Таърихи сиёсӣ – асрҳои XVI – XX (16-20). Дар охирҳои асри XV ва ибтидои асри XVI узбекҳои саҳронишин бо сардории Муҳаммад Шайбонихон Мовароуннахри Марказӣ ва андаке баъдтар тамоми қисмати боқимондаи давлати Темуриёнро забт намуданд. Давлат ва сулолаи нав бо номи таъсискунандаи худ Шайбонӣ машҳур гардид.
Баъди вафоти охирин хони Шайбониён Абдуллохон муборизаҳои дарборӣ барои ба даст даровардани ҳокимият хеле авҷ гирифт. Давлатҳои ҳамсоя аз ин нооромиҳо ва зиддиятҳо истифода бурда, ба истилои қисматҳои алоҳидаи Осиёи Миёна шурӯъ намуданд. Як қисми сарзамини Осиёи Миёна (Хуросон, Хоразм ва Тошканд) аз тарафи эрониён, хивагиҳо ва қазоқҳо забт гардид. Аз ин ру, аъёну ашроф ба тахт Ҷонимуҳаммадро шинониданд, ки аз авлоди ҳокимони собиқи Астрахан буд.
Сулолаи наве, ки ба ҷои Шайбониён ба тахт нишасг ба худ номи Ҷониён ва ё Аштархониёиро гирифт. Дар даврае, ки давлати Аштархониён хеле сусту заиф гашт тахти шоҳиро дар Эрон Нодиршоҳи Афшор соҳиб мегардад. Ӯ давлати худро мустаҳкам намуда, соли 1740 ба Мовароуннаҳр ҳуҷум мекунад. Абулфайзхон, ки сарварии давлати Аштархониёнро ба ӯҳда дошт ҳамроҳи дарбориёнаш ба пешвози Нодиршоҳ мебароянд. Нодиршоҳ тоҷу тахти Абулфайзхонро нигоҳ дошт, вале дар амал ҳокимиятро ба дасти намоявдагони қабилаи дигари турк Манғитиён дод.
Мухаммад Раҳими манғит, ки ба сари ҳокимият оварда шуд исёнҳоро дар дохили давлат пахш намуда, соли 1747 Абдулфайзхонро бо фарзандонаш ба қатл расонида, асосгузори сулолаи нав сулолаи Манғигиён гардид. Ин сулола то сентябри соли 1920 ҳукмронӣ кардааст, ки намояндаи охирини он амир Саид Олимхон буд.