Тарзҳои таҳлил ва шарҳи маълумотҳо, ҳосил намудани ҷамъбасту хулоса ва тавсияҳои аз ҷиҳати эмпирикӣ асосноккардашуда

Тарзхои тахлил ва шархи маълумотхо, хосил намудани чамъбасту хулоса ва тавсияхои аз чихати эмпирики асосноккардашуда.


Марҳилаи ниҳоии тадқиқоти эмпирикии сотсиологиро коркард, таҳлил ва шарҳи маълумотҳо, ҳосил намудани ҷамъбасту хулоса ва тавсияҳои аз ҷиҳати эмпирикӣ асоснок ташкил менамояд.

Коркарди маълумотҳо ҷузъиёти зеринро дарбар мегирад: 1) Таҳрирнамоӣ ва рамзгузории маълумот. Мақсад аз ин иқдом аз ба шакли ягона даровардани маълумоти дар раванди тадқиқот гирифташуда иборат мебошад. 2) Воридсозии тағйирот. Маълумоти дар асоси анкета ҷамъовардашуда дар баъзе ҳолатҳо ба саволҳое, ки дар тадқиқот бояд ҳалли худро ёбанд, бевосита ҷавоб медиҳанд.Чун саволҳо шакли ишораткунандаҳоро (индикатор)-ро дар раванди гузаронидани амалиёти тадқиқотӣ гирифта буданд, акнун зарур аст, ки раванди баръакс бояд сурат гирад, яъне маълумотҳоро ба шакле бояд даровард, ки ба саволҳои тадқиқот ҷавобгӯ бошад. 3) Таҳлили оморӣ. Ин иқдом дар раванди таҳлили маълумотҳои сотсиологӣ иқдоми калидӣ ба ҳисоб меравад. Дар рафти таҳлили оморӣ баъзе вобастагиҳою қонуниятҳои оморӣ ошкор мегарданд, ки онҳо ба сотсиолог имкон медиҳанд, ки маълумотҳоро ҷамъбаст намуда, хулосаҳои муайян ба даст оварад. Барои гузаронидани таҳлили оморӣ сотсиологҳо миқдори зиёди усулҳои математикии гуногунро истифода мебаранд, ки барои пурра ва ҳаматарафа таҳлил намудани маълумоти ҷамъовардашуда имкон медиҳанд. Бо ин мақсад дар сотсиологияи муосир МҲЭ (ЭВМ), ки бо барномаҳои коркарди математикӣ-оморӣ мукаммал сохта шудаанд, фаъолона истифода бурда мешаванд.

Вобаста ба усулҳои гирифтани маълумоти аввалия истифодаи усулҳои мухталифи коркарду таҳлили маълумотҳо имконпазир мебошад. Агар сотсиолог қисми муайяни ахборро аз ҳуҷҷатҳо ба даст орад, пас вай ду усули асосии таҳлили ҳуҷҷатҳо: ғайрирасмӣ (анъанавӣ) ва расмӣ (контент – анализ) – ро истифода мебарад. Таҳлили анъанавӣ ба идрок, фаҳмиш, маънидодсозӣ ва шарҳи мундариҷаи ҳуҷҷатҳо вобаста ба мақсади тадқиқот асос меёбад.Таҳлили расмии ҳуҷҷатҳо (контентанализ—таҳлили мундариҷа) зимни ба дастоварии маълумотҳои сотсиологӣ аз шумораи зиёди ҳуҷҷатҳое, ки ба таҳлили ҳадсии анъанавӣ дастрас нестанд, истифода бурда мешавад. Вай ба ошкор намудани баъзе нишондодҳои омории миқдории матнҳо (ё хабарҳо) асос меёбад. Дар ин ҳолат тахмин карда мешавад, ки нишондодҳои миқдории мундариҷаи ҳуҷҷатҳо баъзе ҷанбаҳои муҳими ҳодисаю равандҳои иҷтимоии омӯхташавандаро инъикос менамоянд.

Таҳлили расмии ҳуҷҷатҳо ба стандартикунонии рафти ҷустуҷӯ, дар мундариҷаи ҳуҷҷат муайян намудани воҳидҳои ҳисоб, ки метавонанд калимаҳои алоҳида (истилоҳот, номҳои ҷуғрофӣ, номҳои кормандони сиёсӣ ва ғ.), ҳукмҳое, ки дар шакли ҷумла, сархат, порчаҳои матн ва ғ., инчунин навъҳои гуногуни нашрияҳо (аз рӯи жанрҳо, навъи муаллифон, мавзӯъҳо ва ғ.) бошанд, асос ёфтааст. Воҳидҳои ҳисоб вобаста ба мақсадҳои тадқиқотҳои сотсиологӣ муайян мегарданд.

Зимни коркард ва таҳлили маълумотҳое, ки бо усули пурсиш ба даст оварда шудаанд, усулҳои аз рӯи аҳамият ба тартибдарорӣ (ранжирование), дар ҷадвал даровардан (шкалирование), иртиботи мутақобила(корреляция) ва ғ. васеъ истифода мегарданд. Аз рӯи аҳамият ба тартибдарорӣ – ин раванди муқаррар намудани аҳамиятнокии (бартариятнокӣ) нисбии объектҳои тадқиқшаванда зимни тартиби муайян ҷобаҷогузории онҳост. Дараҷа ин нишондодест, ки мақоми тартибии объекти баҳогузоришавандаро дар гурӯҳ, ва дигар объектҳои барои баҳогузорӣ аз хосияти муҳим бархӯрдорро тавсиф менамояд. Барои ҳар як объект ҷамъи дараҷаҳоеро, ки аз тамоми экспертҳо гирифтаанд, ҳисоб карда мебароянд ва баъдан онҳоро ба тартиб медароранд. Дараҷаи1-ро ба объекте нисбат медиҳанд, ки маҷмӯи камтаринро ба даст оварда бошад. Дарачаи аз ҳама пастро ба объекте, ки маҷмӯи зиёдтаринро ба даст оварда бошад, мансуб медонанд. Аз рӯи аҳамият батартибдарорӣ, чун қоида бо дигар усулҳои баҳоҳои экспертӣ мукаммал карда мешавад.

Тадқиқоти эмпирикии сотсиологӣ бо хулосанамоию пешниҳоди таклифу тавсияҳо ба анҷом мерасад. Хулосаю таклиф ва тавсияҳо бояд мушаххасу воқеӣ буда, дар маводҳои тадқиқот асосҳои зарурӣ дошта бошанд ва бо маълумотҳои оморию маълумоти ҳуҷҷатҳо тасдиқ гарданд.


Мавзӯи пурра » Мавзӯи 8. Усулҳои тадқиқотҳои эмпирикии сотсиологӣ

ҚаблӣУсулҳои ҷамъоварии маълумоти иҷтимоӣ
БаъдӣСаволҳои тестӣ аз фанни Сотсиология