Таърихи “Рохи Абрешим”

Ҷумҳурии Тоҷикистон мамла-кати куҳсор аст, ва барои ташкилу сохтани маркази логистикӣ шароити мусоид  дорад. Пеш аз ҳама дар ҷумҳуримаон мо бояд “Роҳи Абрешим” ки дар замони қадим аз мамлакати мо низ мегузашт, барқарор созем. Маҳз барои ҳамин пеш аз ҳама бояд роҳҳои нави автомобилӣ, ки моро ба роҳи пешин мепайвандад сохта ба истифода диҳем.

Таърихи “Роҳи Абрешим”

Ибтидои сохтани “Роҳи Абрешим”-и бузург дар асри II-пеш аз милод рост меояд. Вақте ки ҷӯянда хитойи Чжан Сзян бори аввал барои мардуми хитойӣ тарафи ғарбии Осиёи Марказиро кушода дод. Маҳз бо кори кардаи ӯ ду роҳи бузургтарини он давра пайваст карда шуданд. Роҳи якум ин тарафи ғарбро яъне баҳри миёназаминро бо Осиёи миёна миёна мепайвандид. Дуюми бошад, қисми шарқро яъне Империяи Ханро бо Осиёи Миёна мепайвандид, ки ин минтақа аз тарафи шимол ба ҷануб тариқи Даван, Кангюй, Суғд ва Бактрӣ мегузашт.

Барои пайваст кардани ин ду шоҳроҳҳо- қисми ғарбӣ ва шарқи дур, халқи Осиёи Миёна роли муҳимеро иҷро карданд, ки худи мардуми ҳамин минтақа роҳнишондиҳандаи ҳам ба тарафи ғарб ва тарафи шарқ буданд. Баъди гузашти якчанд вақт “Роҳи Абрешим” барои корвонҳои тиҷоратӣ ва сафоратчиёни мамлакатҳои гуногун роҳи асосӣ ва бехатар ба ҳисоб мерафт, маҳз барои ҳамин ҳамаи корвонҳо аз ин роҳ истифода мебурданд.

Номи “Роҳи Абрешим” бо номи маҳсулоти қимматбаҳои мамлакатҳои Ғарби он давра, ки “абрешим” буд алоқаманд карда шудааст. Дар охири асри 2 п.а.м абрешим ду тарафро – Шарқу Ғарбро бо ҳам пайваст, ки ин роҳи якуми байнидавлатӣ дар тақдири инсоният буд.

Роҳи Абрешим ба иқтисодиёти маҳаллҳои Суғд таъсири мусбии худро мерасонд. Аз вақти пайдоиши ин роҳ иқтисодиёти Суғд ривоҷ ёфта, мардумонаш низ маҳсулотҳои худро таввасути ҳамин роҳ ба мамлакатҳои шарқи дур равон мекарданд. Харитаи Роҳи Абрешим дар расми дар поён оварда шуда нишон дода шудааст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
Расми 3.1. Харитаи Роҳи Абрешим.
Расми 3.1. Харитаи Роҳи Абрешим.

Новобаста аз шарту шароити табиат, бисёр роҳҳо аз ноҳияҳои шимолии Осиёи Миёна ва шарқи Туркистон аз миёни ағбаҳои Помир ба Кашмир ва бадтар ба ҷануби Ҳиндустон мегузашт. Масофаи байни роҳҳои гуногун чунин қадар буданд: байни қитъаҳо то 10 ҳазор километр, дар дохили қитъаҳо якчанд ҳазор километр, дар маҳаллҳо даҳҳо километр, дар пайрачаҳо аз садҳо метр то якчанд километрро ташкил медиҳад.

ҚаблӣИмкониятҳои Тоҷикистон нисбати ташкили марказҳои логистикӣ
БаъдӣКоркарди чойгиркунии маркази логистики дар Тоҷикистон