Таърихи фанни зоология

Зоология яке аз фанҳои қадимтарин аст. Инсон ба олами ҳайвонот аз давраҳои хеле қадим, ҳанӯз то пайдоиши хат, ки дар илм асри санг (палеолит) меноманд, алоқа дошт. Одамон ҳайвонотро, аз ҷумла мамонт, гавазн, каркадан, бизон, хирс, уқоб ва ғайраҳоро шикор мекарданд ва кӯшиш менамуданд, ки онҳоро ром кунанд. Далели ин дар тахтасангҳо тасвир ёфтани расми ин ҳайвонҳо мебошад.

Одамон ҳайвоноти заҳрдорро аз безаҳр фарқ карда, ба онҳо ном гузошта, муҳофизат мекарданд. Баъдтар, қариб 10-12 ҳазор сол пеш инсон бо мақсадҳои гуногун ба хонагӣ кардани ҳайвоноти ёбоӣ оғоз кард, ки соҳаи нави хоҷагӣ – чорводорӣ ба вуҷуд омад. Масалан, дар давоми таърихи инсоният 60 намуди ширхӯрон, 1012 намуди паранда, 5 намуди ҳашарот (занбӯри асал, шапалаки дарахти тут, заранг, кашенили мексикоӣ, кирми лакдиҳанда) хонагӣ карда шудаанд.

Дар Ҳиндустон, Чин, Арабистон ва дигар мамлакатҳои Шарқ дар бораи ин ё он намуди ҳайвонот асарҳо менавиштанд, акси онҳоро дар тахтасангҳо ва  деворҳо тасвир менамуданд. Дар замони ҳозира ҳам хонагӣ кардани ҳайвоноти ёбоӣ идома дорад. Дар Қазоқистон аз дурагакунии  гӯсфанди маҳинпашм бо гӯсфанди ёбоии архар – гӯсфанди қазоқии архармеринос ба вуҷуд оварда шуд. Яке аз маконҳои хонагӣ кардани бисёр намудҳои ҳайвонот Осиёи Марказӣ буд. Аспи намуди шарқӣ, гӯсфанд, буз, кабӯтар ва ғайраҳо дар ҳамин ҷо хонагӣ карда шудаанд. Одамон ба ғайр аз хонагӣ кардани ҳайвонот кӯшиш мекарданд, ки дар бораи намудҳои гуногуни ҳайвоноти муҳити атрофашон ҳарчӣ зиёдтар маълумот дошта бошанд. Вале кӯшишҳои онҳо дар бораи фаҳмидани олами ҳайвонот хусусияти тасвирӣ ва ҷустуҷӯйӣ доштанд.

Асосгузори зоологияи илмӣ, ки ӯро баъзан падари фанни зоология ҳам меноманд, олими бузурги Юнони қадим Арасту (Аристотел) аст (расм).

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
Арасту (384-322 то милод)

Арасту тахминан 500 намуди ҳайвонотро омӯхта, онҳоро ба ду гурӯҳ ҷудо кард: ҳайвоноти хундор ва бехун. Ба гурӯҳи аввал ҳамаи ҳайвоноти сутунмуҳрадор ва ба гурӯҳи дуюм ҳайвоноти бесутунмуҳраро дохил кард. Арасту дар асараш «Таърихи ҳайвонот» оид ба сохти ҳайвонот, фарқи ҷинсӣ, афзоиш, ҷойи зист, рафтор, пӯстпартоӣ, таркиби ғизо ва ғайра маълумоти муфассал додааст. Минбаъд омӯзиши олами ҳайвоноти дунё бо суръати тез пеш рафт. Масалан, агар дар замони Арасту (асри IV то милод) тақрибан 500 намуди ҳайвонот маълум бошад, ҳоло шумораи онҳо зиёда аз 2 млн аст. Ба ғайр аз ин, агар дар асри XVIII ҳамагӣ чор типи олами ҳайвонот маълум буд, ҳоло шумораи типҳои олами ҳайвонот ба 24 адад мерасад.

Дар асрҳои IX-X бошад, Абӯалӣ ибни Сино дар асарҳояш оид ба олами ҳайвонот маълумоти зиёд овардааст.

Абӯалӣ ибни Сино (980-1037)

Абӯалӣ ибни Сино барангезанда ва паҳнкунандаи бисёр касалиҳои сирояткунандаи инсонро ба ҳайвон ва махсусан, ба ҳашароти хунмак вобаста мекард. Ҳамин ақидаи Ибни Синоро баъди 1000 сол дар асри XX олими рус Е.Н. Павловский исбот карда, ба мукофоти олии давлатӣ сазовор шуд ва номи ин олим машҳури ҷаҳон гардид.

Баробари тараққиёти фанни зоология дар мамлакатҳои пешрафтаи дунё, дар Тоҷикистон низ  ин фан мавриди таваҷҷуҳи олимон қарор гирифт. Тоҷикистон бо олами бойи ҳайвонот ва хусусиятҳои махсуси ҷуғрофиаш дар ҷаҳон маълум аст. Ҳанӯз дар нимаи аввали асри XIX як гурӯҳ олимони рус ва Аврупо барои омӯхтани олами ҳайвоноти Тоҷикистон кӯшишҳои зиёд карданд, аммо тадқиқоти онҳо хусусияти тасвирӣ ва мавсимӣ дошт. Омӯзиши амиқи олами ҳайвоноти ҷумҳурӣ, асосан, аз соли 1928 сар шуд. Дар соҳаи омӯхтани он хизмати олимони зоологи ватанамон  хеле калон аст.

Соли 1929 дар Душанбе Институти тропикӣ ва дар як қатор ноҳияҳои ҷумҳурӣ стансияҳои мубориза ба муқо били вараҷа, соли 1932 бошад, стансияи паразитологӣ таш кил карда шуд. Он замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон касалиҳои сирояткунанда, аз қабили вараҷа, лейшманиоз (калазар, захми шарқӣ ё пендинка), бемориҳои кирмҳои паразитӣ хеле авҷ гир ифта буд. Соли 1941 дар Душанбе Институти зоология ва паразитология ташкил ёфт. Саҳми олимони ин даргоҳи илм ва олимони кафедраҳои зоологияи муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ дар омӯзиши олами ҳайвоноти ватанамон хеле бузург мебошад. Дар ин радиф М. Нарзиқулов, И. Абдусаломов, А. Қодиров, И. Лопатин, С. Муҳиддинов, А. Саидов, Ш. Баротов, Т. Сатторов, З. Иззатуллоев ва бисёр дигаронро номбар кардан мумкин аст. Олимони ватанӣ садҳо намудҳои барои илм нави ҳайвонотро кашф кардаанд. Диққати олимон, пеш аз ҳама, ба он равона гардида буд, ки дар навбати аввал намудҳое омӯхта шаванд, ки онҳо ба инсон ва дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ фоида ё зарар меоваранд. Натиҷаи ҳамин буд, ки дар як муддати начандон тӯлонӣ паҳнкунанда ва ангезандаи бисёр бемориҳо, аз ҷумла касалиҳои чорвои хонагӣ, ҷонварони зараррасон ва фоидарасони зироатҳои мухталифи кишоварзӣ ва роҳҳои мубориза ба муқобили онҳоро муайян карданд.


Саволҳо

  1. Аз таърихи олами хайвоноти дунё ва Точикистон чиро медонед?
  2. Хонаги кардани хайвонот ба одам чи нафъ дорад?
  3. Инсон чанд намуди хайвонотро хонаги кардааст?
ҚаблӣЗоология – илм дар бораи ҳайвонот
БаъдӣГуногунии олами ҳайвонот