;

– корхонаҳои иҷоравӣ ва ғайра.

Корхонаҳои давлатӣ, асосан, тибқи сирати низомҳои иқтисодӣ, моликият ва соҳибию истифода ташкил мегарданд.

Дар шароити иқтисоди амрӣ корхонаҳои давлатӣ ҳамчун моликияти умумихалкӣ таъсис ёфта, аз ҷониби ҳукумат, ташки-лотҳои давлатӣ, вазоратҳо баҳри иҷро кардани вазифаҳои нақ-шавии давлат истифода карда мешаванд. Фаъолияти истеҳсолӣ, хоҷагидории молиявӣ, иҷтимоӣ, тиҷоратӣ, бурунмарзиашон аз ҷониби он ташкилотҳо ташкилу инкишоф дода мешаванд. Ҳавасмандӣ, манфиатҳои иқтисодӣ, фаъолияти озоди соҳибкорӣ дар ин ҷо нисбатан маҳдуд карда шудаанд ва коллектив ба натиҷаи ниҳоии он ҳавасманд нест.

Дар шароити капитализм, корхонаҳои давлатӣ дар мояи моликияти хусусӣ ва принсипи қисман ё пурра харида гирифтани корхонаҳои муфлисшуда ва аз нав сохтани корхонаҳо сурат мегиранд. Ба моликияти давлатӣ на соҳаҳои истеҳсолоти моддӣ, балки қисми зиёди соҳаҳои ғайриистеҳсолӣ, соҳаҳои зерсохти бозорӣ дохиланд. Аксар вақт онҳо дар асоси боз харида гирифтани корхонаҳо, аз нав таҷҳизонӣ, сармоягузории иловагӣ ва ба соҳибкорон баргардонда додани онҳо, ба мақсади адои фармоишҳои давлатӣ ва соҳибкорию ба даст овардани фоида ташкил карда мешаванд.

Баъзан корхонаҳои давлатӣ ҳамчун шакли корхонаҳои муштарак – моликияти давлат бо шаклҳои дигари моликият, (моликияти хусусӣ, моликияти давлатҳои хориҷӣ ва ғайра) таҳсис дода мешаванд. Онҳо дар асоси принсипи ҳисоби тиҷорат фаъолияти соҳибкории худро анҷом мепазиранд.

Корхонаҳои мунисипиалӣ корхонаҳое мебошанд, ки онҳо барои истифода дар асоси принсипҳои худидоракунӣ ба ихтиёри субъектҳои иқтисодӣ гузошта мешаванд. Онҳо ба монанди корхонаҳои давлатӣ таҳсис ёфта, на ба ташкилотҳои давлатӣ, балки ба ташкилотҳои мунисипиалӣ таалуқ доранд.

Аксар вақт, тибқи Кодекси гражданӣ корхонаҳои давлатӣ ва корхонаҳои мунисипиалӣ дар шакли корхонаҳои унитарӣ бунёд мегарданд. Корхонаҳои унитарӣ чунон шакли корхонаҳои тиҷоратие мебошанд, ки ба онҳо ҳуқуқ ба моликият, яъне истифодаи молу амволи дар ихтиёр дошта дода намешавад. Ин намуди корхонаҳо корхонаҳои давлатие дониста мешаванд, ки барои истифодаи муваққатӣ, дар асоси принсипи нисбии оперативии идора, тақсим нашудани моликият байни аъзоёни коллективи корхона ва пурра боқимондани он (ҳамчун соҳиби моликият) дар ихтиёри ташкилотҳои давлатӣ ё худ ташкилотҳои мунисипиалӣ ташкил карда мешаванд.

Корхонаҳои хусусӣ шакли оддитарини хоҷагидории инфи-родӣ (шахсӣ) ва оилавӣ дониста мешавад. Он, одатан дар шакли корхонаҳои хурду миёна дар соҳаҳои тавлиду тиҷорат, дар асоси моликияти шахсии фарди алоҳида ё худ оилаю гурӯҳи алоҳидаи соҳибкорон, қисми даромад ва молу амволи якҷояи онҳо ташкил карда мешавад. Тибқи қонунгузориҳои кунунӣ ҳар як фарди алоҳида ҳаққу ҳуқуқи моликияти давлатӣ ва мунисипиалиро харидан ва ба моликияти шахсӣ табдил додан дорад. Ҳадду ҳудуд, вазифа ва масъулияти ба дӯш доштаи корхона бо воситаи устави корхона ба қайд гирифта мешавад. Ба он иҷозат ба номгузорӣ ва иҷрои амалиётҳои ташкилию ҳуқуқӣ дода мешавад.

Ширкатҳои рафиқона, ҳанӯз дар шакли хоҷагидории рафии-қона дар солҳои 20-ӯм дар мамлакати мо дар шакли хоҷагиҳои рафиқонаи оддӣ, рафиқонаи комил (дорои масъулияти комил), рафиқонаи командитӣ (боварӣ, боэътимод), рафиқонаи дорои масъулияти маҳдуд, корхонаҳои ҳамшарик ба вуҷуд омада, баъди солҳои 30-ӯм аз амалиёт боздошта шуданд.

Кунун ширкатҳои рафиқона дар шакли ширкатҳои Ра-фиқонаи дорои масъулияти комил эҳё гардида, сирати зоҳирии пешинаи худро нигоҳ медоранд.

Ширкатҳои рафиқона (рафиқонаи дорои масъулияти комил) дар асоси бастани шартномаи байни иштирокчиёни онҳо оиди фаъолияти соҳибкорӣ, ҷавобгарии мутақобила, тақсими баробар ва адолатонаи даромад ташкил карда мешаванд.

Сармояи ширкат дар асоси ба ҳам зам кардани саҳми ҳар як иштирокчиёни он дар шакли воситаҳои пулӣ, хадамот, сармоя-гузориҳои ғайримоддӣ ва ғайра ташкил меёбад. Пешбурдан-(идора кардан)-и фаъолияти корхона дар чорчӯбаи ҳамдигарфаҳмии умумӣ сурат мегирад.

Ҳама аъзоёни ширкат барои ташкилу ташаккули молу амволи ширкат, воситаҳои пулию молиявӣ ва ӯҳдадориҳои он, ҷавобгарӣ ва масъулияти якхела доранд. Адои қарз ва даъвоҳои хоҷагию ҳукуматӣ на ба аъзоёни алоҳида, балки ҳамаи аъзоёни он пешниҳод карда мешавад ва онҳо аз ҳисоби воситаҳои умум пардохта мешаванд.

Ширкатҳои рафиқона аз нигаҳи ташкилию иқтисодӣ, ҳамчун фирмаҳои начандон бузург, ки ба фаъолияти тиҷоратӣ ва ҳуқуқӣ банд мебошанд, арзи вуҷуд доранд. Ҳар яке аз ин ширкатҳо дорои унвон (ном), шакли ташкилии ҳуқуқ, сарҳисоб буда, дар асоси принсипҳои тиҷоратӣ амал мекунанд.

Бояд тазаккур дод, ки баъд аз нимаи солҳои 80-ӯм ва таи солҳои 90-ӯми асри ХХ дар ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ ташкили навъи нави фаъолияти хоҷагидорӣ дар шакли иттиҳоди хоҷагидорӣ густариш ёфт.

Таҷрибаи солҳои гузашта аз он шаҳодат медиҳад, ки иттиҳоди хоҷагидорӣ дар шакл ва намудҳои гуногун, алалхусус: ширкатҳои дорои масъулияти комил, ширкатҳои дорои масъулияти маҳдуд, ширкатҳои (ҷамъиятҳои) саҳҳомӣ, ширкатҳои саҳҳомии баста ва боз, ширкатҳои рафиқонаи муштарак ва ғайра ташкил гардидаанд.

Ҷомеаи дорои масъулияти маҳдуд ҷомеае дар назар дошта мешавад, ки аз ҷониби як ё якчанд шахсони алоҳида таҳсис дода мешавад. Сармояи уставии онҳо ба андозаи муайян карда шудаи сармояи созмондиҳандагон тибқи шартнома ташкил карда мешавад. Созмондиҳандагон барои ӯҳдадориҳои ҷамъият ҷавоб-гар нестанд, вале хавфи зараре, ки вобаста ба фаъолияти ҷамъият ба андозаи арзиши маблағҳои гузошташудаашон ба миён меояд ба дӯш доранд. Бо ибораи дигар, дар доираи ҷомеаи дорои масъулияти маҳдуд, ҷавобгарии моддии таҳсисдиҳан-дагон фақат ба андозаи ҳисса(саҳм)-и вогузошташудаи онҳо муайян карда мешавад.

Иттиҳоди хоҷагидорӣ дар кадом шакл ва намуде ташкил карда нашавад, он ҳамчун шахсияти ҳуқуқ арзи вуҷуд дорад, тибқи тақозои (қоидаи) устав ва шартномаи таҳсисди-ҳандагон амал менамояд. Ба он ҳаққу ҳуқуқи мустақилона гузоштани ном, муайян кардани шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ дода мешавад.

Ҷомеа(ширкатҳо)-и саҳҳомӣ яке аз шаклҳои иттиҳоди хоҷа-гидорӣ эътироф карда шуда аз ҳисоби муттаҳид кардани ҳисса-гузориҳои аъзоёни ҷамъият ташкил карда мешавад. Он ба сифати ширкати дорои масъулияти комил баромад мекунад. Ҷавоб-гарии он дар доираи истифодаи сармояи худӣ сурат мегирад.

Фарқи ширкати саҳҳомӣ аз иттиҳоди дигари хоҷагидорӣ дар он аст, ки сармояи ширкатҳои саҳҳомӣ, чун қоида, дар шакли пулӣ вобаста ба ҳиссагузории ҳар як саҳмгузоранда, ки ба андозаи номиналӣ ва ҳиссагузориҳои тақсимнашавандаашон баробар аст ташкил меёбад. Охирон, ҳамчун намуди қоғазҳои қимматнок – саҳмия сурат мегирад.

Бояд хотиррасон намуд, ки ҳангоми бозсозии ҳаёти иқтисодию иҷтимоии мамлакат, қабули қонунҳо дар солҳои 1985-1990 ва то ибтидои солҳои 1995 дар бораи корхонаҳо ва фаъолияти соҳибкорӣ дар аксарияти давлатҳои собиқ Шӯравӣ, шаклҳои мухталифи корхонаҳо истифода карда шудаанд.

Баъд аз солҳои 1995 бошад дар Кодекси гражданӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ шакли ташкилию ҳуқуқии фирмаҳо ба стандарти ҷаҳонӣ мутобиқ карда шудаанд. Аз ин ҷиҳат муаллифони “Курси иқтисод” (9, 526) чунин тарзу услуби тафриқабандии пештара ва ҳозираи шакли ташкилию ҳуқуқии корхонаҳоро тавсия намудаанд (ниг. нақшаи 39).

Шакли пешин (қадима) Шакли табдилёфта (кунунӣ)
1. Рафиқона дорои масъулияти маҳдуд 1. Ширкат(ҷамъият)-и дорои масъулиятҳои маҳдуд
2. Рафиқонаи комил пурра) 2. Рафиқонаи комил (пурра)
3. Рафиқонаи мухталат 3. Рафиқона дар асоси боварӣ (боваринокии рафиқона)
4. Ҷамъияти саҳҳомии нав-ъи баста 4. Ширкат(ҷамъият)-и саҳҳомии баста
5. Ҷамъияти саҳҳомии нав-ъи боз (кушод) 5. Ширкат(ҷамъият)-и саҳҳомии боз
6. Корхонаҳои инфироди-(оилави)-и хусусӣ 6.   Ба шакли хоҷагидории рафиқона табдил додани

ҷамъият (ширкат), иттиҳод, кооператсия, ё худ нест кардани онҳо

Нақшаи 39. Махсусиятҳои ташкили корхонаҳо

Хусусияти замони имрӯза ба ҳам иттисол ва мутта-ҳидшавии фаъолияти иқтисодии фирмаҳо ҳамчун иттифоқ ё худ ассотсиатсияҳо зуҳур меёбад. Фаъолияти онҳо дар асоси қарордодҳо на танҳо ба мақсади ба даст овардани фоида, балки мутобиқсозии фаъолияти соҳибкорӣ ва ҳиф-зи манфиати умум таҳсис дода мешаванд.

Аз ин ҷиҳат, онҳо ташкилотҳои бидуни тиҷорат эътироф карда мешаванд. Аксар вақт барои ҳаллу фасли хоҷагӣ, ассотсиатсияҳо ба ҷамъиятҳои иттиҳоди хоҷагидорӣ ё худ ширкатҳои рафиқона ҳамроҳ гардида, корхонаҳои навъи бозорӣ – консернҳо, консорсиумҳо, трестҳо, синдикатҳо, картелҳо ва ассотсиатсияҳои хоҷагидорӣ табдил дода мешаванд.

Фаъолияти иттифоқҳо (ассотсиатсияҳо) дар асоси қарордодҳо ва принсипи озодона ворид гаштану аз он бурун рафтан, нигоҳ доштани мустақилият (шахсияти ҳуқуқӣ) эътироф кардани ӯҳдадориҳои дутарафа ва ғайра сурат мегирад.

Иттифоқҳои хоҷагӣ теъдоди бешумори корхонаҳои гуногуни соҳаҳои гуногунро ба худ муттаҳид карда метавонад.

Мақсади таҳсис намудани ассотсиатсияҳо сармоягузорӣ ба равандҳои ташкилию технологии муосир, хизматрасонии мутақобила ва дастгирӣ, дар ҳаллу фасли масоили умдаи иқтисод, чӣ дар доираи иттиҳод ва чӣ дар доираи ташкилотҳои болоӣ, кор карда баромадани сиёсати ягонаи инкишоф, тайёрии мутахассисҳо ва ғайра зуҳур меёбад.

Иттифоқҳои хоҷагӣ ҳамчун шакли моликияти монополӣ эҳё гардида, кунун ба ҷумлаи ширкатҳои машҳуртарини ҷаҳон шомиланд.

Консернҳо – ҳамчун шакли корхонаҳои бузургтарини моно-полӣ, дар асоси шартнома ташкил карда шудаанд. Аз нигаҳи миқёси тамаркази истеҳсолот, иқтидори истеҳсолӣ, имконияти бениҳоят васеи диферсификатсияҳои истеҳсолот, қобилияти беинтиҳои рақобатпазирӣ ба мақсади муайян, тақсим ва истифодаи сармоягузорӣ андӯхтани онҳо, барои баланд бардоштани даромаднокӣ ва подошт кардани масрифоту таъмини фоидаи баланд доранд.

Ба онҳо дараҷаи баланди тамаркази истеҳсолот, шакли моликият хос мебошад. Аксар вақт онҳо ҳамчун ширкатҳои холдингӣ – дорандаи пакетҳои саҳҳомии иттиҳод ташкил карда мешаванд.

Картел – шакли иттиҳоди корхонаҳое мебошад, ки дар асоси шартнома, тибқи саҳми ҳаҷми маҳсулот, нарху шароити фурӯш, маҳдудгардонии бозори фурӯши маҳсулот дар асоси қарордодҳои байниҳамдигарӣ ташкил карда мешавад.

Синдикат – шакли иттиҳоди корхонаҳое мебошад, ки таъминот дар доираи он бо таври марказонидашуда ба роҳ монда шудааст. Тазод ва рақобат оиди хариду фурӯш дар доираи иттифоқ аз миён бардошта шуда ширкати дорои масъулияти маҳдуд ташкил карда мешавад. Дар акси ҳол идора ба яке аз иштирокчиёни аъзоёни шартномаи иттиҳод супорида мешавад.

Аъзоёни иттифоқ пурра мустақилияти тиҷоратӣ ва қисман мустақилияти истеҳсолии худро аз даст медиҳанд.

Трест – шакли иттифоқи монополистии корхонаҳое мебошад, ки дар он иштирокчиёни он мустақилияти истеҳсолӣ, тиҷоратӣ, ҳуқуқиро аз даст дода, ба тобеъияти ягонаи идора ворид мегарданд.


Тафрикасозии корхонахо ва меъёри онхо, Корхонахои давлати чи гуна ташкил меёбанд?, Корхонахои мунисипиали, Корхонахои хусуси, Ширкатхои рафикона, Чомеаи дорои масъулияти махдуд, Чомеа(ширкатхо)-и саххоми, ЧДММ чист? ЧСП ва ЧСК, намудҳои фирма, намудхои фирма.

ҚаблӣМуносибатҳои меҳнатӣ дар фирма
БаъдӣКорхонаҳои давлатӣ ва корхонаҳои хусусӣ