Таърихи сиёсӣ (дар давраи Темуриён)

Дар ин мақола таърихии сиёсии давраи хукмронии Темуриён оварда мешаванд. >>

Хонҳои муғул батадриҷ дини исломро қабул карда, дар атрофи худ намояндагони уламою тоҷирони тоҷикиаслро ҷамъ мекарданд. Ба ин восита онҳо мехостанд, ки ҳокимияти марказии худро мустаҳкамтар намоянд. Чунин рафтори онҳо норозигии пешвоёни қабилаҳои муғул ва туркро ба вуҷуд меовард. Ин буд, ки дар нимаи аввали асри XIV дар улуси Чағатой, яъне Мовароуннаҳр муборизаи байни хонҳо ва аъёну ашрофи қабилаҳои муғулу турку туркшуда авҷ гирифг. Дар натиҷаи ин мубориза пешвоёни қабилаҳои турк нуфузи зиёдтар пайдо на­муданд ва ҳокимияти хонӣ бисёр заиф гардид.

Дар нимаи дуюми асри XIV ба саҳнаи сиёсати Мовароуннаҳр писари беки қабилаи барлос Темур меояд. Те­мур дар натиҷаи ҷунбиши Сарбадорони Самарқанд бо ҳиллаю найранг ба ҳокимият соҳиб мешавад. Ӯ ҷунбиши хеле бузурги Сарбадорони Самарқандро дарҳам шикаста, сипас ба мубори­заи зидди феодалони маҳаллие, ки майли мустақилшавӣ дош­танд шуруъ менамояд. Гурӯҳи бонуфузи аҳолии шаҳр тоҷирон ва нешавароии сарватманд, ки дар заиф шудани иқтидори мулкдорони бузург ва барҳам хурдани ҷангу низоъҳои дохилӣ манфиатдор буданд, аз фаъолияти Темур дар амри марказият додани давлат пуштибонӣ мекарданд. Темур ба руҳониён бисёр имтиёзҳои иқтисодӣ дода, онҳоро низ ба тарафи худ кашид. Вай ба воситаи ташкил намудани лашкаркашиҳои ғоратгарона ба кишварҳои ҳамсоя ва ба вуҷуд овардани имконияти ба осонӣ соҳиби сарват шудан иштиҳои мулкдорони хурди феодалиро ба вуҷуд оварда, аз пуштибонии онҳо бархурдор гардид.

Темур ба кишваркушоии 35-солаи худ оғоз намуда, ҳокимияти худро қабл аз ҳама, дар поинҳои ҷараёни дарёи Сир мустаҳкам намуд, ки дар он вақт дар ин ҷо ҳукумати хонии Оқ Ӯрда мавҷуд буд. Ӯ ба ихтилофи дохилисулолавии Оқ Ӯрда мудохила карда, Тухтамишхонро, ки яке аз муддаиёни тоҷу тахт буд ҳимоя намуд. Тухтамишхон баъдҳо бо кумаки Темур ҳукумати Олтин Ӯрдаро низ ба даст даровард.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Дар соли 1372 амир Темур Хоразмро забт намуд, вале дар Хоразм панҷ маротиба шуриши мардуми cap зад ва соли 1388 Темур ба он ҷо ҳамла оварда, пойтахти Хоразм шаҳри Урганҷро, ки яке аз роҳҳои асосии тиҷорати байни Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Миёна буд ба хок яксон намуд. Сокинони Ӯрганҷ ба Самарқанд кучонида шуданд ва дар вайронан шаҳри собиқ бо фармони Темур ҷав кошта шуд. Танҳо дар соли 1391 Темур ба дубора барқарор кардани шаҳри Урганҷ рухсат дод.

Аз соли 1388 амир Темур ба муборизаи шадид ва давомнок бар зидди Тухтамишхон cap кард. Вай дар соли 1392 ба хоки Кавказ ҳуҷум оварда, Арманистон ва Гурҷистонро ғорат ва мутеъ намуд. Дар соли 1395 ба қувваи ҳарбии Тухтамишхон зарбаи ҳалокатовар зада, бақияи лашкари ӯро таъқибкунон то ба хоки давлати рус дохил гардид ва то маҳалли Ельц расид. Дере нагузашта, Темур пойтахги Олтин Ӯрда шаҳри Саройро, ки дар соҳили дарёи Волга воқеъ гардида буд забт ва хароб намуда, бо хамин ба давлати Олтин Ӯрда зарбаи қатъӣ зад. Ин зарба озодшавии русро аз зулму ситами муғулҳо осон намуд.

Темур бо ӯрдуҳои ғоратгари худ марказҳои маданиро ха­роб намуда, дар айни замон барои ободии вилоятҳои Осиёи Миёна, ки асоси иқтидори давлати ӯро ташкил медоданд кушиши зиёде ба харҷ дод. Бо амри ӯ дар ин маҳалҳо корҳои обёрӣ ва роҳсозӣ хеле вусъат дода шуд. Темур аз Байнаннаҳрайн, Осиёи Сағир, Эрон ва Ҳиндустон гурӯҳ-гурӯҳ устоҳо, аҳли илм ва санъатро асир намуда, ба Мовароуннаҳр меовард. Қисми зиёди пешавару ҳунармандон, ходимопи илм ва санъат дар пойтахти давлати темурӣ шаҳри Самарқанд ҷамъ оварда шуда буданд. Ин буд, ки шаҳри Самарқанд дар ин давра хеле ободу зебо гардид.

Темур кушиш менамуд, ки роҳҳои тиҷоратии Шарқу Ғарб дубора ба воситаи Мовароуннаҳр сурат гирад. Бинобар ин ӯ шаҳрҳои асосии Олтип-Ӯрда-Сарой ва Урганҷро, ки Шарқу Ғарбро бо ҳам мепайвастанд ба харобазор табдил дод.

Пас аз он, ки Темур Эронро истило намуд, то андозае ба дубора барқарор кардани роҳи тиҷоратии ҷаҳонӣ дар Мовароуннаҳр муваффақ гардид. Акнун бозургонон аз Эрон ба Султония омада, аз он ҷо ба воситаи Ҳироту Балх ба Самарқанд ва сипас ба воситаи Тароз ба Муғулистон мерафтанд.

Фарҳанги халқи тоҷик дар давраи ҳукмронии муғулҳо

ҚаблӣЧашни Сада – Иди Сада
БаъдӣАндешахои Абуабдуллохи Рудаки