Тарҷумаи ҳол (Зиндагинома, Автобиография)

Тарҷумаи ҳол (баъзан шарҳи ҳол, ҳолнома, зиндагинома ҳам мегӯянд) санад — маълумотномаест, дар бораи ҳаёт, ҳолу аҳволи ин ё он шахе, ки аз тарафи худи ӯ навишта мешавад. Ин санад ба мисли баъзе ҳуҷҷатҳо қолабӣ нест. Он дар шакли дастнавис таҳия мешавад. Дар ин ҳуҷҷат тартиби замонии маълумот бояд риоя гардад. Ҳангоми навишти шарҳи ҳол ҷузъҳои зерин ба инобат гирифта мешаванд: ному насаб, таърихи таваллуд, таҳсил дар мактаби миёна ва олӣ, шуғл, ҷоизаҳо (агар дошта бошад), ширкат дар умури иҷтимоӣ, маълумот дар бораи падару модар (ному насаб ва макони зист, касбу кор), вазъи хонавода ва таркиби он, нишонии ҷойи зист, таърихи таҳияи санад, имзои муаллиф.

Тарҷумаи ҳол одатан ҳангоми ба ягон муассиса ба кор дохил шудан навишта мешавад.


Намуна:

Тарҷумаи ҳол

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ман, Саъдуллоев Саидакрам Ёдгорович, 31 ноябри соли 1998 дар деҳаи Шулмаки ноҳияи Рашт дар оилаи деҳқон таваллуд шудаам. Соли 2016 таҳсилро дар мактаби миёнаи №80 ба охир расонида, барои идомаи таҳсил ба шаҳри Душанбе омадам. Соли 2016 ба факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, шуъбаи муносибатҳои байналхалқӣ дохил шудам. Соли 2020 таҳсилро дар ДМТ бо дипломи аъло ба анҷом расонидам.

Падарам: Саъдуллоев Ёдгор Бозорович, соли таваллудаш 1971, коргар, сокини деҳаи Шулмаки ноҳияи Рашт.

Модарам: Каримова Гулнисо Ҳокимовна, соли таваллудаш 1975, хонашин, сокини деҳаи Шулмаки нохияи Рашт.

Дар оилаи мо инчунин бародаронам Аҳрор (соли таваллудаш 1996) ва Саттор (соли таваллудаш 1999) зиндагӣ доранд.

Нишонӣ: шаҳри Душанбе, кучаи Рудакӣ 16, хонаи 35.

Имзо /                 / Саъдуллоев С.Ё.

24 августи соли 2020.


Намунаи тарчумаи хол, тарзи навиштани тарчумаи хол, зиндагиномаро чи тавр нависем, шархи хол, автобиография на таджикском языке, бо забони точики, тарчумаи хол точики, намунаи тарчумаи хол, тархи навишти тарчумаи хол, намуна, тарзи дурусти навиштани тарчумаи хол.

ҚаблӣНамунаи Дархост
БаъдӣТарзи навиштани Забонхат (Расписка)