Талошхои Устод Айни барои исботи миллати точик

Талошҳои Устод Айнӣ барои исботи миллати тоҷик. Талошхои Устод Айни барои исботи миллати точик


Мухолифони консипсиюни ҳастии миллии тоҷикон бисёр буданд. Чунончи ҳамин ки «Намунаи адабиёти тоҷик» чоп шуд, «ҳамаи шарқшиносон муқобил баромаданд ва забони адабӣ доштани халқи тоҷикро инкор карданд» (С. Айнӣ).

«Аз ин хатои шарқшиносон пантуркистон истифода бурда, будани тоҷиконро дар Осиёи Миёна инкор карданд».

Устод Айнӣ идомаи ин қиссаро ин тарз овардааст:
«Дар соли 1926 дар Тошканд вақте ки конфаронси ба алифбои лотинӣ гузаштани тоҷикон барпо шуд, як қисми шарқшиносон гуфтанд, ки «тоҷикон ҳастанд, аммо забони адабӣ надоранд, ин забони адабие, ки дар вай шоирони гузашта ва ҳозираи осиёи миёнагӣ шеър мегӯянд, аз они Эрон аст, бояд дар асоси забони кӯчагӣ барои тоҷикон забони адабӣ аз нав сохта шавад”.

С. Айнӣ он гоҳ «бисёр шӯрида мунозира кард», то исбот намояд, ки тоҷикон забони адабии олиҷанобе доранд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Вай соли 1930 дар пешгоҳи конфаронси забоншиносии Самарқанд «бо хатти ҷалии настаълиқ» шиоре навишт:
«Тоҷикон забони адабии ҳазорсола доранд!»

Ҳамон сол Айнӣ дар конфаронси забоншиносии Сталинобод «бо профисур Андреев даст ба гиребон шуда ҷанг кард» ва боз ҳам мақсади ӯ ба фаҳми мардум расонидани ҳақиқати таърих, ҳақиқати мавҷудияти халқи тоҷик дар Осиёи Миёна, забони адабии сайқалдида ва адабиёти
классикии ҳазорсолаи вай буд.

Устод Айнӣ на танҳо бо мунозираву муноқишаҳои илмӣ, бо чандин мақола ва «Намунаи адабиёти тоҷик», балки инчунин бо асарҳои адабӣ, масалан бо қиссаи «Одина» (1924) ва румони «Дохунда» (1930) собит намуд, ки халқи тоҷик вуҷуд дорад ва забони адабии ӯ ҳамон форсии дарӣ, форсии асил ва софу беғубор аст.

Ниҳоят шарқшиносон Евгений Бертелс ва Александр Болдирев «розӣ шуданд, ки адабиёти тоҷикро аз асри ХУ1-ХУ11 ин ҷониб дар ҳудуди Мовароуннаҳр қабул намоянд».

Аммо устод Айнӣ ба ин қаноат накард ва муборизаро барои исбот кардани ин ки адабиёти классикии тоҷикӣ аз Рӯдакӣ оғоз ёфтааст, ҳамчунон идома дод.

Дар ин миён воқиае рӯй дод, ки ба нақшаҳои устод зарба зад ва ба иҷрои он монеъ омад. Охири даҳаи бистум ба чобукдастони қудратманди пантуркист ва панславист муяссар гардид, ки тифоқ шуда, ба устод Айнӣ ва «Намунаи адабиёти тоҷик» айбҳои калони сиёсӣ нисбат диҳанд.

Яке аз гуноҳҳое, ки ба «Намунаи адабиёти тоҷик» нисбат доданд, ин буд, ки Айнӣ дар аввали китоб шеъри Рӯдакӣ “Бӯи ҷӯи Мӯлиён”-ро овардааст ва бо ин шеър, чунончи бо ин байт, ки:

Эй Бухоро, шод бошу дер зӣ,
Шоҳ сӯят меҳмон ояд ҳаме,

– амир Олимхонро, ки пас аз пирӯзии инқилоби соли 1920 ба Афғонистон гурехта буд, ба Бухоро даъват кардааст. Гӯё Айнӣ, ки захми 75 чӯби амир Олимхон дар тахтапушташ ҳанӯз сӯзиш дошт, ҳамон амирро ба Бухоро даъват мекардааст!

Шарм накарда дар ҳаққи Айнӣ дар Тошканд ин гапро гуфтанд ва Н. Бухарин, ки он вақт яке аз сарварони шӯравӣ буд, онро аз Маскав такрор карда, китоби Айниро як падидаи «шоҳпарастии аксулинқилобӣ» номид.

Дар натиҷа соли 1930 «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро манъ карданд, яъне аз дӯкону китобхона чида ба коми оташ партофтанд.

Худи Айнӣ ба чи сабабе, шояд ба сабаби он, ки румони «Дохунда»-ро, ки дар васфи инқилоб аст, навишт, аз ҷазо эмин монд.

Ба ин тарз фитнагарон гуё «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро бадном карданд ва ба консипсиюне, ки асоси ин китобро ташкил мекард, зарба заданд. Албатта онҳо то андозае ба мақсад расиданд, хусусан дар доираҳои расмии Иттиҳоди Шӯравӣ нисбат ба такопӯе, ки мардуми тоҷик дар роҳи худшиносӣ ва устувор кардани пояҳои ҳастии миллии худ доштанд, нобовариро қувват доданд.

Аммо китоби Айнӣ пеш аз он ки ҷавонмарг шавад ва баъд аз он ҳам дар шуури миллии халқи тоҷик нақше носутурданӣ гузошт ва берун аз ҳудуди Осиёи Миёна ҳам хидмати таърихӣ иҷро намуд.

Аз ин рӯ чун имрӯз «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро ба даст мегирем, бояд бо назари таърихӣ варақ занем ва аз бинишгоҳи он
вазифаҳои бузурги миллӣ, ки муаллиф барои иҷрои онҳо фидокорона ҷавлон дошт, арзёбӣ кунем.

Набояд фаромӯш кард, ки Айнӣ гуфтааст: «Дар тартиб додани ин китоб… фармудаи таърихро ба ҷо овардаам”.

Ҳама фаъолияти Айнӣ иҷрои амри зарурати таърих, иҷрои супориши миллат, иҷрои аълои вазифаи бузурги иҷтимоъӣ буд.

Фармудаи таърих ин буд, ки нодурустии ақидаҳои пантуркистҳо, аз ҷумла ба ном «назарияи тӯроният»-ро бояд исбот кард. Назарияпардозони «тӯроният» даъво доранд, ки вожаи «Тӯрон» ва вожаи «турк» аз як реша аст, «Тӯрон» ва «Туркистон» як маъно дорад, яъне Мовароуннаҳр, ки ҷузъе аз Турон аст, аз қадим як қисми Туркистон буд, ватани аслии қавмҳои туркинажод ва фарҳанги онҳост.

Инкори мавҷудияти эронӣёни тоҷик дар Мовароуннаҳр поя бар ҳамин даъво дошт. Донишмандон, аз ҷумла баъзе шарқшиносони аврупоӣ чандин бор исбот кардаанд, ки ҳамреша донистани вожаҳои «турк» ва «Тӯрон» ниҳояти бесаводии таърихист ва ин ду вожа дар пайдоиш ба ҳам робитае надоранд.

Асли эронии вожаи «Тӯрон» ва ба вожаи «турк» робита надоштани он аз китоби Айнӣ «Намунаи адабиёти тоҷик» худ ба худ ошкор шуд. Аз ин китоби Айнӣ дигар ҷои шубҳа намонд, ки Мовароуннаҳр аз аҳди бостон ватани ориёиён, ватани порсии дарӣ ва адабиёти нави форсӣ будааст ва аҷдоди тоҷикони кунунӣ онро ба вуҷуд оварда, дар ҳазор соли охир барои равнақу ривоҷи он ҳиммат гумоштааанд.

Устод Айнӣ нагузошт, ки миллати тоҷикро аз ватанаш ва таърихаш, аз забони адабӣ ва адабиёту фарҳангаш ё ки аз як қисми мероси адабиаш маҳрум кунанд. Агар он ақида, ки гӯё тоҷикон забони адабӣ надоранд ва барои онҳо аз гӯиши кӯчаву бозор забони адабӣ бояд сохт, ё он ақида, ки адабиёти тоҷикӣ аз қарни 19, аз Аҳмади Дониш ва ё аз қарни 16-17 оғоз ёфтааст, – агар ин ақидаҳо ё ки яке аз онҳо ғалаба мекард, ташаккули миллати тоҷик ва шуури миллӣ ба роҳи нодуруст медаромад. Агар ин ақидаҳо қабул мешуд, натиҷа он мебуд, ки ёди таърихии мардуми тоҷик номукаммал ташаккул меёфт, худшиносии маънавӣ ва худогоҳии миллии онҳо аз заминаи воқеъияти таърихӣ канда шуда, мазмуни нодуруст ва хилофи ҳақиқати воқеъӣ пайдо мекард.

Ёди таърихӣ, ёди фарҳангӣ, ки дар асоси воқеъият ташаккул ёфтааст, раҳнамои миллат дар ҷустуҷӯҳои иҷтимоъиву маънавии имрӯзу фардост.

Бидуни ёди фарҳангӣ ва бо ёди дурӯғин дар печидагиҳои рафти таърих роҳи дуруст ёфтан аз доираи имкон берун аст.

Талошҳои Айнӣ худҷӯиву худрасии мардуми тоҷикро ба роҳи дуруст равон кард, барои ин, ки ёди таърихии миллат то ҳадди имкон наздик ба воқеъият бошад ва худшиносии миллӣ аз бунёди маънавӣ маҳрум нагардад, замина фароҳам овард.

Айнӣ он кореро, ки Аҳмади Дониш ва ҷадидон пеш гирифта буданд, дар шароити даҳаи бистум идома дод ва кӯшид, ки худогоҳии тоҷикон бунёди маънавӣ дошта ва ба қадри имкон тибқи вежагиҳои зеҳнияти миллӣ сурат ёбад.

Фармудаи таърих ҳамин буд, ки иҷро шуд.
Муборизаи зидди пантуркизм ва талошҳои сахти даҳаи бистум барои ташаккули миллати тоҷик ва худшиносии миллии тоҷикон дорои аҳамияти куллӣ буд.

Муаллиф: Муҳаммадҷон Шакурӣ. Хуросон аст инҷо.


Пайвандҳо:

  • С. Айнӣ. Намунаи адабиёти тоҷик. -М., 1926, саҳ. 3.
  • Лоҳутӣ. Садридднни Айнӣ, дар: С. Айнӣ. Намунаи адабиёти тоҷик, саҳ. VIII.
  • С. Айнӣ. Куллиёт, ҷ. 1. – Сталинобод, 1958, саҳ. 97.
  • К. Айнӣ. Як сина сухан барои гуфтан дорам. «Адабиёт ва санъат», 16 сентабри 1993, № 38, саҳ. 5.
  • Ҳамон ҷо. Дар ин мақолаи Камоли Айнӣ як номаи муҳимми Садриддини Айнӣ чоп шудааст, ки ҳама иқтибосҳои ҳозира аз он нома гирифта шуд.
ҚаблӣИнкилоби фикри ва тахкими амнияти давлати аз нигохи Садриддин Айни
БаъдӣШеър дар бораи Саъди Шерози