Танзим ва банақшагирии оила

Танзими оила ва ҳифзи саломатии он. Танзим ва банакшагирии оила


Танзим ва банақшагирии оила яке аз масъалаҳои муҳим дар оиладорӣ ба ҳисоб рафта, барои пешгирӣ ва рафъи як қатор мушкилоти бавуҷудоянда мусоидат менамояд. Давлат, пеш аз ҳама, барои мустаҳкамии оила ва тарбияи фарзандони солиму бомаърифат манфиатдор буда, баҳри расидан ба ин ҳадаф ҳамаҷониба ғамхорӣ менамояд.

Оилаи солиму устувор дар ташаккули давлату давлатдорӣ, таҳкими худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба урфу одатҳо ва расму оинҳои гузаштагон, эҳтироми арзишҳои миллию умумибашарӣ нақши бағоят муҳим мебозад.

Оила яке аз унсурҳои зарурӣ ва асосии ташаккули ҷомеа маҳсуб меёбад. Бинобар ин давлат муҳайё намудани шароити зарурӣ ва заминаи мусоидро барои рушди оилаҳои солим яке аз вазифаҳои асосӣ дар сиёсати иҷтимоии худ мешуморад.

Дар баробари ин бояд қайд намуд, ки дуруст ба роҳ мондани сиёсати демографӣ барои оқилона ва бо суръати муайян афзоиш додани аҳолӣ ва рушди бонизоми ҳар кишвар мусоидат менамояд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Демография аз калимаҳои юнонии dеmos (халқ) ва grаpнo (менависам) гирифта шуда, ҷанбаъҳои муҳимми фаъолияти ҳаёти инсон, аз қабили таваллуд, фавт, раванди ақди никоҳ, ҷудошавӣ, муҳоҷират ва ғайраро меомӯзад.

Проблемаи демографӣ масъалаҳои афзоиши аҳолиро дар бар гирифта,ба ҷараёнҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ таъсири хешро мегузорад. Аз ин рӯ ҳар кишвар дар ин соҳа проблемаҳои муайяни худро дорад. Ҳоло дар бисёр мамлакатҳои дунё барномаҳои мухталиф оид ба масъалаҳои танзими оила, ҳифзи саломатии модару кӯдак амал мекунанд.

Мақсаду усулҳои ҳалли онҳо бештар ба имконоти иқтисодии ҳар як давлат ва сиёсати пешгирифтаи он иртибот дорад. Дар баъзе аз кишварҳо сиёсати демографӣ, пеш аз ҳама, ба камшавии таваллуд, дар баъзеи дигар ба пастшавии фавти кӯдакон ва зиёд кардани дарозумрӣ, дар гурӯҳи сеюм ба боздоштани равандҳои муҳоҷират ва ҷобаҷонамоии аҳли ҷомеа нигаронида шудааст.

Масалан, дар ИМА сиёсати ягонаи демографии умумидавлатӣ вуҷуд надорад. Ин масъалаҳоро ҳар як штат мустақилона ҳал мекунад. Дар Олмон бо сабаби паст будани дараҷаи таваллуд барои ба дунё овардани фарзанд сиёсати ҳавасмандкунӣ амалӣ карда мешавад. Дар Фаронса бо сабаби паст шудани дараҷаи таваллуд тадбирҳои зиёд кардани аҳолӣ андешида мешавад.

Дар Ҷопон дар ин самт дар пайи ҳал кардани ду проблема ҳастанд: 1) пиршавии аҳолӣ; 2) ҷойгиршавии нобаробари аҳолӣ. Дар Покистон сиёсати демографӣ ба паст кардани дараҷаи таваллуд нигаронида шудааст.

Таҷрибаи кишварҳои ҷаҳон нишон медиҳад, ки чораҳои маҷбурии банақшагирии аҳолӣ самараи назаррас намедиҳад. Масалан, солҳои ҳаштодуми асри ХХ дар Ҳиндустон баробари дидани чораҳои сиёсати демографӣ чораҳои маъмурӣ низ андешида мешуд. Лекин ин тартиб натиҷаи дилхоҳ надода, баръакс, оқибатҳои манфӣ ба бор овард.

Бинобар ин дар ин кишвар сиёсати демографиро аз нав баррасӣ намуда, аз барнома як қатор чорабиниҳоро хориҷ карданд. Пеш аз ҳама ба таъминоти оилаҳо бо озуқа, солимии модару кӯдак ва маърифатноксозии занон эътибор дода шуд.

Дар натиҷа соли 2000 аҳолии Ҳиндустон ҳамагӣ 1,8 фоиз афзуд, ки ин нисбати солҳои пешин хеле кам буд.

Дар Чин, ки аҳолии он беш аз 20 фоизи аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳад, банақшагирии аҳолӣ ба сиёсати стратегии давлат табдил ёфтааст. Ин ҷо асоси сиёсати демографиро як фарзанд таваллуд кардан ва то таваллуди фарзанди дигар фосилаи тӯлонӣ гузоштан ташкил медиҳад. Дар ин мамлакат чораи маъмурию тадбири иқтисодиро якҷоя амалӣ менамоянд.

Дар натиҷаи сиёсати демографӣ суръати афзоиши аҳолӣ ба маҷрои муайян даромада бошад ҳам, он оқибатҳои манфиро низ ба бор меорад. Аз қабили зиёд шудани шумораи писарон нисбат ба духтарон, тадриҷан кам шудани шумораи ҷавонон ва пиршавии аҳолӣ.

Дар Тоҷикистон 67 фоизи аҳолиро ашхоси то 30-сола ташкил медиҳанд. Фаромӯш набояд кард, ки аҳолии қобили меҳнат бойигарии давлат аст. Бинобар ин аз захираҳои инсонӣ самаранок истифода бурдан ба нафъи тамоми ҷомеа хоҳад буд.

Мақсад аз банақшагирии оила имконияти сиҳатии модарону иқтисодиёти оиларо ба назар гирифта, фосилаи таваллудро риоя кардан аст. Мафҳуми танзими оила фосилаи байни таваллуд ва теъдоди кӯдакон дар оиларо ифода мекунад. Ин нукта асоси илмӣ дошта, имрӯз мавриди пажӯҳиши ҳаматарафаи мутахассисон қарор гирифтааст.

Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ мафҳуми банақшагирии оиларо таъмини назорати функсияҳои репродуктивӣ барои таваллуди кӯдакони солиму дилхоҳ тавсиф менамояд.

Банақшагирии оила – маҷмӯи чорабиниҳои тиббӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ мебошад, ки бо мақсади таваллуди насли солим ва дилхоҳ, танзими фосилаи ҳомилашавӣ, назорати муҳлати таваллуд ва пешгирӣ аз ҳомилашавии ғайрихоҳиш роҳандозӣ мегардад.

Аз тарафи зану шавҳар қабул кардани қарор оид ба таваллуди фарзанд ба шароити иҷтимоии оила, синну соли волидон ва дигар омилҳо вобаста мебошад.

Агар фосилаи таваллуд миёни фарзандон 3-4 сол бошад, модар метавонад ба онҳо дуруст ғамхорӣ намуда, тарбияи хуб диҳад. Кӯтоҳ будани фосилаи таваллуд (1-2 сол) метавонад ба вазъи саломатии зан таъсири бад расонад, ки ин, пеш аз ҳама, барои рӯҳану ҷисман солим ба воя расонидани фарзандон монеъ мегардад.

Баъзеҳо ақида доранд, ки банақшагирии аҳолӣ ҷавобгӯи манфиатҳои миллии мо нест, зеро аҳолии кишварамон кам аст ва боздоштани суръати афзоиши аҳолӣ ба нигоҳдошти миллат ва таъмини бехавфии мамлакат таъсири манфӣ мерасонад. Вале бояд дар назар дошт, ки банақшагирии оила ва ба танзим даровардани аҳолӣ ҳаргиз маънии кам кардани шумораи аҳолиро надорад.

Зеро сиёсати демографии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, ба дарозумрии аҳолӣ, паст кардани сатҳи фавт, зиёд шудани таваллуд, танзими муҳоҷирати дохилию берунӣ, беҳдошти саломатӣ, дастгирии иҷтимоии маъюбону ятимон, оилаҳои камбизоат, пирону барҷомондагон ва аҳолии ғайри қобили меҳнат нигаронида шудааст.

Суръати афзоиши аҳолӣ дар кишвари мо хеле зиёд аст. Масалан, агар шумораи хонандагон дар соли таҳсили 1990 –1991 дар ҷумҳурӣ 1 миллиону 293 ҳазор нафарро ташкил дода бошад, ин нишондиҳанда соли таҳсили 2014 –2015 наздик ба 1 миллиону 800 ҳазор нафар мерасад. Яъне, тӯли ин солҳо шумораи хонандагон беш аз 500 ҳазор нафар афзудааст.

Шумораи аҳолии Тоҷикистон имрӯз беш аз 8 миллион нафар аст. Суръати афзоиши аҳолӣ 2,2-2,5%-ро ташкил медиҳад. Яъне ҳар сол ба ҳисоби миёна 180200 ҳазор нафар таваллуд мешавад.

Агар суръати афзоиши аҳолии кишвар ба ҳамин минвол давом кардан гирад, соли 2020 аҳолии Тоҷикистон ба 9 миллион нафар хоҳад расид.

Зиёда аз 70 фоизи аҳолии кишвар дар деҳот зиндагӣ мекунанд. Аз ин рӯ фоизи баланди афзоиши аҳолӣ ба деҳот рост меояд.

Оила дар ҳимояи давлат аст ва давлат барои солимии он ғамхорӣ менамояд. Расонидани ёрии моддӣ ба оилаҳои серфарзанд дар тарбияи кӯдак то синни 3-солагӣ, табобати ройгон ва таъмин бо дорую дармон ва ғайраҳо, ки дар қонуну санадҳои ҷумҳуриамон пешбинӣ шудаанд, далелҳои диққату эътибор ва ғамхории давлат мебошанд. Давлат манфиатдор аст, ки насли имрӯза – наврасону ҷавонон чун созандагони ҷомеаи оянда ашхоси солиму баркамол ва ҳаматарафа инкишофёфта ба камол расанд.

Тарбия дар сурате муваффақият пайдо мекунад, ки он ба сиёсати иҷтимоӣ такя кунад. Зеро таъминоти моддӣ, рӯҳияи солими маънавӣ, дараҷаи баланди маърифати одамон ба мустаҳкам гардидани оила мусоидат мекунад.

Ҳамин тавр, давлат дар масъалаи бунёди оила, мустаҳкамшавии он, тарбияи фарзандони солиму соҳибмаърифат доимо ғамхорӣ карда, ҳуқуқҳои онҳоро муҳофизат менамояд.

Қабл аз қадам гузоштан ба ҳаёти оиладорӣ ҷавонписару ҷавондухтар бояд инсони баркамол бошанд, то ин ки масъалаҳои муҳимми зиндагиро мустақилона ҳал карда, масъулияти хешро дар ҳалли масъалаҳои мураккаб ва оқибатҳои он андеша намоянд. Вазъи оила, шароити моддӣ ва маънавии он ба ҳаёти ҷамъиятӣ, иқтисодӣ ва сиёсии давлат таъсири бевосита мерасонад.

Саволҳо

  1. Сиёсати демографӣ гуфта чиро мефаҳмед?
  2. Чаро бояд оила ба танзим дароварда шавад?
  3. Мақсад аз банақшагирии оила дар чист?
  4. Оё таваллуди зиёд ба организми занон таъсири манфӣ дорад?
  5. Чаро бояд фосилаи таваллуд риоя карда шавад?
  6. Афзоиши аҳолӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна аст?
  7. Нуфуси аҳолӣ дар кадом мамлакатҳо бештар аст?
ҚаблӣХунравии дохилӣ
БаъдӣВИЧ / СПИД. Бемориҳои сирояткунандаи ҷинсӣ ва роҳҳои пешгирии онҳо